Қосими Бекмуҳаммад

Рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик 3-юми апрели соли 1961 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст.

Вай соли 1968 қадамҳои нахустини худро барои гирифтани таълимоти ибтидоӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 ноҳияи Бохтар гузошта, соли 1978 онро бо муваффақият ба анҷом мерасонад.

Аз соли 1978 то 1983 дар факултети филологияи тоҷики (гурӯҳи рӯзоманигорӣ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро таҳсил карда, фаъолияти кории худро аз рӯзномаи ноҳиявии “Вахш”, ки аз ҷумлаи нашрияҳои муваффақи маҳаллӣ ба шумор мерафт (бо теъдоди 14 ҳазор нусха чоп мешуд), оғоз намудааст.

Сипас тайи ду сол масъулияти муҳарририи барномаҳои сиёсии Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Қӯрғонтеппаро анҷом дода, муддате (1985-1987) тарҷумони гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар Созмони демократии ҷавонони Афғонистон буд.

Дар соли 1990 вакили Шӯрои намояндагони мардумии ноҳияи Бохтар интихоб мешавад.

То соли 1993 ба кори худ дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Қӯрғонтеппа идома дода, дар соли 1994 бо ҳадафи иқомати муваққат ба Қирғизистон рафтааст. Тайи дувоздаҳ сол мутарҷими сафорати Эрон дар Қирғизистон буд. Дар ин муддат дар баргузории барномаҳои гуногуни ҷамъияти тоҷикони ин кишвар саҳми фаъол дошта, яке аз рисолатҳое, ки Қосими Бекмуҳаммад ва дигар рушанфикрони тоҷик дар ин давра дар Қирғизистон анҷом доданд, муаррифии симои мусбати мардум тоҷик аз тариқи расонаҳои маҳаллии ин кишвар буд. Мушкил дар он буд, ки баъзе аз рӯзномаҳои чопи Бишкек бо баҳонаи ҷанги Тоҷикистон мардуми моро барои Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун манбаи хатар нишон медоданд, ки чунин иқдом боиси шакку шубҳаи сокинони маҳаллӣ дар мавриди ҳазорон нафар фирории тоҷик мешуд, ки ба ин кишвар паноҳ оварда буданд. Рӯзноманигороне, ки ин гуна матлабҳоро бо ҳадафҳои хос ба чоп мерасонданд, тақрибан ҳамаашон ғайриқирғиз буданд. Қосими Бекмуҳаммад ва дигар рушанфикрони тоҷик дар баробари чунин иқдомоти таҳрикомези расонаӣ бо чопи мақола, сӯҳбату тамос бо мудирони рӯзномаҳо ва худи муаллифон онҳоро ба бознигарии мавқеашон дар бораи тоҷикону Тоҷикистон во медоштанд.

Ӯ дар соли 2006 ба Тоҷикистон баргашта, дар ҳафтаномаи “Миллат” дубора ба фаъолияти рӯноманигорӣ идома дод.

 Қосими Бекмуҳаммад тайи ду сол низ ба сифати таҳлилгари радиои “Садои Хуросон” дар Тоҷикистон кор карда, аз баҳори соли 2009 то кунун масъулияти раҳбарии дафтари Хабаргузории “Форс”-и Эронро ба дӯш дорад.

Дар соли 2012-2013 дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” сутуне ба мақолаҳои Қосими Бекмуҳаммад ихтисос ёфта буд, ки ба далели матраҳ кардани масоили муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мавриди таваҷҷуҳи хонандагони зиёде қарор дошт.  

Оиладор, солиҳиби 6 фарзанд. 

Copyright © 2016 TojNews