Лутфулло Саидмуродов

Лутфулло Саидмуродов, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон 4-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. 

Соли 1976 ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, соли 1981 онро бо ихтисоси иқтисодӣ хатм кардааст.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Маскав фаъолияти кориашро Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаи асистенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ оғоз кард.

Баъди чанд моҳи фаъолият соли 1982 дубора ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав баргашта, коромӯз-тадқиқотчии факултети иқтисодии ин муассиса шудааст.

Солҳои 1983 - 1986 аспиранти Шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав будааст.

Баъди хатми аспирантура Лутфулло Саидмуродов ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ), ба кор ҷалб шуда, то соли 1996 дар кафедраҳои кафедраи назарияи иқтисод ва муносибатҳои байналхалқии ин муассиса кор мекард. 

Солҳои 1996-2004-директор ва профессори байналхалқии ҳамкори барномаи байналхалқӣ “Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии Тоҷикистон буд. 

Дар як вақт ӯ аз соли 1998 то соли 2006 дар вазифаи декани факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 

Соли 2010 аз ҳавзаи якмандатии Истаравшан №23 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Аз соли 2013 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб шудааст.

Соли 2015 баъд аз як моҳи ба итмом расидани ваколати вакилиаш бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуд.

Copyright © 2015 TojNews