Сайфиддин Назарзода

Сайфиддин Назарзода 3-юми ноябри соли 1956 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст. 

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддати як сол аз тариқи вазорати саноати нефти Шӯравӣ ва чор соли дигар тарҷумони неруҳои мусаллаҳ дар Афғонистон буд.

Баъди бозгашт аз моҳи октябри соли 1984 то декабри соли 1985 дар вазифаи сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз декабри соли 1985 то ноябри соли 1990 муҳаррири сарредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кард. Инчунин, котиби созмони ҳизбӣ ва узви Кумитаи ҳизбии Созмони ҳизби Коммунист дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион буд.

  Аз моҳи ноябри соли 1990 то июни соли 1992 корманди калони илмӣ ва Котиби илмии Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни соли 1992 то феврали соли 1993 директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 1993 то январи соли 2000 муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Баъдан, муддати се сол дар ҳамин кумита иҷрокунандаи вазифаи раис ва аз моҳи октябри соли 2004 Раиси Кумита таъин шуд.

Аз моҳи марти соли 2006 дар вазифаи Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, баҳори соли 2011 аз вазифа барканор шуд.

Моҳи майи соли 2011 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Аз 15-уми декабри соли 2014 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1991 дар мавзӯи вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

  Сайфиддин Назарзода дар таҳия ва нашри фарҳангномаҳои зиёди соҳавӣ саҳм дорад. Аз ҷумла дар таҳияи «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ» (соли 1993), «Асноди додраси тафтишоти пешакӣ» (1994), «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ), «Луғати  мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти гумрук» (1999), «Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳарбӣ» (2003), «Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ», (2006), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», дар ду ҷилд (солҳои 2008-2010), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» ҷилди аввал, ҳарфи «А» (2011) саҳм доштааст.

Вай муаллифи асарҳои «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихии форсӣ-тоҷикӣ», маҷмуаи «Афғонистони имрӯз» (ба забони русӣ), «Забон ва истилоҳот» (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот), «Лингвистическое изучение классических письменных памятников» (Пажўҳиши забонии осори  хаттии классикӣ), «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ - сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ», «Забон ва ваҳдати миллӣ» ва даҳҳо мақолаҳои илмиву пажуҳишӣ мебошад, ки солҳои гуногун рӯи чопро дидаанд.

Тӯли фаъолияти илмӣ зиёда аз 170 мақола дар маҷаллаву рӯзномаҳои дохиливу хориҷӣ чоп кардааст. 

Сайфиддин Назарзода ҳамчунин роҳбари мавзуи илмии «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» ва роҳбари таҳияи «Фарҳанги тафсири  забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ (дар 6 ҷилд) ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» мебошад. Зери роҳбарии ӯ бо дастури Президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2008 ду ҷилди «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» чоп шуд. 

Таҳти роҳбарии ӯ 13 нафар рисолаҳои номзадӣ ва ду нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. 

Соли 2004 докториашро дар мавзӯи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забон тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» ҳимоя кард.

Copyright © 2015 TojNews