Сафарбек Солеҳ

Дар синамо аз ҷумлаи ҳунармандони эътирофшуда аст. Филмҳояшро борҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ қадрдонӣ ва эътироф кардаанд.

Сафарбек Солеҳ 15-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Вале бештар майл ба синамо кардааст. Табъи баланди шоирӣ дошта, шеър ҳам мегӯяд...

Майлу рағбат ба синамо ӯро ба остонаи мактаби олии сенариянависон ва коргардонони Маскав бурдааст ва  соли  1993 ин мактаби ҳунариро хатм кард. 

Муддате дар киностудияи “Тоҷикфилм” коргардон буд. Соли 2004 баъди хатми бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ва дарёфти дипломи ҳуқуқ муддате коршиноси ҳуқуқии Бонки ҷаҳонӣ буд ва баъди он 12 сол аст, ки дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ифои вазифа мекунад ва дар канори ин фаъолиятҳо ба корҳои эҷодиаш идома медиҳад.  

Соли 1989 нахустин филми худро бо номи ''Жакон'' ба навор гирифт ва ин филм худи ҳамон сол дар Порис ҷоизаи "Беҳтарин филм дар бораи инсон"-и ЮНЕСКО-ро сазовор шудааст. Вале ин аввалину охирин ҷоиза барои “Жакон” набуд, баъдан ҳам дар чандин киноҷашнвора ширкат кардаву дар номинатсияҳои гуногун соҳиби мукофот шуд.

 Сафарбек Солеҳ аз ҷумлаи синамогаронест, ки масоили миллиро бештар баррасӣ кардаанд, чун худ сиришта аз ифтихороти миллист. Ва аввалин касест, ки дар бораи “Наврӯз” бо исми “Ба номи Ҳурмуз” филм бардоштааст. Дар суҳбате бо ТojNews гуфта буд: “Аз замоне, ки даст ба офариниши филмҳо задам, ҳамеша талош мекунам ибтикори худам бошад. Бароям он чизе хуш аст, ки худам хоҳиш дошта бошам. Аз ин рӯ ҳамеша барои филмҳоям худам сенария менависам, худам коргардонӣ мекунам. Ва он сол ҳам хостам дар бораи Наврӯз филм бардорам, чун касе то он замон инчунин кореро анҷом надода буд. Баъди суҳбат бо донишмандони маъруфи кишвар Нодир Одилов, Мирбобо Мирраҳим, Нисор Шакармамадов, ки воқеъан ҳам дар бораи Наврӯз тасаввуроти комилу назари олимона доштанд, сенарияи онро навиштам. Ва албатта, аз осори таърихӣ дар мавриди Наврӯз мавод пайдо кардам. Бахусус, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, аз “Наврӯзнома”-и Хайём, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ ва ғайра истифода бурдам. Чанд гурӯҳи корӣ созмон додам, ки якбора дар манотиқи мухталиф ҳамзамон ҷашни Наврӯзро, ки нав иҷозаи таҷлилаш содир шуда буд, филмбардорӣ кунанд”.

  Филми “Ба номи Ҳурмуз” як маъруфияти ба худ хос пайдо кард, дар Маскав ''Совэкспортфилм'' онро бо забони инглисӣ тарҷума намуд ва 47 кишвари олам онро хариду намоиш дод.

Баъде, ки Давраи олии Сенариянависон ва коргардонони Маскавро хатм намуд, рӯ ба офариниши филмҳои ҳунарӣ овард. "Ангуштари арӯсӣ", "Тақвими интизорӣ" ва "Ҳамсояҳои наққош" аз ин ҷумлаанд. Вале дар коргоҳи филмофарии ӯ мустанад дар ҷойи аввал қарор гирифт ва дар давоми  20 сол 22 филми мустанади ӯ пешкаши бинанда кардааст. Мегӯяд мустанад, аз он ба дилу дидааш наздик аст, ки аз воқеъият ҳикоят мекунад ва тахайюлоти иғроқомез надорад.

 Дар  ҷашнвораҳои Олмотӣ, Деҳлӣ, Карелай, Шинай, Теҳрон, Рум, Берлин, Лондон, Нант, Порис, Маскав, Везул, Санкт-Петербург, Боку ва ғайра бо филмҳояш иштирок намуда, соҳиби чоизаҳо гаштааст.

