Зикриё Акрамов

Зикриё Акрамов, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон

Зикриё Акрамов 2-юми июли соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Соли 1978 мактаби миёнаи №66 шаҳри Душанберо хатм намуда, ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд.

Фаъолияти кориашро дар вазифаи муаллими кафедраи таърихи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва иқтисоди сиёсӣ дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон оғоз мекунад. Солҳои 1986-1988 ба сифати котиби комитети комсомолии Донишкадаи мазкур адои вазифа намудааст.

Соли 1988 ба аспирантураи рӯзонаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъд аз хатми аспирантура ва дифои рисолаи номзадӣ соли 1990 ба кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба номи В.И.Ленин ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор даъват шуд. Дар ин кафедра то соли 2011 ба сифати асистент, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети таърих ва профессор кор кардааст.

Соли 2000-ум рисолаи докториро дар масоили хусусиятҳои миллии ташаккули синфи коргари Тоҷикистон дифоъ намуда, ба унвони доктори илмҳои таърих мушарраф шудааст.

Аз соли 2001 то соли 2005 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба ҳайси дотсент ва профессори кафедраи таърихи Ватанӣ фаъолияти илмӣ-омӯзгории худро идома додааст.

Аз январи соли 2005 то декабри соли 2008 вазифаи декании факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Аз моҳи майи соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии Институти илмӣ-таҳқиқотии ДМТ кор мекард.

Дар давоми фаъолияти беш аз 29-солаи худ дар соҳаи маориф зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, методӣ ва инчунин 4 монография чоп намудааст.

Аз 20-уми апрели соли 2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуд.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?