Зайд Саид

Соҳибкори муваффақ, вале қурбонии  сиёсат. Онҳое, ки ӯро мешиносанд, бар онанд, ки агар Зайд Саид қасди таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар остонаи интихоботи президентиро намекард, ҳоло касе пайи ӯро намегирифт. Вале мақомот ҳизбашро ҷиддӣ гирифтанд ва ӯро ба иттиҳомоти сохта боздошту зиндонӣ намуда, худ нахоста, маҳбуси сиёсии № 1-и Тоҷикистон  карданд.

Зиндагиномаи мухтасари ӯ чунин аст. Саидов Зайд Шерович 20-уми марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нуқси модарзодӣ, бидуни як даст дида ба олам кушодааст. Соли 1976 мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Нурободро хатм кардааст.

Соли 1978 ба курси аввали факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ –банақшагирии саноат ба анҷом расондааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз моҳи августи соли 1983 бо оғози кор дар вазифаи иқтисодчии иттиҳодияи истеҳсолии “Ритуал”- и Вазорати хизмати маишӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуруъ шудааст. Аз моҳи июли соли 1984 то июни соли 1987 сармуҳандиси ин Иттиҳодия будааст.

Аз моҳи июни соли 1987 то моҳи августи соли 1988 сарварии корхонаи нонпазиву қаннодиро ба уҳда дошт. Аз августи соли 1988 то моҳи майи соли 1991 дар вазифаи сардори корхонаи коркарди санги Ассотсиатсияи душанбегии «Промстройматериал» ва аз моҳи июни соли 1991 то моҳи марти соли 1993 дар вазифаи директори корхонаи истеҳсолии “Лаъл”-и Ассотсиатсияи «Промстройматериал» кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли  1993 то июни соли 1999 директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Халиф” дар Маскав буда, аз муваффақтарин соҳибкорони бозори “Черкиз” маҳсуб меёфт.

Хизмати давлатӣ, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ  ва сиёсии ӯ низ назаррасанд. Инҳоро наметавон яке донист, вале ба назар мерасад кор дар чанд вазифаи давлатӣ пойи муддате аз сиёсат каноррафтаи ӯро дубора ба ин майдон кашидааст. Шояд зиёд дидаву шунидаҳояшро таҳлил кардааст ва ба хулосае омада, ки кишвар ба ҳизби наве ниёз дорад, ки на чун мухолифи ҳукумат, балки кӯмакрасон (ҳадафи аввал) саргарми таҳияи барномаҳои масоили сирф иқтисодиву иҷтимоӣ берун рафтан аз бунбастро таҳия ва барои қабулаш талош кунад.

Аз моҳи июни соли 1999 то январи соли 2002  Раиси кумитаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноат буд. Аз моҳи январи соли 2002 то 30 ноябри соли 2006 Вазири саноати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2007 то 2013 Федератсияи тениси рӯимизии Тоҷикистонро сарварӣ кард. Аз соли 2007 то 2013 Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва аз моҳи июни соли 2012 Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи бизнес ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зайд Саид ширкаткунандаи фаъоли раванди гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки барои ба даст омадани сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар, ки солҳои 90-и асри гузашта ба ҷанги дохилӣ печидаву тибқи арзёбиҳои гуногун аз 100 то 150 ҳазор нафар дар он қурбон шуда буданд, саҳми сазовор гузоштааст.

6-уми апрели соли 2013 вай ва гуруҳи таҳти сарпарастии ӯ аз қасди ташкили ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” бо мавзеъгириҳои марказгароёна ва муътадил хабар доданд.  Аммо бо гузашти як муддати кутоҳ Зайд Саидов аз ҷониби мақомот ба содир намудани як силсила ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳангоми кор дар сохторҳои давлатӣ ва иқтисодӣ дар фаъолиятҳои соҳибкории ӯ гунаҳгор дониста шуд. Дар таърихи  19-уми майи соли 2013 боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ба муҳлати 26 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум гардид ва амволаш мусодира шуд.

ХРОНОЛОГИЯИ ТАЪҚИБи ӯ чунин аст: 6-уми апрели сол 2013 Зайд Саид бо гуруҳи ҳамфикронаш аз ташаббуси таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” хабар дод. Ду рӯз баъд болои ӯ ва ёронаш фишорҳо шуруъ шуданд, мақолаҳои супоришӣ дар нашрияҳои даврӣ интишор ёфтанд,   ба хотири беқадр кардани эътибори гуруҳи ташаббускор ва бахусус худи Зайд Саид корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд, ки иддае ҳатто хеле таҳқировар буданд.

