Саттор Турсун

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст.

Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публистистика,  мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.

Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд.

Солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам”-ро ба уҳда дошт. 

Саттор Турсунро  нависанда медонанд, ки набзи замонро накӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.  Аввалин ҳикояҳои худро даврони донишҷӯӣ навиштааст, вале замони кор дар “Садои Шарқ”-ро оғози фаъолияти густардаи эҷодии худ медонад.  Ва аввалин китобаш ҳам бо номи “Дили гарм” дар дуввумин соли кораш дар “Садои Шарқ” рӯйи чопро дид. Дар як муддати кутоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар рӯйи чоп медиданд.

 Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои  “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Обдорӣ”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Барф ҳам мегузарад”, “Падар”, “Се рӯзи як баҳор”, “Думбура”, “Пайғамбарзот” маъруф аст.

Аввалин маҷмуъаи ҳикояҳои ӯ бо номи “Дили гарм” соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуъаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи “Сукути қуллаҳо” интишор ёфт.

Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда:  “Камони Рустам” (1976), “Аз субҳ то шом” (1979), “Барф ҳам мегузарад” (1983), “Дувоздаҳ ҳикоя”  (барои бачаҳои синни калони мактабӣ, 1986), “Се рӯзи як баҳор” (1988), “Дарахти ҳазорсола” (1991), “Санг дар бағал ба тӯфон” (2002), “Чорбанди домангир” (2011) ва ғайра.

 Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.

Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад.

 Саттор Турсун дорандаи ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985) буда, бо Ифтихорномаҳои раёсати Шурои Олии Тоҷикистон ва Кумитаи Сулҳ, инчунин бо медали биринҷии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Иттиҳоди Шуравӣ мукофонида шудааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони СССР мебошад. Соли 1994 нависанда бо унвони “Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 1998 бо унвони “Нависандаи Халқии Тоҷикистон” мушарраф гардидааст.

Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Фарҳанг» ва “Садои Шарқ” аст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.

Copyright @2016 TojNews