Қодиршоҳи Мурувват

Гузаштагонаш аз зумраи фарҳангиёни матраҳи диёрашон буданд. Ифтихор мекунад, ки бо шоири  маҳбуб ва маъруфи кишвар устод Муъмин Қаноат пайванди хунӣ дорад. Вале ҳаргиз дар ин ифтихораш такаббур роҳ наёфта, чун ҳар ҷо будааст, кӯшидааст худ бошад. Ва ҳамин эҳсос ӯро миёни дӯстонаш маъруф кардааст. Ҷойе расида, ки дасти Чингиз Айтматов, адиби оламгумули қирғизро фишурдаву барояш китоб аз номи тоҷикон тақдим карда ва дар он маврид Чингиз ҳам ситоише аз тоҷикон карда, ки аз аввалинҳо шуда ӯро қадр кардаанд. Ва танҳо он замон аз ин ибтикораш хуш шудаву болидааст.

Ва дар мавриди дигар ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар соли бузургдошти Имоми Аъзам китоберо тақдим кардаву дасташ фишурдааст. Ҷойи дигар ҳам ҳам бо хушӣ ҳарф мезанад, ки тавонист барои атфоли тоҷики Қирғизистон 18 номгӯй китоби дарсӣ таҳияву тавзеҳ кард.

 Қодиршоҳи Муруват 13-уми марти соли 1958 дар хонадони Акбари Мурувватшоҳ ном марди фарҳангдӯст дида ба олам гушод.  Мегӯянд дар ин сулола Нодиршоҳ ном хунёгари бузурге будааст, ки ҳатто сураҳои Қуръонро бо сетор ва ғижжак мехондааст. Нодиршоҳ фарзанде бо номи Қодиршоҳ дошт, ки дар ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон шуд. Ва Акбар, ки ваҳшати ҷанги хонумонсӯзро ба чашми сар дида буд, ба поси хотири бародар тифли навзодро Қодиршоҳ ном кард.

Волидон Қодиршоҳро аз кӯдакӣ зери таъсири адабиёту фарҳанги асили Шарқ қарор доданд. Ҳанӯз ба дабистон нарафта, чанд ғазали классикони форс- тоҷикро аз бар кард.

  Пас аз муддате хонаводаи Акбари Мурувватшоҳ ба деҳаи Хумби Валӣ кӯч намуд ва Қодиршоҳ таҳсилоти худро дар мактаби миёнаи ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дод. Мегӯяд бо гузашти солҳо ҳам наметавонад сабақҳои аввалин устодонаш- Мадад Қосимов,Олим Кабиров,Қурбон Қадамов, Раҳмиддин Рауфов ва дигаронро фаромӯш кунад.                                        

Баъди хатми мактаби миёна ба пойтахти кишвар омад ва донишҷӯи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд. Тӯли панҷ сол дар бахши форсии он таҳсил кард ва  аз устодони мумтоз Шарифҷон Ҳусейнзода, Ҳилол Карим, Файзалӣ Наҷмонов, Фарҳод Деҳотӣ, А. Хромов, Тоҳири Абдуҷаббор, Баҳриддин Камолиддинов, Комил Мусофиров, Тағой Ҳомидов ва бисёр дигарон дониш омӯхт. Аммо дар ин миён муддати ду сол дар Афғонистон ба сифати тарҷумон хизмат кард ва имрӯз бидуни шак он ду солро мактаби сарнавиштсоз барои худ медонад. Чун  мувафақ гардид дар нишаст ва ҷаласаҳои расмӣ ширкат намуда, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ аз наздик ошно шавад.

Ӯ худро аз ҷумла хушбахттарин инсонҳое медонад, ки гаронбаҳотарин туҳфаи кобулӣ -“Қуръон”- и Маҷидро барои падар ва “Маснавии маънавӣ”-ро барои бародараш Ҳайдаршоҳ армуғон овард. Замоне буд, ки кам касон ҷуръат мекарданд Қуръону Маснавӣ туҳфа оранд.

Аз даврони кору зиндагӣ дар Афғонистон китоб-китоб хотира дорад, вале аз миёни ҳамаи онҳо аз ошноияш бо Муҳаммад Башири Бағлонӣ- вазири вақти адлия ва Додситони Кулли Афғонистонро ҳамеша ёд меорад. Мегӯяд "бо Бағлонӣ, ки табораш бо Хатлонзамин пайванд дорад, ду соли тамом ифтихори ҳамкориро доштам. Аз ин инсони шариф ва майҳанпараст дарси садоқату хештаншиносиро зиёд омӯхтаам».

Баъди хатми донишгоҳ муддате дар рӯзномаи вилоятии  “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” кор кард. Шиносоӣ бо муҳити адабиву фарҳангии маркази Хатлон ва мактаби адабии шоири маъруфи замон Пиримқул Сатторӣ барояш як мактаби дигар гардид. Мактабе, ки қаламкашоне чун Қиёмиддин Сатторӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Сайидаҳмад Зардон, Сиёвуш,  Нуқраи  Сунатниё, Зайниддин Ҷомӣ, Қосим Бекмуҳаммад, Усмон Туйчизода, Масъуди Мирзо ва дигаронро дар домонаш парваридааст.Вай, ки дилбохтаи шеър буд, дар миёни адибону рӯзноманигорони варзида каму беш машқи шеър ҳам кард, гарчанде талош накардааст, маҷмуъаи нигоштаҳояшро интишор диҳад. Мегӯяд он шеърҳо барои худам, на барои чоп.

