Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдуллоҳ яке аз пуркортарин олимони муосири тоҷик аст. Вай тоза аз Маскав баргашта буд,ки нооромиҳо ӯро водор кард дубора меҳанашро бо дидаи хунбор тарк кунад.

Инак, муддати бештар аз бист соли охирро дар хориҷ аз Ватан мегузаронад ва шояд ин бахши зиндагонии ӯ пурбортарин солҳои талошҳои илмии ӯ бошанд.

Сафар Абдуллоҳро сарнавишт  ба шаҳри  Олмотӣ (Себистон) ба Қазоқистон бурд ва ӯ аз баракати донишу тавоноиҳоии илмию фарҳангии худ дар ҳавзаи адабиву илмии он диёр роҳ ёфт.

Вай аз аввалин рӯзҳои вурудаш ба шаҳре, ки барояш комилан бегона буд, талошҳои зиёде кард, ки дар он диёр ба миллати мо эҳтиром қоил шаванд. Барои исботи тоҷик набудани ҷугии талбанда дари канолҳои телевизионии ин шаҳрро кӯфт ва муваффақ ҳам шуд, ки қазоқҳо ва сокинони ин кишвар тоҷикро аз ҷугӣ фарқ кунанд. Ва хеле бо таассуф мегуфт, ки дар аксар маврид ҷугиҳо худро тоҷик муаррифӣ менамуданд ва бо баҳонаи он ки ҷанг хонабардӯшашон кардааст, гадоӣ мекарданд.
Олими тоҷикро лозим омад аввал барои шарафи миллаташ дар набард шавад ва собит кунад, ки тоҷик хонабардӯш  ҳам, ки шуд, бори гарони ғарибиро мекашад, вале даст ба гадоӣ намебарад».

Сафар Абдуллоҳ барои муҳити адабиву фарҳангӣ ва илмии Қазоқистон бегона набуд, чун дар замоне, ки дар Маскав кору зиндагонӣ мекард, бо чанде аз олимони шинохтаи ин кишвар равобити дӯстӣ дошт ва ториху фарҳангу адаби минтақаро медонист. Аз сӯи дигар вай бо Олжас Сулаймонов, адиби шуҳратёри ин сарзамин равобити дӯстона дошт ва чандин тан аз адибони дигар амсоли Мухтор Шаханов, Улуғбек Есдавлат ва ғайраро низ хуб мешинохт. Мурод Авезов фарҳангшинос ва донишманди шинохтаи қазоқ Сафар Абдуллоҳро аз беҳтарин ховаршиносони минтақа ва донандаи фарҳанги Ирону Турон хонда аст.

Дар марҳилаҳои баъдии зиндагонии ӯ дар Қазоқистон мо мебинем, ки вай дар чопу таҳия ва пажуҳиши осори Олҷас Сулаймонов саҳми сазовор гирифтааст. Ӯ нахустин бор осори мунтахаби Олжас Сулаймоновро дар ҳафт ҷилд ва ҳашт китоб соли 2005 тадвин ва виросторӣ намуда, бо пешгуфтори муфассале, ки «Шоир ва Шаҳрванд» («Поэт и гражданин») ном дорад, ба чоп расонид. Ҳамон сол расонаҳои гуруҳии Қазоқистон ба ин кори донишманди тоҷик баҳои баланд доданд ва пешгуфтори ӯро, ки дар матбуоти Ќазоқистон ба забонҳои қазоқию русӣ чоп шуд, беҳтарин мақола дар бораи шеър номиданд. Дар листи китобҳои олим, мо боз 4 китоби дигари ин адиби оламшумулро низ мебинем, ки бо таҳия ва кӯшиши Сафар Абдуллоҳ интишор ёфтааст.

