Саймумин Ятимов

Шахсе, ки бо собиқаи омӯзгорӣ кори дипломатӣ кардааст ва бо собиқаи кори дипломатӣ зина ба зина сарварии хадамоти амниятии кишварро ба уҳда гирифтааст. Сиёсатмадор, дипломат, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессори ифтихории Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки бо номи донишгоҳи славянӣ машҳур аст.

Ятимов Саймумин Сатторович 23-уми июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадаст. Соли 1976 Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Солҳои 1976-1977 дар мактабҳои миёнаи рақами 15 ва 10 ноҳияи Фархор омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик будааст. Баъдан муддати ду сол дар шаҳри Каунаси Литва хизмати ҳарбӣ крадааст. Баъди бозгашт ба касби пешинаи худ идома дода, то соли 1980 дар мактаби рақами 10 ноҳияи Фархор пешаи омӯзгориро идома додаст. 

Аммо баъди ин ба кори ҳукумат ҷалб шудааст ва муддати 12 сол мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархор будааст.

Аз соли 1992 барои кор ба ҳукумати вилоят ҷалб шудаст ва то соли 1996 сарварии шуъбаро ба уҳда доштааст.
Соли 1996-ро метавонад гардиши куллӣ дар зиндагиномаи худ донад, зеро маҳз ҳамин сол омӯзгори собиқ ва корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба кори дипломатӣ гузашт ва сафири супоришоти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Аммо баъди як сол мушовири фиристода дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин шуд.

Ва гардиши дигар дар зиндагиномаи ӯ: соли 2000 бо фармони Президенти Тоҷикистон ҷонишини вазири амнияти кишвар таъин шуд ва дар ин вазифа панҷ сол кор кард. Соли 2005 Ҷонишини аввали вазири умури хориҷа таъин шуд ва 2-майи соли 2007 Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Сарвари Намояндагии Тоҷикистон дар назди Ҷомеаи Аврупо (Комиссияи Аврупо, ЕСSС- Иттиҳоди аврупоии ангишт ва пӯлод, ЕАЕС – Иттиҳодияи Аврупоӣ оид ба энержии атомӣ) таъин шуд. Дар ин вазифаҳо Саймумин Ятимов се сол кор кард.

2-юми сентябри соли 2010, баъди ҳодисаҳои маълуми фирори 26 зиндонӣ аз боздоштгоҳи амнияти миллӣ ва силсилаамлиётҳо дар води Қаротегин, ки бар асари он Раиси амалкунандаи амният, генерал-полковник Абдураҳим Хайриддинов  аз мақоми худ истеъфо дод, раиси КДАМ таъин гардид. 

Саймумин Ятимов гоҳу ногоҳ бо мақолаҳои худ аз таҳлили вазъи амниятӣ дар кишвар ва минтақа дар матбуот ҳувайдо мешавад. Яке аз мақолаи дунболадор ва пурсарусадои ӯ "Идеология ва манфиати миллӣ" буд, ки моҳи апрели 2014 дар «Ҷумҳурият» - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон чоп шуд ва муаллиф аз паёмадҳои «ногувор»-и «инқилобҳои ранга» ҳушдор дод.

Баъдан дар суханрониаш дар ҳамоиши байналмилалии “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод”, ки дар тобистони соли 2014 дар Душанбе доир шуда буд, идомаи ҳамин мавзуъро дар миён гузошт ва ҳарчанд ин бор ҳам чун дар мақолааш дар «Ҷумҳурият» аз бозингарони қудратманди минтақаӣ ошкор ном набурд, вале тундтар ҳарф зад, ки боиси сару садоҳои зиёде гашт.

Азбаски ин суханронӣ баъди чанд рӯзи як ноамнии кутоҳмуддат дар Хоруғ сурат гирифт, сарвари идораи амниятии кишвар каме ошкортар ҳарф зад, то лаҳни суханрониаш ҳушдордиҳанда бошад.
«Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд... Шумо бояд шарм доред, ки дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст,  фаъолият дореду ба чунин корҳои нохуб даст мезанед. Магар ки бигӯям: Ай-яй-яй!»,-гуфт ӯ.

Ятимов рутбаи ҳарбии генерал-лейтенантӣ дорад. 20-уми феврали соли 2013, ба муносибати согларди таъсиси Артиши миллӣ сазовори ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2 шуда буд.

Бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва инглисӣ озод суҳбат мекунад. Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.

Copyright @2015 TojNews