Саидалӣ Маъмур

Аз шоирони тавонои муосири тоҷик аст. Муаллифи шеър  ва суруди машҳури солҳои ҳаштодуми асри гузашта “Одам бо одам зиндааст” мебошад.

Аз ҳамнаслони Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Сорбон, Гулназар ва Гулрухсор аст.

Шоир 28-уми декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Ӯротеппа, ҳозира Истаравшан ба дунё омадааст.

Пас аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати мухбир, муҳаррир ва роҳбар дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон кор кардааст.

Солиёни зиёд муовини муҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон», ки баъдан ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном кард, будааст.

Дертар ҷонишини директори Нашриёти «Адиб» будааст. Ҳоло мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Нахустин шеърҳояш дар матбуоти даврӣ соли 1963 чоп шуда, ба зудӣ дар байни ҳамнаслон мақоми худро пайдо кард.

Шоир яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик ба шумор меравад  ва ӯ муаллифи китобҳои «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Меҳвар» (1980), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Давлати дидор» (2014) ва ғайра мебошад.  Дар бахши адабиёти бачагона низ Сайидалӣ Маъмр ашъори зиёд ва дилчаспу самимӣ эҷод кардааст. Маҷмӯъаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) метавон аз беҳтарин китобҳои шоир барои бачагон шуморид.

Бахшида ба ҷашни шастсолагии нозим китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» (2004) ба табъ расидааст.

Як қисми ашъораш ба русӣ тарҷума ва дар маҷмӯъаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд.  Дар айни замон худи Сайидалӣ Маъмур ҳам дар тарҷума моҳир будани худро исбот намуда, як силсила асарҳоро ба тоҷикӣ гардонидааст.  Аз ҷумла, тарҷумаи китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А. Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р. Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Гарсиа Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ба қалами ӯ мансубанд.

Шеърҳояш ба бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯъаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзандӣ» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбакӣ ва белорусӣ чоп шудаанд.

Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд.

Барандаи Ҷойизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1978), Ҷойизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997) ва соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2003) мебошад.

Бо ифтихорномаҳои Шӯроҳои Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?