Расонаҳо аз зангҳои телефонии таҳдидовар ба сарвари гуруҳи ташаббускор хабар доданд, вале муроҷиати ӯ ба мақомоти салоҳиятдор барои ҳифз ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ягон натиҷа надод. Дар матбуот шаҳодати шахсони алоҳида чоп шуд, ки хешовандони президенти мамлакат ба ӯ  таҳдид кардаанд, ки агар ба таври фаврӣ аз ҳадафҳои сиёсии худ даст накашад ва аз Президент пузиш нахоҳад, ҷазо хоҳад дид.  

Дар ин миён вай сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар дошт, ки аллакай дар бораи оғози парванда барои бисёрзанӣ ва гумонбар шуданаш ба ҷиноятҳои коррупсионӣ овозаҳо паҳн шуданд. Таблиғоти зидди ӯ дар расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумат то замони тасмими ниҳоии боздошташ дар фурудгоҳ  шуруъ гардиданд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар як матлабе ӯро ба муносибати хоса доштан бо сароянда Нозияи Кароматулло мутаҳҳам кард. Чун Нозия аз афроди наздик ба аъзои оилаи президент маҳсуб мешуду дар ҳамчунин матлаб гирифтани номи ӯ бе иҷозаи махсус, хоса барои “Тоҷикистон” номумкин будааст, таҳлилгарон боздошти ӯро ҳалшуда донистанд.

Аммо Зайд Саид эълон дошт, ки аз хориҷа бармегардад, чун итминон дорад, ки ҷинояте содир накардааст ва ба ҳама иттиҳомот метавонад посух диҳад. Баъди боздошти ӯ маълум шуд, ки тамоми ин муддат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ӯ ва афроди наздикаш бозии оперативӣ бурда, намояндагони хадамоти амниятии кишвар рӯзҳои 15-18-уми май бо ӯ дар хориҷ вохӯрда, кафолати сад дар сади боздошт нашуданашро ҳам дода буданд.

Аз сӯи дигар собиқ Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ  Гурез Зарипов бо воситаи муовини сарвари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” Маҳмудҷон Қосимов, ки замоне муовини ӯ дар Хадамоти гумрук буд, аз номи давлат ин гуна кафолатро медиҳад.

Соати 03-00-и 19-уми майи соли 2013, ба муҷарради бозгашт аз сафари Порис дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд, ҳарчанд мақомот ин гуна ҳуқуқро надоштанд, зеро Зайд Саид вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, дахлнопазир маҳсуб мешудааст.

Бино ба навиштаи вакилони мудофеаи Зайд Саидов, ки ҳамон рӯзҳои расонаӣ шуда буд, ҳангоми боздошт ҳамчунин он ҳолат, ки боздоштшуда вакили мардум дар   Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд, ба инобат гирифта нашуд ва бо ин моддаҳои 21 ва 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси депутатҳои халқии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо”, ки ризояти ин мақом бояд гирифта шавад, вайрон ва он танҳо баъди  32 соати боздошт ба даст оварда шуд. Аммо то ин замон аллакай як силсила амалиётҳои тафтишотие чун кофтуков дар хонаи оила ва хешовандон, дафтари корӣ, рӯ ба рӯ кардан бо Низомхон Ҷӯраев пурсиш ба сифати гумонбар, мусодираи аснод, техникаи компутарӣ, воситаҳои пулӣ ва дигар ашё гузаронида шуд.

Баъдтар адвокатҳои ӯ эълон доштанд, ки боздошти депутат бо нақзи моддаҳои 46 (Гумонбаршуда), 94 (Тартиби боздошт), 190 (кофтуков), 191 (Асосҳои барои дарёфт кардан), 192 (Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан)-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон рух додаасту протоколи боздошти Зайд Саид тӯли 35 соат баъди амалан дастгир шуданаш дар бинои Агентӣ тартиб дода шудааст.

Дере нагузашта, фаъолшавии Агентии мубориза бо фасод дар муҳити расонаӣ ба нестӣ мераваду тафтишот, бинобар гуфтаи ҳуқуқшиносон, ғайриқонунӣ бо нақзи моддаи 5 Қонуни ҶТ  “Дар бораи сирри давлатӣ” ба парванда муҳри махфӣ зад, ҳол он ки дар ин парванда ҳич сирри ҳифзшавандаи давлатӣ ҷой надоштааст.

