Сахидод Хоркашев

Сахидод Хоркашев, директори Инситути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон 

Сахидод Хоркашев 27-уми октябри соли 1964 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №37-и ин ноҳияро соли 1982 хатм мекунад. Ҳамон сол донишҷӯи дар факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И.Ленин мешавад. Донишгоҳро соли 1989 бо ихтсоси “Забон ва адабиёти шарқ” ва квалификатсияи “Филолог, муаллими забони форсӣ ва забону адабиёти тоҷик” ба итмом расонидааст. 

Аз моҳи майи соли 1984 то моҳи майи соли 1986 дар сафи Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунад.

Аз 1-уми сентябри соли 1989 то моҳи ноябри соли 1991 лаборанти Шӯъбаи диалектологияи Инситути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо буд. Солҳои 1991-1994 аспиранти Инситути мазкур машғули таҳсил будааст. 

Аз 1-уми ноябри соли 1994 то соли 1998 дар вазифаи ходими илмӣ аз 1-уми январи соли 1998 то 24-уми майи 2003 ходими калони илмии Шӯъбаи мазкур кору фаъолият дошт. 

Як муддат аз 24-уми майи соли 2003 то 31-уми январи соли 2005 дар вазифаи муҳаррири маҷаллаи “Бойчечак” кор кардааст. Аз 1-уми феврали соли 2005 то 1-уми апрели соли 2005 ёрдамчии ректори ДДОТ ба номи Қ,Ҷӯраев  ва аз 1-уми апрели соли 2005 то моҳи феврали соли 2008 муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи мазкур буд. 

Ҳамин тавр аз моҳи июни соли 2008 то майи 2010 мудири кафедраи забони тоҷикӣ, аз моҳи июни соли 2010 то июни соли 2012 декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ, солҳои 2012-2013 рухсатии эҷодӣ, аз соли 2013 то 2015 мудири кафедраи забони тоҷикии факултети мазкур кор кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2015 дирекори Инситути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо мебошад. 

Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Copyright @2015 TojNews