Суҳроб Шарифов

18-уми апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст.

Сарфи назар аз он, ки як ҷавони олуфта буд, дар баробари таҳсил ба хотири таъмини рӯзгор, ҳамзамон бо иҷрои корҳои илмӣ, чун коменданти хобгоҳ, посбон, миёнарави ширкат, назоратчӣ дар бозори “Лужники” кор кардааст.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Маскав ду сол  муаллими кафедраи фалсафа дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

Ва баъд даст ба кори илмӣ зад. Солҳои  1990-1993 аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буд. Соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи “Ҳад ва имкониятҳои озодӣ” дар риштаи “Фалсафаи  сиёсатшиносӣ” ҳимоя кард.

Аз поягузорони нахустин созмони фарҳангии тоҷикон дар Русия ба унвони “Суғдиён” мебошад. Дар даврони бозсозӣ дар охирҳои солҳои 80-ум бо ҳамроҳи Имомуддин Сатторов,  ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, Р.Сафаров, эроншиноси маъруфи тоҷики муқими Русия, Х.Муҳаббатов-олим, арбоби ҷамъиятии муқими Маскав, Парвиз МуллоҷоновЮ, сиёсатшиноси  тоҷик ва дигарон  нахустин созмони фарҳангии тоҷикон дар Русия “Суғдиён”-ро таъсис медиҳзанд.

Баъди хатми аспирантура то соли 1998 дар Маскав монд ва тӯли ин муддат  корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав буд. Ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргашт. Аввалин масъулияташ дар кишвар сардори Шӯъбаи Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва то соли 2001 дар ҳамин вазифа кор кард.

Мегӯянд, ки яке аз мубтакирони таъсиси Шӯрои илмии ВАК-и Русия оид ба ҳимояи рисолаи докторӣ дар илми сиёсатшиносӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки соли 2000-ум ба фоъилият шурӯъ кард. Худаш низ узви он буд.

Соли 2000-ум дар синни 37-солагиаш унвони доктори илми сиёсатшиносиро гирифт.

Аз соли 2001 то соли 2003  муовини сардори бахши иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2003-2005 бошад дар вазифаи  ёвари Президенти кишвар  кор кард.

Соли 2005 Директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа то моҳи декабри соли 2010 фаъолият намуд. 

Моҳи декабри соли 2011 аз ҷониби Ҳизби Халқӣ-демократӣ ба ҷои Сафаралӣ Раҷабов, ки ба таври ногаҳонӣ аз олам даргузашт, номзад пешниҳод шуд.

Вай дар аввалин рӯзҳои талошаш барои курсӣ дар парламон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд: “Ин хоҳиши худи ман буд. Кайҳо мехостам вакили мардумӣ шавам. Имрӯз чунин имконият фароҳам омад ва бо пуштибонии ҳамкоронам дар ҳизб ман номзадии худро пешниҳод намудам. Аъзои ҲХДТ, ки худи ман ҳам узви он ҳастам, номзадии маро дастгирӣ карданд. Ин албатта, интихоби ман аст”.

Интихобот дар ҳавзаи Шоҳмансур бидуни ширкати аҳзоби мухолифи давлат гузашт.

Дар он ду номзади дигар, яке сарвари Ҳизби Сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва дуюмӣ ҷонишини ректори донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ Абдуқаҳҳор Турсунов ширкат доштанд ва пирӯзӣ аз миён насиби Суҳроб Шарифов шуд. Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби Сотсиал-демократӣ ба далели риоя нашудани шаффофият дар интихобот онро таҳрим карданд.

Аз интихоби Суҳроб Шарипов ҷомеаи шаҳрвандии кишвар умедҳои зиёд дошт. Умед бар он ки шояд афкори озоди ӯ ба парламон таъсир гузорад ва дар баррасии масъалаҳо ибрози назарҳои созанда ҳам садо диҳанд. Худи ӯ низ ба ҳамин умед буд ва мегуфт: “Ман чун олим ба ин ё он масъала назари хоси худамро дорам. Дар ҷараёни ин ё он баҳсҳои парламонӣ метавонам нуқтаи назар ва мавқеъи худро баён намоям. Албатта, чун ҳамеша бо журналистон озод хоҳам буд ва ба ҳамаи саволҳояшон посух хоҳад дод”.

Ва аввалин баҳси ӯ бо вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул дар ҷараёни муҳокимаи Қонун “Дар бораи ангишт” сурат гирифт. Чунин баҳс ва чунин масъалагузориро парламони касбии Тоҷикистон вақтҳои охир ёд надошт. Вазири давлат аз ҷониби вакиле мавриди пурсиш қарор гирифт, ки аз ҳизби ҳоким интихоб шуда буд. Ин вокуниши ногаҳонӣ Шералӣ Гулро шигифтзада кард ва ҳатто посухи вазир ҳам ба гунае буд, ки касе аз он чизе намефаҳмид.

Баъдан чуноне гуфтем, чунин изҳори назарҳо дар баррасии қонунҳо ё масъалаҳои дигари парламонӣ аз ҷониби Суҳроб Шарифов расонаӣ нашуданд, вале ҷомеаи кишвар ҳам ба интизориҳои худ аз вакили мардумӣ Суҳроб Шарифов хотима надод. Аммо Суҳроб Шариповро аз даст дод.

Дар интихоботи парламентии соли 2015 боз дар ҳавзаи Шоҳмансур №3 номзад шуд. Аммо 22 рӯз қабл аз баргузории интихобот, 19-уми январи 2015 бар асари беморӣ дар Бемористони ҷумҳуриявии “Қарияи боло” ҷон ба ҷонофарин супурд.  

Муаллифи ду китоб оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, аъзои Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкории Шанхай, ОДКБ, Шӯроҳои илмии Академияи САҲА (Бишкек) ва Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсӣ, дорандаи медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. 

27-уми феврали 2015 ба Суҳроб Шарифов пас аз маргаш нишони Асамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагонро эъто карданд.

Соҳиби се фарзанд аст.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?