Дар давоми тафтишоти пешакӣ талаби моддаи 53-и Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавӣ дағалона вайрон карда мешавад, яъне Зайд Саид пурра аз доштани ҳуқуқи дидорҳои маҳрамона ва номаҳдуд бо вакилони мудофиа маҳрум карда мешавад. 

Як рӯз баъди боздошт, яъне 20-уми майи соли 2013 дар воситаҳои ахбори умумии ҳукуматӣ ва асосан бо воситаи телевизион маъракаи густардаи беэътибор кардани обрӯи Зайд Саид оғоз мешавад.

Худи ҳамон рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои пурҷамъияту пуродам китобчаи мазмунан туҳматомез ройгон ба одамон тақсим карда шуд, дар он Саидов З.Ш.-ро чун барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мешуд. Дар чанд моҳи аввал молу мулк ва амволи ғайриманқули Зайд Саид ва хешовандони дуру наздики вай ба ҳабс гирифта шуданд.

 Ба навиштаи адвокатҳо бо нақзи моддаҳои 53 ва 175 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ мақомоти тафтишоти пешакӣ ва прокуратура бештар аз 30 дархосту аризаи вакилони мудофиа дар бораи пешгирӣ аз вайрон кардани Конститутсия ва қонунҳои мурофиавиро дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба баррасӣ нагирифтанд. Бар хилофи талаботи қисми 3, моддаи 210 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ оид ба қонеъ намудан ва ё рад кардани аризаҳои супурдашуда муфаттишон ягон қарор дар бораи қонеъ намудан ва ё рад кардани онҳо содир накарданд. 

Аризаҳои зиёди адвокатҳо  дар бораи таъин намудани ташхиси генетикӣ оид ба ҷиноятҳои хислатан шаҳвонӣ қонеъ карда нашуда, ҳамзамон аллакай баъди он ки парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол мешавад, ин гуна ташхис аз ҷониби тафтишоти пешакӣ таъин мегардад. 

Баъдтар ВАО аз ҳодисаи тақаллуб дар парванда бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои ғайриқонунӣ сохтакорӣ дар хулосаи ташхис хабар медиҳанд, ки дар натиҷа хулосаи манфии таҳқиқот дар мавриди падарии Зайд Саид мусбат нишон додаву ба суд пешниҳод шудааст.  Тавре нашрияи “Азия Плюс” иттилоъ пахш кард, роҳбарият ва мутахассисони озмоишгоҳи маскавии “Био-Папа”, ки худи мақомоти тафтишот ба сифати муассисаи ташхисӣ пазируфта будаанд, тасдиқи ҳуҷҷатӣ ва видеоӣ доданд, ки хулосаи ташхиси онҳоро дар Агентии мубориза зидди коррупсия сохтакорона тағйир додаанд. Ҳарчанд ин қазия ба расонаӣ шуд, Прокуратураи генералӣ дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон чора наандешид.

Дере нагузашта, расонаҳо иттилоъ пахш карданд, ки ба вакилони мудофеа ва ҷонибдорони Зайд Саид фишор оварда, таҳдид ҳам ҷой дорад.

Чунончӣ, барои баргузории “Флеш-моб” бахшида ба саддумин рӯзи боздошти Зайд Саид  ва будубоши ӯ дар маҳбас суд чор тан аз писарони ӯ, домод ва аъзои гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии “Тоҷикистони нав” Маҳмудҷон Қосимовро ба муҳлати 5 шабонарӯз боздошт намуд, ҳамчунин узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсӣ Соҳибназарова М. ҷаримаи маъмурӣ шуд. 

Тибқи хабарҳои ҳамон рӯзҳо расонаишуда баъди як нишасти матбуотии адвокатҳо, ки дар таърихи 30-уми июли соли 2013 баргузор гардид, роҳбарияти Агентии мубориза бо фасод шахсан вакилони мудофеаро даъват карда ва басо бо оҳанги дағалона онҳоро ба таъқиби ҷиноӣ ва лаҳзаи нави гунаҳгорсозии шахси зерҳимояашон ба содир намудани ҷиноятҳои шаҳвонӣ таҳдид намудаанд.

Баъди ин дар парванда ҷабрдидаи нав- ноболиғ Е.В. бо иддиои таҷовуз ба номус падидор шуд, ки набераи модари “ҷабрдида”-и аввал  будааст. 

Вакилони мудофиа низ истисно набуданд. Дар остонаи баррасии парвандаи иқтисодӣ бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонкӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, вакили мудофеаи маъруф, Раиси яке аз коллегияҳои адвокатҳои кишвар Фахриддин Зокиров, ки машғули парвандаи иқтисодӣ оид ба моликияти Зайд Саид буд, ба ҳабс гирифта шуд...

