Сайнуриддин Алиев

Сайнуриддин Алиев 17-уми феврали 1959 ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна барои хидмат дар сафи артиши Шӯравӣ даъват мешавад, солҳои 1978-1980 сарбоз будааст. Ӯ соли 1981 ба Донишгоҳи техникӣ дохил шуда, соли 1986 онро бо ихтисоси муҳандис-механик ба итмом мерасонад.

Баъди хатми Донишгоҳ ибтидо дар вазифаҳои сармутахассиси АТП-3, сармутахассис, сардори Саридораи нақлиёт, механизатсия ва энергетикаи Ширкати холдингии “Тоҷикстрой” (1986-1988) кор кардааст.

Баъдан сардори Раёсати механикӣ-энергетикӣ ва нақлиёти Вазорати сохтмони ҶТ таъкин мешавад, ки то соли 1992 дар ин вазифа масъул буд. Ҳудуди 9 сол, аз соли 1995 то соли 2004  муовини раиси Ширкати давлатӣ-сохмонии “Тоҷиксохтмон” будааст. Солҳои 2004-2011 сардори Раёсати корҳо ва ҳуқуқи Агентии “Тоҷикстандарт” буд.

Соли 2004 раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин мешавад, ки то соли 2015 дар ин вазифа кор кардааст. Дар ин миён соли 2009 барои ихтисоси дуюм Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог ба поён мерасонад.

Аз соли 2015 инҷониб раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

Copyright @2016 TojNews