Умед Бобохонов

Умед Бобохонов – журналист, раҳбари гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus".

Аз зумраи журналистонест, ки ба касбияти ӯ касе бо шубҳа нигоҳ намекунад. Бидуни шак, Умед Бобохонов дар қатори аввалин рӯзноманигор ва мудирони муосири расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, ки муайянкунандаи сатҳи касбияти журналистикаи муосири тоҷик гардидаанд.

Аз ин бигзарем, дар симо, фаъолияти касбӣ, андешаву тафаккури Умед Бобохонов як зиёии асили муосири тоҷикро мебинем. Чунин шахсиятҳо на танҳо дар доираи рӯзноманигорон, балки фаротар аз он дар қатори чеҳраҳое ҳастанд, ки метавон сиришт, тафаккур, дарки вазъи ҷомеа аз ҷониби онҳоро меъёри шинохти як зиёии муосири тоҷик донист. Ба ифодаи дигар, Умед Бобохонов ҳамчун як зиёии асил ва хушсалиқа шинохта мешавад. Бешубҳа, дар шаклгирии  зеҳну ҷаҳонбинии Умед Бобохонов ҳамчун инсони комил нақши падару модараш муассир аст, аммо ӯ худро ба мардум ҳамчун шахсият бо заҳматҳои пайвастаи хеш шиносонид. Зери сояи номи падар намонду худ номвар гардид.

Умед Бобохонов 29-уми ноябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш - зиндаёд Мансур Бобохонов, аз олимони номии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих ва раҳбари Маркази илмиву тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонони дунё буд. Модараш – Зебо Бобохонова, номзади илмҳои педагогист.

Умед Бобохонов пас аз хатми мактаби №8-и пойтахт ба шӯъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1982-1983 баъди хатми курси сеюм ба ҳайси тарҷумон дар шаҳри Триполи (Ливия) таҷриба омӯхтааст.

Соли 1985 донишгоҳро ба итмом мерасонад. Ҳамон сол барои адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун афсар (лейтенант) ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мешавад. Дар солҳои 1985-1987 дар Омӯзишгоҳи неруҳои ҳарбӣ-баҳрии ҳавоӣ дар Севастопол тарҷумони ҳарбӣ будааст. 

Пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳайси хабарнигор кор кард. Ҳамзамон дар аспирантура низ таҳсил кардааст.

Як муддат, дар солҳои 1989-91, ҳамчун корманди илмӣ дар Институти таҳқиқотҳои сиёсии Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Аз соли 1991 то соли 1996 хабарнигори махсуси нашрияи “Комсомольская правда” (чопи Маскав) дар Тоҷикистон будааст.

Дар соли 1994 дар ҳайати як гурӯҳи бузург аз ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратӣ барои таҷрибаомӯзии думоҳа ба ИМА меравад.

Замоне, ки Тоҷикистон даргири ҷангҳои дохилӣ буд, Умед Бобохонов дар майдони иттилоотӣ норасоии расонаи  мустақилро эҳсос кард. 

Ин аст, ки тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлия Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс”-ро сабти ном мекунад. Дар апрели соли 1996 аввалин бюллетенҳои иттилоотӣ-таҳлилии Оҷонсии “Азия-Плюс” бо забонҳои русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Дар идомаи он сомонаи хабарии www.asiaplus.tj (www.news.tj) тавлид мешавад, ки аз расонаҳои пурнуфуз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти минбаъдаи ӯ танҳо бо созмон додани хабаргузорӣ ҷамъбаст наёфтааст. Дар соли 2000-ум яке аз ташаббускорони таъсиси мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри 21” мегардад. Дар даҳсолаи аввал раҳбарияти онро низ ба ӯҳда дошт. Дар давоми солҳо даҳҳо хабарнигор аз курсҳои ин мактаб гузаштаанд.

Ҳамин сол ҳафтаномаи иҷтимоӣ-сиёсии “Азия-Плюс”-ро низ ба роҳ монд, ки ҳоло аз серхонандатарин нашрияҳои мустақили Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз марти соли 2008 замимаи ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, маҷалла барои шахсони фаъоли Тоҷикистон “VIP zone” дар майдони матбуоти Тоҷикистон фаъол шуд. Аз моҳи августи соли 2010 инҷониб ҳафтаномаи “Азия-Плюс” дар як ҳафта ду маротиба нашр мешавад.

Онҳое, ки бо Умед Бобохонов кор кардаанд, мегӯянд, "Умед Бобохонов он солҳо ба хубӣ дарк мекард, ки дар Тоҷикистон иттилооти зиёд пайдо мешуд, аз хориҷ низ сарозер мешуд, аммо ба мардум камтар мерасид. Барои шикасти фазои хомӯш даст ба кор шуд". 

Ташкили аввалин радиои мустақил дар шаҳри Душанбе, ки 9-уми сентябри соли 2002 якумин барномаро пахш кард, ҳамчунин, ба номи ӯ рабт дорад. Ҳамаи ин ба осонӣ даст надодааст. Тавре ҳамкоронаш мегӯянд, "Умед Бобохонов пеш аз ҳама нисбат ба худ талаботи баланд дорад. Талош мекунад, ки кормандонашро низ дар сатҳи худ бубинад". Чунин муносибат боис ба он гардидааст, ки даҳҳо журналисти хушном аз мактаби Умед Бобохонов қадам ба журналистика ниҳодаанд.

Аммо ба дунболи радио Умед Бобохонов мехост телевизиони “Азия-Плюс”-ро низ ташкил бидиҳад, ки то ҳол иҷозат нагирифтааст.

Дар соли 2012 маҷмӯи мақолаҳову мусоҳибаҳояш, ки дар солҳои гуногун ба нашр расидааст, бо унвони «Таджики идут» рӯйи чопро дид. Дӯстонаш дар сифоти Умед Бобохонов мегӯянд, "ӯ аз он метарсад, ки дар як ҷо биистад". Аз забонаш иқтибос меоранд, ки "вақт босуръат мегузарад, замон тағйир меёбаду метарсам, ки ман дар ҷоям бимонам". Барои фарзанди замони худ будан пайваста дар талош аст.  

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви ҳайати раҳбарияти Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мебошад.

Барои дастовардҳояш дар рушди расонаҳо дар Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Дар соли 2003 аз ҷониби президенти Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Соли 2005 барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст. Соли 2006 тибқи як пурсиш дар миёни 32 сармуҳаррири расонаҳои Тоҷикистон журналисти сол эълон гардида буд.

Оиладор, соҳиби cе фарзанд.

Донандаи хуби забонҳои арабӣ, англисӣ буда, забони русӣ – забони кориаш аст.

Copyright @2015 TojNews