Сафар Абдуллоҳ 30 декабри соли 1955 дар Тоҷикистон дида ба ҷаҳон гушодааст. Хатмкардаи донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.
Солҳои 1979-1984 давраҳои коршиносӣ ва аспирантураи Институи адабиёти ҷаҳони вобастаи Акодимии улуми иттиҳоди шуравиро бо мувафақият сипарӣ кард ва дар ҳамин пажуҳишгоҳ поённомаи худро таҳти унвони «Сунани ҳаммосаҳои миллӣ дар шеъри муъосир» дифоъ намуд.

Сафар Абдуллоҳ аз маъдуд касоне (аз тоҷикон) буд, ки аз оғози солҳои ҳаштодуми қарни гузашта мақолоти илмию адабии ӯ дар матбуоти Маскав аз ҷумла: «Вопроси Литературы» «Литературная Газета» ва «Дружба Народов» ва ғайра интишор мешуд ва ҳамеша мавриди вокунишҳои мусбат аз суйи доираҳои илмиву адабӣ буд. Ин буд, ки соли 1984 эшонро барои кор ба институти Адабиёти вобастаи Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ даъват намуданд ва то 1991 ӯ ба симати  муаллими калон ва донишёри (дотсенти) Институи номбурда, фаъолият кард ва ҳамзамон корманди калони илмии Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва баъдан кормандои Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар шаҳри Олмотї низ вайро аввал корманди калон ва баъдан корманди пешрави илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Қазоқистон ва ҳамзамон профессори кафедраи Забонҳои Шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон ба кор пазируфтанд.. Аз соли 1989 Узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ аст.
Сафар Абдуллоҳ олимест, ки дар риштаи таърих ва назарияи адабиёти асрҳои қадим ва миёнаи форсу тоҷик, нақди адабӣ, шеъри муосири форсӣ корҳои пажуҳишӣ мебарад. Вай иртибототи таърихию фарҳангии халқҳои Шарқ, қабл аз ҳама халқҳои форсзабон ва туркзабон ва фарҳанги исломиро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додааст. Забони форсӣ ва нақши он дар фарҳангу тамаддуни Шарқи асрҳои миёнаро хеле хуб омӯхтаву пажуҳишҳои арзишманде дар ин замина анҷом додааст.

Тарҳи пажӯҳишии  ӯ бо номи «Равобити таърихию фарҳангии Эрон ва Дашти Қипчоқ» аз ҷониби Пажуҳишгоҳи шарқшиносии вобастаи вазорати ъулум ва омӯзиши Қазоқистон ва Маркази аснод ва таърихи дипломатияи ВКХ Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди пазириш қарор гирифтааст. То кунун бо ибтикори Сафар Абдуллоҳ панҷ конфронси илмӣ дар ин росто бо ширкати олимони Эрону Осиёи Миёна ва Русия баргузор шуда, ки матолиби онҳо бо ҳамин ном дар чаҳор китоб, ду китоб ба забони русӣ ва ду китоб ба забони форсӣ дар Олмотӣ ва Теҳрон ба чоп расида аст.

Сафар Абдуллоҳ барои аввалин бор нусхаи хаттии тоҷикӣ (форсие)-ро, ки дар Қазоқистон маҳфуз буд ва касе аз вуҷуди он огаҳӣ надошт, мавриди мутолиъа қарор дод ва натиҷаи ин ковишҳои ӯ таҳияи феҳристи илмии нусхањои хатии форсии маҳфуз дар китобхонаи миллии Қазоқистон буд, ки соли 2008 ба теъдоди њазор нусха ба забони русӣ дар Олмотӣ  ба чоп расид . Ва  ҳамчунин ӯ бо ҳамкории доктор Саид Боқири Камоладдинӣ ба устонҳои ҷанубии Қазоқистон сафар карда, нусхаҳои қадимии форсиро дар шаҳрҳои Тароз, Исфиҷоб (ҳоло Сайрам) Чимкент, Туркистон пайдо кард, ки дар китобхонаҳои шахсӣ, музейҳо ва бархе китобхонаҳои он диёр маҳфузанд ва ҳоло феҳристи илмии дастхатҳои форсӣ дар Ҷумҳурии

