Зафар Абдуллоев

Исми Зафар Абдуллоев барои ҷомеаи фаъоли тоҷик бегона нест. Ӯ бо навиштаҳову мавқеъҳояш, фаъолияту амалҳояш ҳамчун як шахси пуршӯр, креатив ва дур аз қолабҳои мавҷуда шинохта шудааст.

Назари сатҳие ба фаъолияту амалҳои ӯ кофист, ки бигӯем ҳамвора дар мубориза барои офаридани чизи нав будааст. Вобаста ба қазияву равандҳои ҷомеа диди хоси худро дорад. Аз интиқоди оммавӣ намеҳаросад.

Аммо мавқеъгириҳояш дар ҷомеа ӯро  чун шахсияти калаванда ва ноустувор муаррифӣ намудааст. Сарфи назар аз ҳамаи ин, Зафар Абдуллоев дар мавқеву ибрози назари худ мустақил боқӣ мондааст. Аз фаъолияти журналистиаш бармалост, ки  мухолифи маҷро ҳаракат карданро дӯст медорад, аммо мегӯяд: "ман инқилобчӣ нестам". 

Вақте аз журналистика канор мерафт, дар як сӯҳбат дар мавриди он, ки аз ҷониби кӣ кор мекунад, худаш чунин посух дода буд:  “Ман барои кӣ кор мекунам. Барои ҳеҷ кас! Вақте ман аз "РусАЛ" танқид мекардам, сафири Русия Максим Пешков (собиқ сафири Русия дар Душанбе - TojNews) боре таънаомез маро гуфт, ки ман бояд аз Тошканд маош бигирам.

Сафорати Ӯзбакистон ду дафъа алайҳи ман номаи эътирозӣ навишта буд ва маро ҳатто ба вазорати хориҷа даъват карда буданд. Вақте мо аз созмонҳои амрикоӣ кӯмак дарёфт кардем, афроди наздик ба мақомоти Тоҷикистон маро айбдор мекарданд, ки рӯ ба Амрико овардаам. Вале баъди онки чанд матлаби танқидӣ навиштем, фикр накунам, ки сафири Амрико имрӯз моро дӯсти кишвараш бишуморад.

Ҳамин тавр, як вақт маро 3-4 бор дар сафарҳои хориҷии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ гирифтанд. Ба дунбол гап хест, ки Зафар «ҳукуматӣ» ва тарафдори Раҳмон аст. Вале шукри Худо, сомонаи мо масдуд шуд ва мушкилоти молии мо собит мекунад, ки мо аз ҳукумат ягон маблағ ё имтиёз нагирифтаем”.

Бигзарем аз ин ҳама, маҳз мушкилоти молӣ боис гардид, ки Зафар Абдуллоев, поягузорӣ чандин расонаҳои даврӣ аз олами журналистика канор равад.

Зафар Абдуллоев 5-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Норак ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактабҳои шаҳри Норак ва Душанбе гирифтааст. Соли 1993 мактаби миёнаро хатм намудааст. Ҳамон сол ба Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дохил гардида, соли 1998 донишгоҳи мазкурро ба итмом расондааст.

Фаъолияти журналистиашро соли 1997 дар вазифаи хабарнигори ОИ “Азия-Плюс” оғоз намудааст. Аз соли 1999 то соли 2000 директори иҷроияи ОИ “Азия-Плюс” будааст.

Баъдан, ду сол дар вазифаи муҳаррири ҳафтаномаи тозатаъсиси “Азия-Плюс” фаъолият мекунад. Ҳамзамон, дар соли 1999 ҷамъияти “Кӯҳи Нор”-ро ба роҳ монда, фаъолияти онро раҳбарӣ мекунад.

Аз “Азия-Плюс” рафтани ӯ бесару садо набуд. Мегӯянд, ки ба ҳам наомадани назарҳояшон бо роҳбарияти “Азия-Плюс” боиси аз кор рафтани Зафар Абдуллоев мегардад. Ин рафтани ӯ боис ба тавлиди расонаҳои нав дар Тоҷикистон шуд.

Ӯ хабаргузории “Авеста” (avesta.tj)-ро ташкил намуд. Аз соли 2004 раҳбари хабаргузорӣ буд. Дар пайи он ҳафтаномаи “Факты и коментарии”-ро ба бозори иттилоотии кишвар баровард.

