Ӯрун Кӯҳзод

Урунбой Ҷумъаев ё Ӯрун Кӯҳзод 15-уми марти соли 1937 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст.

Баъд аз таҳсили мактаби миёна, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, соли 1955 онро хатм намудааст. Ҳамон сол ба факултети филологияи Инситути омӯзгории Душанбе (ҳозира ДДОТ) дохил шуда, соли 1959 онро хатм намудааст. Дар аввал ба кори муаллимӣ дар мактаби миёна (1959-1960) машғул мешавад. 

Солҳои 1960-1961 дар вазифаи корманди илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ адои вазифа мекунад. Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ ба Урунбой чандон самара бахшида наметавонад. Бинобар ин ӯ ба рӯзноманигорӣ рӯ меорад ва соли 1964 ба маҷаллаи Хорпуштак ба кор медарояд. Як муддат ба ҳайси муҳаррири калони Қомуси Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. 

Ҳамин тавр Ӯрун Кӯҳзод матбуотро майдони фаъолияти публисистӣ ва адабии худ қарор дода, дар нашрияҳои Хорпуштак (1964-1968), Маориф ва маданият (1968-1979), Энсиклопедияи советии тоҷик (1979-1980), маҷаллаи Садои шарқ (1980-1987) ва нашриёти Адиб (1988-1990) кор кардааст. 
Дар умум аз соли 1963 инҷониб ба кори эҷодӣ машғул мебошад. 

Ӯрун Кӯҳзод аз насли адибони солҳои шастум мебошад. Нахустин достонҳои кӯтоҳу (ҳикояву) очеркҳои ӯ оғози солҳои шаст чоп шудаанд. Дар маҷаллаи Садои Шарқ мудири шӯъбаи очерку пулисистика буд ва аз соли 1994 сардабири маҷаллаи мазкурро бар ӯҳда гирифт. Тобистони соли 1997 Иттиҳодияи адибони ҷумҳурӣ 60- солагии Ӯрун Кӯҳзодро таҷлил намуд. Ҳамин сол буд, ки ӯ сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дониста шуд.

Дар оғози фаъолияти эҷодиаш Урун Кӯҳзод асосан ба иншои ҳаҷв машғул шудааст ва ҳикояҳои ҳаҷвии худро дар маҷмӯаҳои Сареву садое (1971) ва Як сару чанд хаёл (1983) интишор додааст. Мундариҷаи ин маҷмӯаҳоро аз ҷиҳати ғоявию бадеӣ метавон ба қисмат ҷудо кард: маводи ҳаҷвии публисистиву танқидӣ ва ахлоқиву психологӣ. Нависанда гуфтааст мақсади ӯ аз эҷоди асарҳои мазкур беҳбуд бахшидан ба камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. 

Танқиду мазаммати камбудиҳои иҷтимоӣ, рафтору амали ашхоси алоҳида ҳамеша мадди назари Ӯрун Кӯҳзод будааст. Ин аст, ки публисистикаи ӯ саршори ҳаҷви нозук, нешханду шакарханд ва кинояву истеҳзои нишонрас буда, дар он ҳаҷву танз мавқеи муайян дорад. Ӯ дар танқиди норасоиҳои иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои эҷодӣ ва махсусияти жанрӣ истифода бурдааст. Асарҳои   Тақвими роҳгум (1989), Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим (1985), Тоҷикони имрӯза (2000), Ҷамъи парешон (2003), Ахлоқи воло дафъи боло (2003) ва амсоли ин саропо ҳаҷву танз, кинояву ришханд ва танқиду мазаммат мебошад.  

Ӯрун Кӯҳзод усули аҷоиби мутоиба дорад. Қаҳрамону персонажҳои тасвир мекардааш гӯё бо ҳам сӯҳбат мекунанд, сӯҳбати онҳо бисёр самимӣ, маҳрамона, ҳамчун устоду шогирд, падару писар, ҳамсолу ҳамнасл, аммо пур аз андарз, зарофат ва нешханд аст. Ин ҷиҳатро бахусус дар ришханд ва фелетонҳои ӯ Деҳ куҷову..., Як сӯ баҳор, як су хазон ва ғайра метавон мушоҳида кард. 

Ӯрун Куҳзод аввалин адиби тоҷик аст, ки ба тарҷумаи асарҳои нависандаи оламшумул Габриэл Гарсиа Маркес рӯ овардааст. Нахустин романи ӯ бо номи Хазони умри одамхудо аз ҷониби Ӯрун Куҳзод тарҷума ва солҳои 1980 чоп шудааст.

Copyright @2016 TojNews