Сафар Ҳақдодов

Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 1986 дар “Тоҷикфилм” кор мекунад.

Муассис ва раҳбари “Дидор”, аввалин ва ягона Кинноҷашнвораи байнулмилалии Тоҷикистон аст.

Кинофестивали мазкур соли 2014 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Сафар Ҳақдодов аз соли 2011 раиси Иттифоқи синамосозони Тоҷикистон аст.

Соҳиби Гран-прии ҷашнвораи байналмилаллии синамо дар шаҳри Тампер (Финландия) барои филми кӯтоҳи “Хоб дар бедорӣ” (соли 1991) ва ҷоизаи “Қиёми рӯз” (11 ҷоиза дар ҷашнвораҳои байнулмиллалӣ) аст.

Соли 2014 аз рӯи филмномаи "Муаллим"-и Сафар Ҳақдодов дар таҳияи коргардони шинохтаи тоҷик - Носир Саидов филми ҳамном наворбардорӣ шуд, ки яке аз филмҳои дар ёдмондании солҳои охир мебошад. Дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, доронаи ҷоизаҳо низ шуд.

Copyright © 2015 TojNews