“Факты и коментарии” аз нахустин нашрияҳои мустақили Тоҷикистон буд, ки бо ороиши нав ва формати ғайримуқаррарӣ ба нашр мерасид.

Дар ташкили расонаҳо бо забони тоҷикӣ низ Зафар Абдуллоев саҳм гузоштааст. Аз муассисини ҳафтаномаи “Фараж” ва “Овоза” мебошад, ки ин ҳафтаномаҳоро ба ҳайати эҷодиашон вогузор кард. Дар ташкили созмони журналистии “Медиа Алянс” низ даст дорад. Як муддат раҳбарии ин созмонро ба ӯҳда дошт.

Зафар Абдуллоев аз интиқодгарони ширкати “Талко” буд, ки ҳамеша фаъолияти ин ширкатро ба боди интиқод мекашид.Баъдтар маълум шуд, ки бо ин ширкат ҳамкориҳои тиҷоратӣ доштааст.  Дар пайи ин баҳсҳо ваъда дод, ки китоб нашр карда, сирри ҳамкорони "РусАл" дар Тоҷикистонро фош мекунад, аммо аз китоб ҳанӯз дарак нест. 

Бино ба мушкилоти молӣ соли 2011 аз журналистика канора гирифт, расонаҳои ташкил намудаашро дигарон идора мекунанд.

Бо рафтан аз журналистика Зафар Абдуллоев ба як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил гардид. Аз шабакаи иҷтимоии “Facebook” ба хубӣ истифода менамояд, минҷумла бо аҳдофи тиҷоратӣ. Шахси креатив ва берун аз қолабҳо дониста мешавад. 

 Аз вввалинҳо  шуда, дар Тоҷикистон бо шеваи нав-флешмоб алайҳи ноӯҳдабароии ниҳодҳои ҳукуматӣ садои норизоӣ баланд кард. Дар моҳи апрели соли 2011 бо як гурӯҳ ҷавонони интернетӣ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» флешмоб ташкил кард.

Шамъ фурӯзон  карданду гул монданд, дуо карданду омин гирифтанд, ҷанозаи «Барқи тоҷик»-ро хонданд. Шиорҳои «Рӯзи мотам: Мо аз энергетикаи миранда андӯҳгин ҳастем» ва «Қавмгароӣ + хешутаборбозӣ = фақр, фасод, қафомондагӣ = мардум инро намехоҳад!» - ро дар панҷараи атрофи «Барқи тоҷик» гузоштанд…Раҳбарияти "Барқи тоҷик" бо тааҷуб гуфтанд, бо мо шартномаи ҳамкорӣ дошт.

Як муддат бо фаъолиятҳои фарҳангӣ ва тафреҳӣ машғул буд, ки дар доираи Маркази иттилоотӣ-фаҳангии Аржанг (Artculture.Tj) амалӣ мекард. Аз ҷумла моҳи марти соли 2013 маротибаи аввал шабнишинии фарҳангӣ – тафреҳӣ таҳти унвони «Дискои солҳои 80» баргузор намуд. Хеле аз нигоштаҳои фейсбукияш тафреҳӣ ё эротик мебошанд. Ҳунари хуби суханварӣ дорад, вале забони тоҷикиро пурра балад нест.

Барои ширкат ба конфронсу семенинар ва такмили ихтисос ба чандин давлатҳои ҷаҳон сафар намудааст. Аз ҷумла дар солҳои гуногун ба як қатор кишварҳои аврупоӣ Австрия, Белгия, Фаронса, Ҳоланд, Олмон ва Ҷопон, Русия, Чин ва ИМА сафар кардааст. Орзу мекунад, ки дар яке аз кишварҳои шимоли Аврупо кунад. Аз нигоштаҳояш бармеояд, ки дар ҷустуҷӯи коре ҳаст, ки солона ҳудудан 100 ҳазор доллар даромади соф ё маош дошта бошад.

Ҳоло аз масъулини маҷалаи Бонки миллии Тоҷикистон “Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ" мебошад.

Зафар Абдуллоев оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Copyright @2015 TojNews