Зафар Мирзоён

Аз пуркортарин муҳаққиқони муосир аст ва шояд аз миёни пажуҳишгарони риштаи филологӣ сермаҳсултарин дар навиштани мақолаву таҳлилҳо ва таҳқиқоти илмӣ бошад. Чун бештар аз дигарон ӯро мехонем.

Аз сӯи дигар ба ҳар навиштаи матбуот зуд вокуниш нишон медиҳад, аз тарафдорони гузариш ба хати форсӣ аст.

Зафари Мирзоён 5-уми майи соли 1949 дар ноҳияи Ховалинг  таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ба шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1972 ба анҷом расондааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ, соле дар кафедраи забони форсӣ ба сифати ёвари донишёр (ассистент), аз фанни забони форсӣ дарс гуфтааст. Маҳз аз аввалин солҳои фаъолият ба кори илмӣ оғоз намуд ва мавзуъи «Таҳлили муқоисавии феълҳои забони тоҷикӣ бо забонҳои форсии Ирон ва дарии Афғонистон» -ро интихоб намуд. Ба ин ҳадаф маводи зиёдеро гирд овардаву дар пайи навиштани рисолаи илмӣ шуд. Вале баъдан аз сабаби ихтилофи назар дар мавриди забонҳои форсиву дариву тоҷикӣ кори илмиро як сӯ гузошта, тарки Донишгоҳ кардаву  ба рустои Ховалинг рафт ва он ҷо зиндагӣ ихтиёр намуд. Бо ҳамин дигар ба навишттани рисолаи номзадиву докторӣ напардохт ва имрӯз аз ҷумлаи донишмандонест, ки бо садҳои пажуҳиши арзишманд, унвони илмӣ надорад.

Зафар Мирзоён сабаби ин амалашро ба ин нисбат медиҳад, ки “ироншиносиву тоҷикшиносии шӯравӣ мехост забони форсиро дар паҳнои зисти имрузии варорудиёну хуросониёну ирониён чун се забони гуногун бознамоёнда, бад - ин васила аз ҳам дар ҷудоӣ қарор доштани ин мардуми аз нигоҳи забону ториху фарҳанг ягонаро тасбит намоянд”. Ончуноне худи ӯ мефармояд, нахост бо навиштани рисолаи казоие ба забону миллати хеш хиёнат кунад.

Зафар Мирзоён се бор - ҷамъ 9 сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумони коргоҳҳои ҳамкории техникии Иттиҳоди Шӯравӣ - Афғонистон фаъолият кардааст. Дар кишвари бародарону хоҳарон - Балху Бомиён, Кобулу Зобулу Самангону Ҳирот бо таборони наздики миллати тоҷик аз наздик ошнои пайдо кардааст.

Баъди бозгашт аз Афғонистон ба истилоҳи фарҳехтаи Ирон Маҳди Ахавони Солис, дар талоши маош ва дастнигари нокасон набудан солиёне ходими ташкилоти ноҳиявии ҳизби коммунист буд. Ҳангоми кор дар ин ташкилоти сиёсӣ, талош доштааст то корҳои сиёсии ноҳияро ба шоҳномашиносӣ, ҷонибдории рӯзноманигорони озодандеши ноҳия ва дигар ҷанбаҳои тарбияи худогоҳии миллӣ равона созад. Аз он ҷумла ҳар соле зери унвони «Сайри гули лола», гирдиҳамоии мардуми шаҳру деҳотро доир намуда, саҳнаҳоеро аз «Шоҳнома»-и човидон ба намоиш гузоштааст. Тайи се сол ба ҳайси раиси дастгоҳи шаҳри Кӯлоб кор карда, баргузории ҷашни 2700-солагии Кӯлобро ба таври шоиста ҳамёрӣ намудааст.

Зафар Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони маъруф ва муваффақи кишвар аст ва дар нашрияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ирон беш аз 500 мақолаҳои илмиву публисистӣ ба табъ расондааст, беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили Шоҳномахонӣ доир намуда, шогирдони зиёдеро ба воя расондааст, ки 6 нафар аз онҳо рисолаҳои номзадӣ дар мавзӯъи Шоҳномашиносӣ навишта, дифоъ намуданд.

Зафар Мирзоён арзишҳои миллиро болотар аз арзишҳои динӣ медонад ва ҳатто мегӯяд замоне эронтаборон форсӣ ибодат мекарданд ва расад рӯзе, ки боз ҳам ибодати Худоро бо забони модариашон анҷом диҳанд.

Зафар Мирзоён ҷонибдори сарсахти ба ҳам омадани халқҳои эронинажод аст ва марзбандиҳои имрӯзаро сунъӣ медонад.

Соҳиби  чор писару ду духтар: Куруш, Каёнӯш, Ораш, Манучеҳр, Орёно ва Меҳнӯш аст. Ва 8 набера дорад.

Вай мегӯяд ин ду шоҳбайти классикиро барои худ шиори зиндагӣ кардааст ва бар ин назар аст, ки инсон озод бошад, озод бизияд. Ва ҳамин ду байтро тариқати зиндагии худ медонад:

 То ки ин девори олӣ гардан аст,

Монеъи ҳар сар фуруд овардан аст.

Гар номи мо надонанд, бигзор то надонанд,

Гар ҳечамон набошад, бигзор то набошад.

Copyright @2015 TojNews