Самариддин Асозода

Журналист ва нависанда. 

Самариддин Ҳушёрович Асоев, 25-уми майи соли 1972 дар деҳаи Ҳавзакои ҷамоати «Ватан»-и ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.
Соли 1989 мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм мекунад. Ҳанӯз дар замони таҳсил дар мактаби миёна аввалин нигоштаҳояш дар нашрияҳои даврӣ рӯи чоп омада буданд.

Пас аз хатми мактаби миёна фаъолияти кориашро дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор шурӯъ мекунад, аммо ин дер намепояд. Баъди як соли фаъолият дар колхоз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват гардида, ду сол (1990-1991) хизмати ҳарбӣ намудааст.

Аз соли 1991 инҷониб дар расонаҳои даврӣ фаъолият дорад. Рӯзноманигори касбӣ буда, тамоми зинаҳои фаъолияти журналистиро гузаштааст. Фаъолияти рӯзноманигориашро дар вазифаи мусаҳҳеҳ дар нашрияи ноҳиявии «Гулистон» оѓоз мекунад, ҳамзамон шунавандаи шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи мазкурро соли 1999 хатм кардааст.
Соли 1992-1993 дар вазифаи мутассадии чопи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва солҳои 1993-1995 дар вазифаи хабарнигори нашрияи «Нидои ранҷбар» кор кардааст.

Як муддат аз соли 1995 то соли 1997 сардори шӯъбаи маъмурии Ширкати синамо ва видеои ҷумҳурӣ «Тоҷиккино» будааст. Ҳамин тавр дар солҳои гуногун хабарнигори рӯзномаи “Гулистон” (1997-1999), хабарнигори ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан” (1999-2000), мухбири калон, муовини котиби масъули рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2000-2005), муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор»-и Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон (2005-2006) будааст.

Аз соли 2006 дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият дошт. 6-уми июли соли 2015 муовини якуми сармуҳаррири "Ҷумҳурият" таъин шуд.

Онҳое, ки ӯро хуб мешиносанд, мегӯянд, хислатҳои хуби инсониаш аст, ки баъди раҳбарии ӯ дар «Ҷавонони Тоҷикистон» ин ҳафтанома ба яке аз идораҳои орому осуда табдил гардидааст. Аз қадрдониву кордониаш низ сифат мекунанд. Аз ҷумла «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро ягона нашрияе медонанд, ки ба муносибати ҷашневу чорабиние собиқ кормандонашро ёдоварӣ намуда, қадрдонӣ мекунад.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Бе ман нахандед» (2000), “Ашки ханда” (2011) мебошад, ки барои ҳаводорони ҳаҷв пешниҳод шудаанд.

Як силсила ҳикояву ҳаҷвияҳои адибони рус Михаил Задорнов, Леонид Франсузов, Михаил Плотитсин, Константин Мелихан, Герман Гроф ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи матбуот (2005) ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010), узви раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (2006) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2007) мебошад.

Бо медали 100-солагии матбуоти тоҷик мукофотонида шудааст (2012). Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоикистон (2002), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоикистон (2012), Аълочии фахрии маорифи Ҷумҳурии Тоикистон (2011) аст.
Оиладор, соҳиби ду писар ва як духтар мебошад.

Copyright © 2015 TojNews