Соли 1991 зиёиёни вилоят ӯро Раиси бахши вилоятии Бунёди забон интихоб карданд. Тайи ин муддат ба густариши корбурди  забони тоҷикӣ дар идорот ва корхонаҳои вилоят иқдом карда ва дар ин росто  аз устод Лоиқ Шералии зиндаёд, ки Раиси ин Бунёд буд, дидорҳои зиёде доштаву аз машваратҳои судмандаш баҳраҳо бурдааст. Ва ҳамон сол ба иттифоқи оро вакили мардум дар парламони шаҳри Қурғонтеппа интихоб шуд. 

Мутаасифона, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нақшаҳои ӯ ва ҳаммаслаконашро барбод дод. Қодиршоҳ низ дар канори даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ марзу буми водии зарринро тарк гуфт. Сараввал якҷо бо хонаводааш ба шаҳри Панҷакент муҳоҷират кард. Пас аз таваққуфи кӯтоҳ дар ин шаҳри бостонӣ, озими кишвари Қирғизистон шуд. Аммо зиндагӣ дар мусофират ҳам барои Қодиршо бо талошҳо пушти сар мешуд. Вай аз ҷумлаи ташаббускорони омӯзиши ҳамватанони бурунмарзӣ буд. Деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳри Қирғизистон гашт, то чеҳраҳои тоҷикии фарҳангӣ ва сиёсии ин сарзаминро пайдо кунад. Бо гуруҳе аз дӯстон Созмони тоҷикони Қирғизистонро таъсис дод, чопи нашрияи тоҷикии “Паёми Алла-Тао”-ро ба роҳ монд, барои атфоли тоҷики муқими ин кишвар китобҳои тоҷикӣ таҳия кард, ки шуморашон наздик ба 20 расидааст. Ҳатто китоби “Алифбо”-и тоҷикӣ бо назардошти вижагиҳои Қирғизистон таълиф намуд.

 Тибқи муоҳадаҳо аз Тоҷикистон низ номгӯи зиёди китобҳоро барои хонандагони тоҷиктабори Қирғизистон ворид мекунад.

Профессори риштаи иқтисод Ҳоҷӣ Равшанбек Собиров, ки солҳост дар созмони тоҷикони Қирғизистон паҳлу ба паҳлу бо Қодиршоҳ кор мекунад, ӯро ба ҳайси як тан муҳаққиқ ва мутарҷиме шинохтааст, ки дар омӯзиши ториху фарҳанги халқамон ҳамвора заҳмат мекашад.  “Вай дар ба ҳам омадани тоҷикони муқими кишвари Қирғизистон, густариши дӯстии мардумони тоҷику қирғиз ва ҳифзу нумӯи забони модарӣ хидмати босазо мекунад”, мегӯяд ӯ.

Ин созмон ташаббускор ва ё ширкаткунандаи чандин ҷашнвораҳо дар сарзамини Қирғизистон аст. Аз ҷумла ба муносибати 80-солагии нависандаи баруманди қирғиз Чингиз Айтматов китобоеро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо номи «Чингиз Айтматов ва андешаи кайҳонӣ» нашр намуд. Баъдан ин  китоб дар озмуни «Беҳтарин китоб дар мавриди Чингиз Айтматов» ғолиб дониста шуд ва бо нишони тилло ва ифтихорнома сарфароз гардид. Дар маросими эҳдои Ҷоиза Чингиз Айтматов бо сипосгузорӣ аз ибтикори чопи ин китоб аз тоҷикон ба унвони миллати дорои тамаддун ва фарҳанги пурғановат ва куҳан ёд кард.

Ҷаннат Ҷаманқулов, Ректори академияи дипломатии вазорати умури хориҷаи Қирғизистон Қодишоҳро чун шахси масъулиятшинос ва кордон шинохтааст. Адиби тоҷик Қодири Рустам, ки бо Қодиршоҳ дар як донишгоҳ таҳсил кардаву солҳои мушкили муҳоҷиратро дар шаҳри Олмотии Қазоқистон бо ҳам пушти сар кардаанд, мегӯяд “ӯ дорои хислатҳои наҷиби инсонист. Ҳаргиз хиёнатро намепазирад ва нахоҳад бахшид”. 

  Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Қосим Бекмуҳаммад сарнавишти худ ва Қодиршоҳро ҳамсон медонад ва солҳое низ дар Афғонистон кору зиндагонӣ карданд ва чанд соли дигар дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ғаму шодӣ бо ҳам будаанд. Вай мегӯяд “Сиришташро хуб медонам. Инсонест, ки дар дӯстӣ ва иҷрои қавл сахт побанд аст”. 

Барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Дэвид Бурка Мирасрори Фарғонӣ мегӯяд: “Ман чун  ба Бишкекшаҳр ба кор омадам, нахуст бо Қодиршоҳи Мурувват ошно шудам. Ин ошноӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дӯстии самимӣ ва бародарӣ табдил ёфт. Ӯ дӯсти беғараз буда ва ҳамеша кӯшиш мекунад дасти фитодаеро бигирад”.

 Ҳоҷӣ Муҳаммад Боқирӣ, Раиси ширкати «Дунёи ширинӣ» дар Бишкек мегӯяд:  Банда дар шахси ӯ одами донишманд ва дӯсти ҷониро пайдо кардаам. Он нукта ба ман хушоянд аст, ки Қодиршоҳ ва аҳли хонаводааш ба таври шоиставу писандида аз қавму миллаташон дар Қирғизистон намояндагӣ мекунанд. Фикр мекунам ҳамчунин рафтор ва бархурд дар кишвари ғариб имкон медиҳад дар андешаи мардумони бумӣ оиди имрӯзу фардои миллатат андеша  ва тасаввуроти дуруст эҷод бинамоӣ”.

 Қодиршоҳи Мурувват оиладор ва соҳиби як писару ду духтар ва 5 набера мебошад.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?