Қодири Рустам

Аз ҷумлаи адибони тозагӯи тоҷик аст, ки аввали солҳои 80-и асри гузашта бо нахустин нигоштаҳо вориди майдони адабиёт шуданд. Аз зумраи ононест, ки дидгоҳи тоза доранд, шахсест, ки ҳам қиссаву ҳикоя менависад, ҳам повесту румон, ҳам пажуҳиши илмӣ мекунад ва ҳам саргарми тарҷумаи асарҳои классикони адабиёти ҷаҳонист. Ва дар ҳамаи ин муваффақ аст.

 Қодири Рустам (Абдуқодир Рустам) зодаи деҳаи Панҷрӯд, зодгоҳи Одам-уш-шуаро Абуабдулоҳи Рӯдакист. 13-уми октябри соли 1958 дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёт дида ба олам кушодааст. Мактаби миёнаро дар Панҷрӯд хатм кардааст. Барои идомаи таҳсил вориди пойтахти кишвар шаҳри Душанбе шуд. Мегӯяд шавқи омӯзиши адабиёт ӯро ба остонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1981 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳ дар нашриёти “Ирфон” шуруъ шуд. Аввал мусаҳҳеҳ буд, баъд муҳаррири хурд ва баъдан муҳаррир.

Аз ҷумлаи аввалин кормандони ҳафтаномаи озоди “Чароғи рӯз” буд, ки чун падидаи ошкорбаёнӣ дар остонаи худшиносии миллӣ дар фазои иттилоотии кишвар пар кушод ва дар кутоҳтарин фурсат ба як нашрияи хеле хонданиву ҷолиб табдил ёфт. 

Аввалин китобаш бо номи “Бурси дуреша” соли 1986 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд, ки маҷмуъаи насри бадеии адиби ҷавон ба шумор мерафт.

Ҷанги дохилӣ ӯро низ ба гирдоби муҳоҷирати иҷборӣ ҳаво дод ва муддати чандин сол дар Қазоқистон зист ва эҷод кард. Соли 2003 дар Олмотӣ китоби ӯ бо номи “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” чоп шуд.

Доктор Сафар Абдуллоҳ, ки солиёни зиёд бо Қодири Рустам ошноӣ дорад ва муддате дар Қазоқистон низ канори ҳам буданд, ӯро чун нависандаи фозил ва пажуҳандаи доно медонад. “Сухан гуфтан аз Қодири Рустам барои ман бисёр гуворост, зеро ӯро чун бародар дӯст медорам ва ҳамчун як нависандаи фозил ва пижуҳандаи доно эҳтиром мегузорам. Қодири Рустам ба хубӣ дарёфта аст,ки аввалин абзор барои нависандагӣ чашми боз аст, ки нигоҳ кунад ва бинад, ки дар атроф чӣ мегузарад. Кишвари азизи мо ва даврони мо, пур аз масоил аст ва агар чашм барои дидан боз бошад, нахустин гом бардошта шуда аст! Дувумин абзори муҳим пайванд бо фарҳанги миллии мост, фарҳанге, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва моя гирифтан аз он чӣ ки дигарон гуфта ва навиштаанд. Ва агар чашм боз ва ошнойӣ бо осори гузаштагон бошад, асбоби кор муҳайё хоҳад шуд. Вале ҳамаи ин халлоқияти адабӣ, ҳуш ва нубуғи зотӣ ва кӯшишу талош мехоҳад. Хушбахтона, Қодири Рустам аз ҳамаи ин сифот бархурдор аст. Ӯ барои анҷоми ҳар коре омодагии ҷиддӣ мебинад ва ин омодагӣ ва истеъдод аст,  ки хамирмояи халлоқият ба кор афтад ва кушост, зеро медонад, ки ҳама гуна дастоварди фаръ(ҷудошуда)аз кушиш аст”.

Солҳои зиндагонӣ дар Олмотӣ, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорӣ ба пажуҳиш  машғул шуд. Таҳия ва шарҳи китоби донишманди “аблазинкилобии рус А.Шишов "Таджики" (Олмотӣ, 2005), таҳия ва шарҳи "Девон"-и Рӯдаки" (Олмотӣ, 2007, Теҳрон, 2008, 2012, нашри тоза бо такмилу ихтисорот-Душанбе соли 2015) низ самараи кори эҷодии ӯ дар ин солҳост.

 Баъди “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” муддати ҳафт соли дигар ҳаводорони осораш аз ӯ чизи тозае нахонданд. Худи ӯ мегӯяд, як муддати тӯлонӣ ҳатто аз мутолиа даст кашида буд, чӣ монад, ки асар нависад. Вай ба рӯйдодҳои кишвар ишора мекунад ва мегӯяд, он замон ба ин натиҷа расид, ки адабиёт ба мардум чизе намедиҳад. “Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин ҳол гирифтор намешудем”.

Ва муддати шояд 8 сол худро канор кашид, ҳатто ба иқрори худаш на мехонду на менавишт. Вале баъдан дубора рӯ ба адабиёт овард. Ва ин ин тағйири андеша боис гардид, ки соли 2010 дар нашриёти “Шуҷоиён” китоби "Чойхонаи "Роҳат". Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб" аз чоп баромад. 

Соли гузашта ба дарёфти “Ҷоизаи сол”-и Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон мушарраф шуд. Ин ҷоизаест, ки Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон таъсис додааст ва ҳамасола як нафар аз муҳаққиқон ва адибони тоҷик дода мешавад. Дар аввалин соли таъсиси ҷоиза барои тадвин ва тасҳеҳи “Девон”-и Рӯдакӣ он насиби Қодири Рустам шуд. 

 Дар бораи Қодири Рустам метавон хеле зиёд навишт, метавон паҳлуҳои дигари эҷодиёташро мурур кард, метавон аз тарҷумаҳои вай ҳарф зад, ки дар ин ҷода низ мумтоз аст ва баргардони чандин ҳикоя ва қиссаҳои А.П.Чехов, Акутагава, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес маҳсули заҳамоти ӯянд, ки хонандаи тоҷик бо забони модариаш мутолиа кардааст. Вале қолаби як мақолаи кӯчак ин имконро намедиҳад. Умед ба рӯзе мекунем, ки ӯро бештар ба дигарон шиносонем ва худ низ зиёдтар дар бораи ӯ донем.

Қодири Рустам оиладор ва соҳиби як писар бо номи Барзуст.  

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Бо Абдукодир сухбаторои барои ман гуворост. Хело дониши амику фароз дорад, Аснои сухбат хешро ба осони изхор намекунад, лекин нафаре ки дар атрофи ин ё он мавзуъ андеша меронаду заминаи андещааш лояш нарасида у ресмони суханро ба даст мегираду дар асоси даххо манбаъхо асоснок мекунад. Дарин холат хис мекунед, ки неруи аклониаш тавоност..

Шояд шумо суол ё назаре доред?