“Ин ҷоизаҳое, ки мо мегирем, танҳо қадрдонии кори мо дар дигар кишварҳост ва хеле шартианд. Ин ба коргардон умеду неру мебахшад. Сафарҳои зиёд мекунӣ аз равандҳои имрӯз огоҳ мешавӣ. Мо ҳеч вақт ба сатҳи ҷаҳонии синамо намерасем. Зеро яке аз қашшоқтарин ва осебпазиртарин кишварем”,-мегӯяд ӯ.

Охирин филми ӯ дар бораи коргардони маъруф Комил Ёрматов бо номи “Комил” буд, ки соли гузашта ба ифтихори 110 солагии нобиғаи синамо наворбардорӣ кард. Ин филм моҳи октябри соли 2014 ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”-ро оғоз бахшид.

Мегӯяд барои филмаш тӯли чанд соли охир  дар Тошканд, Маскаву Душанбе, Санкт-Петербургу Хуҷанд, Конибодому Ню-Йорк ҳудудан 36 соат филмбардорӣ кард. “Комил Ёрматов аввалин нафаре буд ки дар аввали асри бист таҳсилоти ҳирфаии синаморо дар Маскав назди Сергей Эйзенштейн анҷом дод. Филми аввалини мукаммали ҳунарии ӯ беҳтарин филми соли 1932 Шӯравӣ маҳсуб шуд, иттифоқан ин охирин филми бесадо буд. Ӯ ҳам муаллиф, ҳам коргардон ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосӣ буд. Аввалин бор дар ин филм София Тӯйбоева низ нақш офариданд ва ҷоизаҳои роиҷи он замонро бо шумули соатҳои тиллоӣ соҳиб шуданд”.

Вале мутаассифона бо гузашти як сол аз нахустнамоиши “Комил” дар Душанбе ягон ниҳоди эҷодӣ, шабакаҳои телевизионии кишвар ин филмро намоиш надоданд. Қарор аст рӯзҳои наздик нахустнамоиши он дар Санк-Петербург ва Ню-Йорк дар назар аст.

Сафарбек дар бораи вазъи синамо дар кишвар зиёд меандешад ва мегӯяд: “Синамои мо мисли соири бахшҳои фарҳанги мо оинаи зиндагии мост. Оё ягон риштае ҳаст, ки мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба он муваффақ шуда бошем, ки аз синамо инро мехоҳем? Яъне, сатҳи пасти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки аз он сар мезанад, камбуди маблағ, коргардон, коршиносони техникӣ ва ғайра аст”.

Аз он ки дар ин як даҳсола ягон ниҳоди эҷодии кишвар пешниҳоди наворбардории филмеро накард, дилшикаста нест ва ин ба руҳияи эҷодии вай таъсир ҳам намерасонад. “Нороҳат нестам. Ниёз ҳам надорам. Беҳтараш 3 сол сари як филми кутоҳ бо он имконоте, ки дорам озод кор мекунам ва дар ҳама ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ маро бо камоли эҳтиром даъват мекунанд. Парчами Тоҷикистонро мебардоранду филмамро нишон медиҳанд. Ҳар кас ба тариқи худ хизмат ба Ватанро мефаҳмад”,-мегӯяд ӯ.

Номгӯи филмҳои ӯ:

  1. "Жакон"
  2. "Ашаглон"
  3. "Kобус"
  4. "Дар диёри қаҳрамони халқ"
  5. "Ба номи Ҳурмуз"
  6. "Ҳадди охир"
  7. "Мадори ҷустуҷӯ"
  8. "Дарё"
  9. "Соярушан"
  10. "Байни нилуфару вақт”
  11. "Гул ба домони диёр"
  12. "Ганҷи бодовард"
  13. "Ғайриоддӣ"(аз руи ҳикояи Чехов)
  14. "Чархофалак"
  15. "Ҷазираи умед”
  16. "Шоҳнома"
  17. “Комил”
  18. "Ангуштари арӯсӣ" (филми ҳунарӣ)
  19. "Ҳар рӯз дар набард"
  20. "Тақвими интизорӣ" (филми ҳунарӣ)
  21. "Нусур"
  22. "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ).

Соҳиби се дипломи олӣ буда, бо забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ ва фаронсавӣ хуб ҳарф мезанад.

Китоби шеърҳояш бо ҳуруфи крилӣ ва форсӣ омодаи чоп аст, ҳамчунин тарҷумаи русии ашъорашро низ ба чоп додааст, ки ба наздикӣ чоп мешавад.

Оиладор ва соҳиби ду писар мебошад.

Copyright @2015 TojNews