Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ (Зарафо Хӯҷаева), рӯзноманигор ва бонуи  фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 23-юми феврал соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1979 барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ба мактаби миёнаи умумӣ №17 ноҳияи Вахш қадам ниҳода, соли 1989 бо муваффақият онро хатм мекунад.

Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро  соли 1999 бо ихтисоси филолог хатм кардааст.

Барои гирифтани маълумоти дуюм соли 2005 ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, диплоти онро соли  2008 мегирад.

Аз соли  1999 ба матбуоти даврии кишвар ҳамкорӣ намуда, соли 2000 ба ҳафтавори "Наҷот" ба кор омадааст.

Як муддат дар маҷаллаи бонувони наҳзат "Найсон" кор карда, аз соли  2003 то 2008 сардабирии  маҷаллаи  мазкур буд.

Аз ноябри соли 2008 то соли 2011  раиси бахши  фарҳанг ва ҳунари ҳизб, аз соли 2011 то 2012 муовини раиси дастгоҳи ҲНИТ ва аз соли 2012 то имрӯз мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ мебошад.

Ба кишварҳои Авсрия, Амрико, Олмон, Лаҳистон, Эрон, Руссия ,Қазокистон, Қиргизистон, Мисри Араб, Туркия барои ширкат дар симпозиюм ва конфронсҳои байналлмилалӣ дар мавзуъҳои мухталиф сафар намудааст.

Узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ мебошанд. Аз ҷумла узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2003), Академияи “Муколамаи дину давлат” (2004), Клуби мукаломаи занон дар шароити иҷтимоию сиёсӣ (2005), “Гузоришгарони зан дар ҷаҳони исолм” (2010) мебошад.

Инчунин, мураббии “пешгирӣ аз нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД” дар миёни созмонҳои мазҳабӣ аст.

Дар интихоботи парламентии соли 2005 ва 2010 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон буд. Ҳоло маротибаи сеюм номзад ба Маҷлиси намояндагон мебошад.

Ҳоло узви Шурои сиёсӣ ва  Раёсати Олии ҲНИТ ва узви коллегияи адвокатҳои мустакили шаҳри Душанбе буда,  сарвари ташкилоти  ҷамъиятии "Нишот"-ро ба уҳда дорад.

Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.

Copyright © 2015 TojNews