Қосим Қодир

Қосим Қодир 9-уми апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро аз рӯи ихтисоси агроном хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати агрономи совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сарагроном, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инспектори Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ, котиби дуюми комитети комсомолии ВМКБ, муовини раиси кумитаи агросаноатии ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2006 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри соли 2006 дар вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Дустии халқҳо» ва медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Copyright @2015 TojNews