Қазоқистон омода аст ва қарор аст дар Эрон бо ҳамкории Китобхонаи миллї ва Маркази «Нашри мероси мактуб»-и ин кишвар интишор ёбад.
Ҳамчуноне ишора рафт, доктор Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таълифи китобҳои зиёде, ки ҳар кадом арзиши волои фарҳангӣ ва пажуҳишӣ доранд, мутааллиқ ба қалами ӯянд. Дар як мақолаи кутоҳ танҳо метавон ба унвони мисол чанде аз онҳоро ном бурд.
«Марсияи Хуршед» («Элегия Солнцу») бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Лоиқ, ки то ин замон ду маротиба нашр шудааст. Китоб силсилахотироти адибон, шахсиятҳои шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ ва илми кишвар ва хориҷ аз онро гирд овардааст.
«Шаранги андуҳ», низ пажуҳишест мухтасар аз осори гаронмояи шоири баруманд Лоиқ Шералист, ки соли 2001 дар ҳаҷми 80 саҳифа дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.

Китоби эшон «Сунани ҳамосаҳои миллӣ дар шеъри муосир», ки соли 1984 барои чоп пешниҳод шуда буд бо далоиле ҳанӯз чоп нашуда аст ва муаллиф онро таҳриру такмили ҷадид карда, дубора ба дасти чоп супурдааст.
Китоби «Нури сухан» (Маҷмуъи мақолоти эроншиносӣ, чопшуда дар матбуоти Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, бо забони тоҷикӣ ва бо хати срилик)  дар Олматї, соли 2005 аз чоп баромадааст.

Китоби «Магические мосты» («Пулҳои ҷодуӣ»), бо забони русӣ (маҷмӯъаи мақолаҳои илмӣ пажуҳишӣ ва интиқодӣ), Олматї, соли 2005.
Китоби «Наврӯз ҳадяи Эрон ба ҷаҳон», бо забони русӣ, Олматї, соли 2006.
Феҳристи нусхаи хати форсӣ дар Китобхонаи миллии Қазоқистон (бо ҳамкории Сайид Боқир Камолиддинӣ), шаҳри Олматї соли 2008.
Фарҳанги тахассусии русӣ ба форсӣ ва форсӣ ба русӣ, шаҳри Олматї, соли 2011.
«Ҳазор номи эронӣ ва ҳазор вожаи порсӣ дар миёни қазоқҳо», Олматї, 2009 (Ҳанӯз чоп нашуда аст!)
Сафар Абдуллоҳ дар кори тарҷума ва таҳияи осори форсӣ ба русӣ ва русию қазоқӣ ба форсӣ заҳамоти зиёд кашидааст. Вай китоби «Андешаҳои Абай»-ро ба забони порсӣ тарҷума карда аст, ки соли 1995 дар Эрон таҳти унвони «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Обой» мунташир гардидааст.

Китоби «Эрон чӣ ҳарфе барои гуфтан дорад?» навиштаи доктор Муҳаммадалии Исломӣ Надӯшан низ бо ибтикор ва эҳтимоми Сафар Абдуллоҳ ва ҳамкории Зарина Жондусова аз форсӣ ба русӣ тарҷума намуда, соли 2008 интишор ёфтааст.
«Ишқи Монии наққош», асари Темур Зулфиқоровро аз русӣ ба форсӣ тарҷума кардаст.

Қиссаи маъруфи Мухтор Авезов нависандаи бузурги қазоқро «Гурги хокистарӣ»ро, ба форсӣ барои  маҷаллаи «Бухоро» (Эрон) тарҷума кардааст.
Ӯ муалифи  беш аз 250 мақолаҳои илмиву пажуҳишӣ, дар заминаи таърихи адабиёт ва забони форсиву тоҷикӣ, оинҳои миллии эронинажодон, ҳамосаҳои миллӣ ва шеъри мусоир мебошад, ки дар нашрияҳои кишвар ва хориҷ аз он бо забонҳои  форсӣ (тоҷики)ву русӣ ва қазоқӣ, инглисӣ, ва ғайра нашр шудаанд. Сафар Абдуллоҳ аз маъдуд ъолимонест, ки ҳар сол дар чандин конфронсҳои илмии байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ мекунад.

