Зафар Нозим

Аз ҷумлае он мардони ҳунар аст, ки дар зиндагӣ ва пас аз маргаш ҳарфе аз номаш баранд, бо як ҷаҳон ифтихор «устодаш» меноманд. Ва ин шараф ба хеле кам ҳунармандони гузаштаву имрӯз насиб шудааст.

Устод Зафар Нозим - 2 июни соли 1940  дар Ҳоит, воқеъ дар  водии Рашт ба дунё омадааст. Аз бепадарӣ овони кӯдакии худро ба мушкил пушти сар кардааст ва ягона такягоҳаш дар ин зиндагӣ Худо ва баъд модари мушфиқу меҳрубонаш будааст. Маҳз модар тавонист ҳам ба ҷойи худ ва ҳам ба ҷойи падар ӯро меҳрубонона навозиш кунад.

Зафар Нозим охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60 по ба арсаи санъат гузошт. Аммо ба назар мерасад роҳи шуҳрат тавассути садои марғуладору нотакрораш ва истеъдоди нодиру сабки хосаш барояш ҳамвор омад. Дар як муддати кутоҳ таронаҳои марғуби ӯ бо номҳои  “Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», “Модар” барояш шуҳрати беандоза оварданд. Вай борҳо гуфта буд, ки баъзе аз сурудаҳояш ҳато бо гузашти 50 сол ҳам маъруфияти худро миёни мардум гум накарда буданд. ҳамвора ӯро мешуниданд ва имрӯз ҳам мешунаванд. 

Сайидқул Билолов, ҳунарманди шинохта, ки худро аз ҷумлаи шогирдону равандагони роҳи Зафар Нозим медонад, мегӯяд, ки устод ҳатто бидуни садоафзо ҳам мехонд ва мо шогирдон аз ин ба ваҷд меомадем. «Мо мактаби ӯро гузаштаем ва аз ӯ омӯхтаем. Устод боре гуфта буд, ки аз қуллаи 70 ба роҳи тайкардааш нигариста, хеле хушҳол шудааст, ки чӣ қадар сурудҳо офарида ва бо ин васила дили мардумро ба Худо, ватан, модар, зиндагӣ, падару модар гарм кардааст. Ӯ рисолати як ҳунарманди асилро иҷро кардааст». 

Зафар Нозим дар замони зиндагӣ ба дарёфти унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва бисёр ордену медалҳову ифтихорномаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла Ордени Ситораи Президент мушарраф шуда буд. 

Соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ансамбли фолклории «Ганҷина» таъсис шуд ва аз миёни ҳама довталабон Зафар Нозим роҳбари он таъин гардид. Ин дастаи ҳунарӣ тӯли солҳои мавҷудияташ беҳтарин ганҷинаҳои ҳунари мардумиро аз сар то сари Тоҷикистон, аз ҳисор то Яғнобу Масчо, аз Кӯлоб бо Бадахшону Вахё гирд овард ва ба яке аз маҳбубтарин дастаи ҳунарии кишвар табдил шуд.

Устод Зафар Нозимро метавон сарояндаи соҳибмактаб донист, ки дар мактаби ҳунарии ӯ на яку ду, балки даҳҳо нафар рӯ ба рӯ ва садҳо нафар ғоибона таҳсил кардаву баҳраҳо бардоштаанд. 

Зафар Нозим 3 августи соли 2010 баъди як бемории тӯлонӣ, дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст. Оромгоҳи ӯ қатори даҳҳо абармардони фарҳангу ҳунар ва адабиёт дар қабристони Лучоб аст.

Тақрибан ҳамаи фарзандони ӯ роҳашро идома додаанд, ҳарчанд умри иддае хеле кутоҳ будааст. Аз ҷумла Карим Нозимов, фарзанди шашуми овозхони маъруф соле қабл бар асари латукӯби афроди ношинос дар назди манзили зисташ аз олам даргузашт. Дар замони зиндагии падар фарзанди соҳибҳунараш Соҳибқирон Нозимов, ки бидуни шак як бастакор ва сарояндаи матраҳ ва шинохташуда буд, низ оламро падруд гуфта буд.

Ҳоло идомадиҳандаи роҳи падар ҷовидон Нозимов аст, ки бо ҳамон сабки падар ва бо пайроҳаи ӯ равон аст.

Copyright @2015 TojNews