Зарринаи Хушвахт

Зарринаи Хушвахт 1-уми июли соли 1959 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадаст.

Зарринаи Хушвахт ба маънои томаш бонуи ҳунар аст. Сифати маъруфи тоҷикие ҳаст: “аз даҳ ангушташ ҳунар мерезад”, ки бештар дар васфи як бону гуфта мешавад, бешубҳа маҳз барои чунин зарринҳои тоҷик гуфта шудааст.

Касе ӯро мешиносад, аз сӯҳбаташ бархӯрдор аст, бо итминон гуфта метавонад, ки номаш ба худаш муносиб аст, ва ҳатто болотар аз ин ном аст.

Барои ҳар тоҷики худогоҳ ӯ бегона нест. Зеро дар саҳнаи театр ӯро медонанд, дар филмҳои телевизионӣ дидаанд, садояшро дар тарҷумаи филмҳо шунидаанд, билохира матлабҳои журналистиашро хондаанд. Бар зами ин ӯ, аксбардори хушсалиқа аст.

Ахиран, ба дили кӯдакону наврасон низ бо ҳунарнамоияш бо Алоуддин Абдуллоев дар филми “Баррачаи хаёлӣ” роҳ ёфт.

Ба як ҷумла, ӯ ҳунарпешаи театру синамо, ровӣ, рӯзноманигор ва аксбардор мебошад.

Зарринаи Хушвахт тахаллуси журналистии ӯ буда, исми аслиаш Зарпарӣ мебошад.

Донандаи олии забони форсӣ-тоҷикӣ аст.

Худаш зиндагиномаашро хоксорона чунин нақл кардааст: “Якуми июли соли 1959 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадам. Даҳ соли аввали зиндагии хешро дар рустои Пиши ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон гузаронда ва аз соли 1969 ба шаҳри Душанбе ба назди волидонам омада, то клоси даҳ дар мактаби ҳамагонии шумораи 57 шаҳри Душанбе таҳсил кардам”.

Аз соли 1976 то 1980 дар бахши ҳунарманди кино ва театри  Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи устод Мирзо Турсунзода (Институти санъати Тоҷикистон) таҳсил намудааст.

Баъдан, дар Театри мусиқӣ- драммавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа фаъолият карда, сипас бо даъвати Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои идомаи фаъолияти ҳунармандӣ ба Душанбе меояд ва то соли 1990 дар ин театр ба унвони ҳунарпеша кор фаъолият кардааст.

Дар ин муддат барои ҳаводорони театри тоҷик дар даҳҳо намоишномаҳои ин театр, аз ҷумла нақшҳои Геро аз “Сад пула ғавғо як пула савдо”-и Уилям Шекспир (Много шума из нечего) Раъно, “Мехчагул”-Исломов, Доменика Ванеева аз намоишномаи “Эҳтирози ҳабдаҳ нафар”-и “Протест семнадцать”, Маҳбуба аз “Алафҳои бегона”-и Султон Сафаров, Христина аз “Обу тоб ёфтани оҳан”-и Николай Островский,  Марҷона “Фолбинии Афандӣ”-и Абумалик Баҳорӣ, Оҳуи Тиллоӣ аз “Оҳуи тиллоӣ”-и Шамси Қиёмов, Ну-Ну “Айбнома”-и Нодар Дунбадзе ва дигар нақшҳоро иҷро кардааст.

Ҳамзамон, дар студияи “Тоҷикфилм” бо бархе аз коргардонҳо дар таҳияи филмҳо ширкат намудааст. Аз ҷумла нақши Фотима, аз филмҳои “Маъруфи мӯзадӯз” (Башмачник Маъруф) ва “Шаби вопасини Шаҳзода” (1987) нақши ҷӯгизан аз филми “Сароби ишқ”-и Таламуш Оқоев, “Миражи любви” (Қирғизфилм ва Тоҷикфилм-1986) зани кӯҷӣ аз филми “Гирдбод”-и “Смерч”(1990)  Бақо Содиқов, Зебо аз филми “Марди мутаалиқ ба ду зан”-и Маргаритта Қосимова (1991) ва филми “Баррачаи хаёлӣ”-и Абдулҳай Зокиров (2010).

Аз соли 1990 фаъолияташро дар театри “Аҳорун” таҳти сарпарастии Фаррухи Қосим, коргардони саршиноси театр шурӯъ карда ва то соли 1995 дар ин муассиса кор мекунад.

Баъдан гардише дар фаъолияти кории ӯ сурат мегирад. Аз соли 1996 ба хайси хабарнигори бахши форсии родиои Бӣ-бӣ-сӣ пазируфта мешавад ва то соли 2015 дар ин расонаи ҷаҳонӣ фаъолият кардааст.

Дар ин солҳои ба кишварҳои чун Бритониё, Афғонистон, Ҳинд, Белжик ва кишварҳои дигар аз ҷумлаи узви кишварҳои мутақили ҳамсуд сафарҳои корӣ доштааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?