Зебуниссо Рустамова

Дар ҳар анҷуман ва ё маҳфилу маъракаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон вожаи "зебунисо" зикр карда шавад, он гоҳ, ҳатман, симои Зебунисое пеши назар ҷилвагар мешавад, ки бо корномаҳои пурифтихораш шуҳратёр шуд. 

Зебунисо Рустамова на ба мисли Зебунисо Деҳлавӣ, духтари Аврангзеб - подшоҳи Гуркони ҳинд - шоирона шуҳратёр шуд, балки бо корномаҳояш рустамона номвар гардид.

Акнун ҳар бор, ки аз комёбиҳои варзишии Тоҷикистон сӯҳбат ба миён меояд, номи Зебунисо Рустамоваро мешунавем ва чӣ басо, ки  навзодони дигаре ба юмни вуҷуди ӯ Зебунисо ном гирифтаанд. 

Чун ӯ танҳо занест, ки унвони “Қаҳрамони ҷаҳон”-ро барои Тоҷикистон ба армуғон овард. Дар даврони Шӯравӣ Зебунисо Рустамоваро ба Гурдофариди “Шоҳнома” ва омозун (амазонка)-ҳои Осиёи Сағири бостон (ҷанговарони зан) монанд мекарданд ва Зебунисо дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ номе ошно буд.

Зебунисо Рустамова 29-уми январи соли 1955, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. 

Замоне, ки понздаҳ сол (1970) дошт, ба тими камондорони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст.

Дар Донишгоҳи тарбияти муаллим (омӯзгорӣ) ва Муассисаи тарбияти бадани Тоҷикистон таҳсил кард. Аммо дар соли 1975, вақте ки ҳамагӣ 20-сола буд, шуҳрати ҷаҳонгир суроғаш омад ва дар Мусобиқаи ҷаҳонии камондории занон қаҳрамон шуд.

Дар соли 1976 дар Бозиҳои олимпӣ - Монреал медали брунзро ба худаш ихтисос дод. Мегӯяд, ки «боди шадид маҷол намедод, ки бо пайконаш дурусту дақиқ нишона равад».

Аммо пас аз он комёбиҳои бештаре насибаш шуд ва бар теъдоди медалҳои тиллову нуқрааш аз мусобиқоти байнулмилалӣ афзудан гирифт. Аз ҷумла, дар ҳамон сол буд, ки ба дарёфти унвони «қаҳрамони Урупо» дар миёни занони камондор ноил шуд.

Ҳашт рекорди ҷаҳонӣ дар заминаи камондории занон ва понздаҳ унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» Зебунисо Рустамоваро дар зумраи маъруфтарин ва комгортарин варзишкорони шӯравӣ қарор дод.

Пас аз муваффақиятҳои пайиҳами Зебунисо, ки исми Тоҷикистонро намоён ва Иттиҳоди Шӯравиро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ маъруф гардонд, ӯ муддате масъулияти чанд корро бар ӯҳда гирифт:

Дар соли 1986 ҷонишини раиси Кумитаи варзиш ва тарбияи бадан дар ҷумҳурӣ  буд ва аз соли 1992 ба унвони раиси ин кумита таъин шуд.

Сар аз соли 2000-ум президенти Кумитаи олимпии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Пас аз соли 2000-ум Зебунисо Рустамвоа Созмони чамъиятии  худ бо номи «Маркази дастгирии занону кӯдакони ба номи З.Рустамова» ва як ташкилоти дигари «Маркази  камонварӣ ва солимгардонӣ»-ро дар шаҳри Хучанд созмон дод. Ин ду марказе ҳастанд, ки барои ҳамарӯза ва ҳатто рӯзҳои шанбеву гоҳе якшанбе даҳҳо нафар атфол ва ҷавонон ташриф меоваранд ва ба машқи бадан машғул мешаванд.

Марказҳое, ки ӯ созмон додааст, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим бештар нигаронида шудаанд.

Зебунисо Рустамова барои ду бор -  солҳои 2007-2012  раиси олимпичиёни Тоҷикистон интихоб шуда, ба наврасон ғояҳои олимпиро тарғиб менамояд. Баргузории чандин лагерҳои солимгардонӣ ибтикороти созмонҳои ӯянд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарки гояҳои олимпӣ миёни наврасону ояндасозони кишвар аст.

Тарзи ҳаёти солимро ташкил дод. Бисёре аз камондорони ҷавон аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Болотарин ҷоизаи мусобиқоти камондории Тоҷикистон номи Зебунисо Рустамоваро дорад ва камондорон ҳамасола барои дарёфти он ба рақобат мепардозанд.

Зебунисо Рустамова соҳиби ду писар аст ва ҳоло ҳамрохи Дилшод, писари дувумаш, дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад.

Copyright © 2015 TojNews