Солҳо ба мутолиъаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ машғул аст. Ва чанд мақола низ дар нашрияҳои илмии Эрону Россия ва Қазоқистону Тоҷикистон ба интишор расонида аст. Аз ҷумла ду мақолаи ӯ дар мавзӯъи « Муносибати марзии Эрон ва Турон ба ривояти Шоҳномаи Фирдавсӣ» дар фаслномаи «Таърихи равобити хориҷї» (соли дувум ,шумораҳои 7 ва 8 ,тобистон ва пойизи соли 1380 с.7 то 17) ва мақолаи «Иран и Туран по «Шах-наме» Фирдоуси» (в научном сборнике «Рахмат-наме» Санкт –Петербург «008 Г. Стр :24-37) ,ба чоп расид,ки дар воқеъ сухани тоза дар ъилм ва посухи мантиқӣ ба понтуркистоне буд,ки Тӯронро сарзамини туркон эълом намуда худро вориси тамаддуни дерини минтақа эълом намуда буданд.Ӯ бо иттако ба матни «Шоҳнома»ва манобеъи зиёди таърихӣ ва ъилмӣ собит мекунад,ки Турон ҳаргиз сарзамини туркон набудааст!

Муҳимтарин коре ки Сафар Абдуллоҳ дар ин солҳо тани танҳо анҷом дод, ин таъсис ва нашри маҷаллаи байналмилалии «Эроннома» ба забони русӣ аст, ки ба эътирофи бисёре аз мутахассисон дар ҳоли ҳозир аз беҳтарин маҷаллаҳои илмии ховаршиносӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Дар ин бора чандин бор донишмандон изҳори назар кардаанд ва то кунун 28 шумора аз ин маҷаллаи дар ҳаҷми 350 то  370 сафҳа интишор шуда аст, ки дар ҳар шумора бетардид чандин мақолаи муҳими илмӣ аз олимони бузурги кишварҳои мухталиф ба чоп расида аст. 

Сафар Абдуллоҳ аз созмондиҳандагони «Маркази мутолиъоти фарҳангии  Эрон ва Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Алмаато мебошад. Бо ташаббуси ӯ зиёда аз 20 ҳамоиш ва конфронсҳои байналмилалии илмӣ дар заминаҳои  гуногуни эроншиносӣ  баргузор шуд ва ҳоло бисёриҳо Қазоқистонро ба унвони яке аз марокази эроншиносӣ шинохтаанд. Вай мутарҷими ҳамешагии конфронсҳои илмии марбут ба Эроншиносӣ ва гардонандаи ин гуна чорабиниҳо бар Қазоқистон ва гоҳо дар эролну Русия низ буда аст.

Доктор Сафар Абдулолоҳ ба фарқ аз ҳамтоёни тоҷикаш дар Тоҷикистон сомонаи худро дорад ва номгӯи асарҳову мақолаҳо ва шакли электронии аксари таълифоташро метавон аз ҳамин сомона (safarabdulloh.kz) мутолиа кард

Ба сурати умум дар бораи доктор Сафар Абдуллоҳ навиштан кори саҳл нест. Чун наметавон ҳама ҷанбаҳои фаъолияти ӯро дар як мақолае, ки ҳадаф аз он танҳо муаррифии шахсиятест, ғунҷонд.Умедворам боз дар фурсатҳои муносиб фаъолиятҳои илмӣ ва пажуҳишии ӯро барои ҳамватанонамон муъарифӣ намоем.

Copyright © 2015 TojNews