Моҳи июли соли 2014 бе ширкати вакили мудофиаи дигар-Шуҳрат Қудратов парванда дар бораи ҳифзи номус ва шарафи “ҷабрдида” Бобораҷабова Моҳира, ҳамоне, ки нишондодаш дар мавриди падарии Зайд Саид ба фарзанди ӯро натиҷаи ташхис рад кардааст, баррасӣ мешавад. 

Дар ин мурофиа суд пурра даъвои шаҳрванди ёдшударо қонеъ намуда, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ таъин мекунад. Асоси ин даъворо сабти суҳбати телефонии Шуҳрат Қудратов бо як нафар ташкил медиҳад. Ин сабтро мақомот бо истифода аз таҷҳизоти махсус забт кардаанд ва ба ихтиёри Бобораҷабова вогузоштаанд.

Ба дунболи ин моҳи июли соли 2014 бо иттиҳоми додани ришва ба суд барои сабук кардани ҳукми гумонбар ба ҷиноят Шуҳрат Қудратов ба ҳабс гирифта шуд. 13-уми январи соли 2015 Суди шаҳри Душанбе Қудратовро 14 сол зиндонӣ кард, ки тибқи қонуни афв аз он 6 солашро кам карданд. 3-юми марти 2015 бо шикояти касатсионии адвокат Раҳматилло Зойиров Суди Олии Тоҷикистон ҳукми Суди шаҳри Душанбе нисбат ба Шуҳрат Қудратовро бозбинӣ карда, муҳлати ҳабси ӯро се маротиба коҳиш дод. Ҳоло ӯ бояд 3 солу 8 моҳ дар зиндон монад.  

Аз се вакили Зайд Саид танҳо яке аз онҳо-Исҳоқ Табаров монд.

Таҳлили сатҳӣ ва мутолиаи як ҳисоботи муфассали вакилони мудофеа, ки ба унвонии расонаҳо паҳн шуда буд, ки нишон медиҳад, ки дар ягон моддаи парванда тафтишот  ва суд далели маҳкаму устуворе барои гунаҳгор кардани Зайд Саид наёфтаанд. Ҳама иттиҳомот баъди ҷамъоварии далелҳо ғаразноку шубҳаовар ба назар мерасанд. Ва чун парвандаи Зайд паси дарҳои баста муҳокима шуд ва расонаҳо дар гузориши воқеъии он беруни дар монда буданд, ҷомеа огоҳии комил аз аз раванди баррасӣ ва чигунагии исбот ё радди иттиҳомот хабар надорад.

Дар доираи тафтиши парвандаи иқтисодӣ Зайд Саид дар охири моҳи декабри соли 2014 аз Агентии зидди фасод хост, ки ӯро бо се мансабдори баландпояи Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саидов, муовини аввали Сарвазир ва Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Дастгоҳи иҷрояи рӯбарӯ кунанд. Аммо ин дархост аз ҷониби Агентӣ рад шуд. Инчунин, аз Суди Олӣ бо ирсоли мактуб хоста буд, ки парванда сирф иқтисодист ва бояд бо ҳузури хабарнигорон дар толори Суди Олӣ мурофиа баргузор шавад.

Парванда муҳри махфӣ надорад. Мурофиаи парвандаи иқтисодии ӯ пӯшти дарҳои баста дар боздоштгоҳи КДАМ 12-уми феврали соли 2015 оғоз шуд. Дархост дар бораи дар толори Суди Олӣ гузарондани мурофиа рад гардид ва судя барои озод гузарондани мурофиа ва иштироки журналистон иҷозат дод, аммо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатии КДАМ гуфтааст, ки имкони ҷой додани журналистон дар мурофиаро надоранд, зеро толор хурд мебошад. Ҳоло мурофиа идома дорад...

Дар миён 16-уми марти соли 2015 дар сатҳи раҳбарии Агентии зидди фасод тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Рустами Эмомалӣ директори Агентӣ таъин шуд. Бо назардошти ин ҳама ҳоло мушаххас нест, ки мурофиаи кай анҷом мешаваду соҳибкори маъруфро чӣ интизор аст.

Дар ин муддат дар ВАО-и кишвар садҳо мақолаҳо ба табъ расида, қазияи Зайд Саид яке аз мавзуҳои калидии баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гашту даҳҳо нафар шоъирон ба Зайд Саид ашъор бахшидаанд.

Тақдири ҳизби “Тоҷикистони нав” низ норӯшан боқӣ мемонад.

Copyright © 2016 TojNews