Умринисо Сироҷиддинова

Сироҷиддинова Умринисо Юсуфовна, олими шинохтаи тоҷик, 9-уми марти соли 1940 дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. Духтури  фтизиатр, доктори илмҳои тиб (1989), профессор (1990),  табиби тахассуси дараҷаи олӣ. Аълочии ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Аълочии  тандурустии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Соли 1963 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба ҳайси духтури минтақавии фтизиатри (табиби бемориҳои шуш) дармонгоҳи пойтахти кишвар ба фаъолияти корӣ оѓоз намуд. Баъдан, муддати ду сол ординатори кафедраи сили кӯдакони донишгоҳи ёдшуда буд.

Аз соли 1966 то 1971 дар курсии мудири шӯъбаи Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе нишаст ва аз соли 1971 худро ба кори илмӣ бахшид. Муддати 14 сол ассистенти кафедра буд. Дар ин муддат рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Эмкунии  зиддисилӣ бо БСЖ ва хусусиятҳои ҷараёни сили аввалияи шуш дар кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  навишт ва ҳимоя кард.

Солҳои 1984 то 1987 дотсенти кафедра ва аз соли 1987 мудири кафедраи  фтизиатрияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Баъдан, дар мавзӯи «Иммунопрофилактика дар кӯдакон ва наврасон дар шароити баландкӯҳ ва манбаъҳои сирояти сил» рисолаи докторӣ навишт, ки онро бомуваффақият ҳимоя намуд. 

Умринисо Сироҷиддинова ошкорсозӣ, баланд бардоштани самараи муолиҷа ва пешгирии сил, татбиқи Барномаи миллии мубориза бо сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бахшҳои муҳими фаъолияти илмии худ қарор додааст. Вай яке аз муаллифони лоиҳаи  «Барномаи миллии мубориза бо сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000», «Барномаи мубориза бо сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010» буд, ки ин ду барнома дар кишвар дар тӯли солҳои гуногун татбиқ ва дар табобату пешгирӣ аз сирояти бемории сил пешрафтҳоеро ба даст оварданд.

Умринисо Сироҷиддинова муаллифи аввалин китоби дарсӣ бо забони давлатӣ аст, ки бо номи «Силшиносӣ» рӯи чопро дидааст. Дар мавзӯъҳои худ 6 дастурамали  илмӣ-методӣ навиштааст, 2 монография таълиф кардааст, 5 дастури таълимӣ барои омӯзонидани дурнамои ДОТС  ба кормандони тибби умумӣ (табобат зери назорати бевоситаи курсҳои кӯтоҳмуддат) таҳия кардааст. Илова бар ин, чуноне ишора шуд, вай муаллифи китобҳо ва дастурамалҳои методии зиёде низ мебошад, ки дар муассисаҳои тиббии кишвар чун манбаъҳои эътимодбахши илмӣ истифода мешаванд. 

Умринисо Сироҷиддинова дар кори таҳияи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз бемории сил ҳифз кардани аҳолӣ» иштироки фаъолона доштааст. 
Тӯли ин 50 соли охир Умринисо Сироҷиддинова шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Се нафари онҳо зери назари ӯ рисолаҳои илмӣ навиштаву ҳимоя кардаанд ва соҳиби унвонҳои илмӣ гаштаанд.

Солҳои дароз мухбири Евро ТУТ, узви раёсати Ассотсиатсияи  пулмонологҳои Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи олимзанон, шӯрои калони илмии ДДТТ, Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳ ва Пажӯҳишгоҳи байторӣ мебошад.

Фаъолиятҳои илмиву таълимии ӯ бо ин маҳдуд намешаванд. Муддати 17 сол дар шабакаи телевизиони давлатии кишвар барномаи «Тандурустӣ»-ро барандагӣ мекард ва дар рушди маърифати тиббии ҳамватанон саҳм мегирифт.

Вакили мардум дар Шӯрои Олӣ (даъватҳои XII-XIII) буд. 

Copyright © 2015 TojNews