Зебо Аминзода

Бо омадани Зебо Аминзода  ба саҳнаи рақс  миёни ҳофизон, ки суруди «Рақси зеборо бубин!» месроиданд маъмул шуд. Ҳоло дар миёни сурудаҳои аксари сарояндаҳои Тоҷикистон метавон ин таронаро пайдо кард, ки ҳамагӣ аз кору корномаи Зебо мегӯянд. 

Ин тарона моли шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аст, ки таърихи тавлиди ин шеър ба таърихи таъсисёбии ансанбли рақсии «Зебо», дар Тоҷикистон рос меояд, ки таъсисдиҳандааш ҳам Зебо Аминзода аст. Шоири вақт Лоиқ аз тамошои рақси мавзуни “Зебо” гўё маст шуда ва айни  мастӣ шеъре рўи қоғаз омада, ки хеле ҳамнавову рамзӣ аз кору корномаҳои ин бонўи ҳунари тоҷик мегўяд:

Доманафшон, кокулафшон,

Гул ба кокул аз гулафшон.

Масти нозу масти саҳбо,

Чашмҳои шуху шаҳло.                                                                                                                                       

Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул, оҳи бубул сўбҳ дам,
Шавқи дилҳо шавқи дилҳоро бубин.

Ларзаи зулфони печон,
Ларзаи дил, ларзаи ҷон.
Меравад арғушт зебо,
Мезанад ангушт зебо.

Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул оҳи булбул сўбҳ дам,
Шавқи дилҳо шавқи дилҳоро бубин.

Печутоби сарву қомат,
Мекунад садҳо қиёмат.
Аз дили мо ғам рабояд,
Зиндагӣ ширин намояд.

Рақси «Зебо», рақси зеборо бубин,
Мавҷи дарё, мавҷи дарёро бубин.
Хандаи гул, оҳи бубул сўбҳ дам,
Шавқи дилҳо шавқи дилҳоро бубин.

То замоне, ки Зебо Аминзода ба майдони рақс биёяд, ҳанўз 19 сол (1967)  дошт. Ў дар озмуни байнулмилаллии  раққосони ҷавон ва донишҷўён, ки дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор гардид, иштирок карда бо иҷрои рақси дилрабояш доваронро ба ҳайрат гузошт ва медали тиллоро ба худ гирифт.

Ин ҳол  минбаъд бар авҷи шўҳраташ афзуд. Дар соли 1978 бо даъвати Ғоиб Қаландаров раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хонуми Аминзода ба Душанбе - пойтахти Тоҷикистон рафта ва ба таъсис як ансанбл ва ё гурўхӣ  рақсӣ машғул мешавад.

Ҳамагӣ пас аз чанд моҳ рақсҳои милли, клоссикӣ, бирмагӣ, озорбойҷонӣ ва афғонӣ, ки гуё ҳунармандони кишварҳое дар ин ансанбл мерақсанд, ба саҳна гнузошта мешавад.

19-уми майи соли 1979 барои нахустин бор рақсҳои «Зебо»  ба намоиш гузошта мешаванд, ки вуҷуди иштирокдорону тамошобинонро  ба  ларзиш овардаву дилҳоро тасхир намудааст.

 

 

То баргузида шудани исм бар ин ансанбл ва ё гурўҳи рақсӣ аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар райъ додаанд, ки «Зебо» номи гурўҳ шавад, зеро роҳбари даста Зебо, рақсҳояшон зебо, чеҳра ва ҳаракатҳояшон низ зебоянд.

Билофосила, бидуни баҳс гуруҳ «Зебо» номида мешавад.

«Зебо» дар кучактарин фурсат бо офаридани рақсҳои гуногуни мавзунаш дар чашм ва зеҳни тамошобин маъруфят пайдо кард. Ба вуҷудоии рақси «Эй санам»  аз сўи ансанбл як бори дигар ҳунар ва маҳоратии ҷаҳонии  Зебо Аминзодаро собит кард. Ба гуфтаи худи ў то замоне, ки ҳаракатҳои урупоиву миллии тоҷикӣ ба ҳам омезиш кунанд ва рақси «Эй санам» бар хости ў таҳия шавад заҳматҳое беш кашидааст.

Рўи саҳна омадани ин он таҳаввулоте дар олами рақсро ба вуҷуд овард. Юрий Лядов роҳбари мусиқии вақти «Гулшан», оҳангеро, ки барои офаридани «Эй санам»   дар ихтиёри Аминзода гузошта буд, битамом ба маҳорат ва ҳунарии ин бонўи тоҷик дар ҳайрат монд. Барои тамошои ин ва рақсҳои дигар гурўхи «Зебо»ро  борҳо ба кишварҳои хориҷ  назири  Ҳиндустон, Афғонистон ва Русиёву Љопон даъват менамуданд.
Тавре худи Зебо мегўяд,  «ҳаракатҳои мувофиқ ва самимӣ дар рақс шўъре дар зеҳни тамошобинро ба вуҷуд меоварад, ки василаи тарбият ва маърифатхоҳӣ буда метавонад. Мисле, ки мусиқии хуб, филми хуб, асари хуб, инчунин  рақси хуб низ инсонро муассир сохта ва тарбият  карда метавонад».

Зебо Аминзода дарки ин ҳама, ки рақс ҳаёти ўст ва ин чиз  мисле, ки аз шири модараш бар ў ба мерос гузаштааст. Ойдиной Усмонова (1928-2014) модари Зебо ва Каромат Зокироваи модаркалонаш ҳарду ҳунармандони мардумии Тоҷикистон будаанд. Гўё хонае, ки Зебо дар он ба камол расид  театр бо ҳамин  ҳунармандонаш буд.

Дар соли 1993 то замоне, ки  ба Маскав равад  вазифаи муовини сарвазири Шўрои вазирони Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. Он замон дар Маскав шабакаи байналмилалии телевизиони «Мир» таъсис ёфт ва худи Зебо ро ба сифати раиси Шўрои машваратии ин шабака ба кор интихоб намуданд. Ду сол дар ин мақом ифои вазифа кард ва баъдан  ба кори дигар гузашт. То соли 2012 Зебо Аминзода ҳамроҳ бо фарзандонаш дар Маскав боқӣ монд.

Аммо аз ин, ки  модараш Ойдинов Усмонова бознишаста шуд  Зебо хост қарзи фарзандиро ба иҷро расонад ва модарашро дар айёми пирӣ дар Хуҷанд танҳо нагузорад, балки дар оғушаш бошад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд то дами марги модараш Зебо  дар оғушаш буд. Омадни ў дар Хуҷандро дўсторони фарҳангу ҳунар дарёфтанд ва масъулияти таъсис додани гурўҳи рақсии ба номи «Зебо» дар устони Суғдро бар души Зебои 64 сола (1948)  вогузор намуданд.

Ў аз ин ки рақс ҳаёти ўст дар ин син хоҳиши ҳаводоронашро рад накард, балки дар соли 2012 барои эҳёи дастаи рақсиаш дар Хуҷанд озмун эълон кард ва ҳудуди 105 нафар духтароконро гирди ҳам овард.

Ҳоло гурўҳи рақси «Зебо Аминзода»-и вилояти Суғд таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи  рақсҳо машғул мебошад.

Ба вижа рақси «Эй санам» ҳам бори дигар бо заҳматҳои Зебо Аминзода рўи саҳна падид омад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?