Комроншоҳи Устопириён

7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Дзюдо, вазни то 90 кг

Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015-ум хатм кардааст.

Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалист.

Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.   

Ӯ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кгмедали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва аввалин бор дар Олимпиада ширкат меварзад.

Ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаиФедератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 дзюдочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

То ҳол оиладор нашудааст.