Собир Вазиров

Собир Вазиров, 16-уми марти соли 1978 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Зокир Вазиров, қаблан вазири маориф ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон буд.

Собир Вазиров соли 1999 факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намуда, худи ҳамон сол ба “Амонатбонк” ба ҳайси ёвари раиси бонк ба кор шуруъ намудааст. Ӯ баъдан дар ин бонк ба ҳайси муовини сардори Идораи амалиётҳои арзи хориҷӣ то охири соли 2001 фаъолият намуд.

Соли 2002 ба Маркази ҳамоҳангсозии кўмакҳои берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳамчун ҳамоҳангсозӣ дуҷониба (координатор двусторонних организаций) ба кор қабул шуда, то соли 2004 дар онҷо кор кард. Баҳори соли 2004 ҳамчун нозири Идораи муносибатҳои байналхалқӣ ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон ба кор гузашта, то соли 2007 дар инҷо дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Соли 2007 Собир Вазиров ба Хадамоти гумрук гузашт ва то соли 2011 дар вазифаҳои сарнозири Раёсати танзими тарифию гумрукӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва сардори Шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифӣ фаъолият намуд. Аз моҳи майи соли 2011 то моҳи апрели соли 2014 дар Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон аввалан ба ҳайси ходими илмӣ ва феълан ба ҳайси ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои иқтисоди беруна фаъолият намудаааст. Собир Вазиров ҳоло сардори Шуъбаи рушди маъмурикунонии андоз мебошад.

Соли 2012 дар мавзуъи “Экономико-математические методы оценки синергических эффектов в сделках по слиянию и поглашению компаний” рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаст.

Copyright @2016 TojNews