Қироншоҳ Шарифзода

Як чеҳраи шинохта дар фазои журналистикаи тоҷик аст. Дар  дар се самти фаъолият: ҳуқуқи журналист, одоби журналист ва таърихи журналистика хадамоти арзишмандеро ба анҷом расонидааст. Аз зумраи аввалин афродест, ки  таърихи нахустнашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро мавриди пажӯшиҳ қарор додаанд.   

Қироншоҳ Шарифзода, 10-уми январи соли 1958 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши  Ӯзбакистон таваллуд шудааст.

Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии № 13, ба номи Рӯдакии зодгоҳашро хатм карда, соли 1975 ба Душанбе меояд ва ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980  бо ихтисоси филолог-журналист хатм мекунад.

Ҳамчунин соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ғоибона хатм намудааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ корро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) шуруъ кардааст ва  то соли 1990 ба ҳайси хабарнигор ва мудири шуъба кор кардааст.

Соли 1982 чун тарҷумони ҳайати мушовирони КМ ВЛКСМ ба Афғонистон рафтааст. 

Соли 1990 шореҳи нашрияи парлумонии “Садои мардум” будааст ва каме баъдтар ба ҳайси мудири шуъба фаъолияташро дар ин рӯзнома  идома додааст ва то соли 2009 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 1990 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои журналистон дарс мегӯяд.

Соли 2012 Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд. Бо интихоб шудани Шарифзода ба ин симмат таъсири ин Шӯро дар фазои ВАО-и Тоҷикистон назаррас гардид. Бори нахуст дар Тоҷикистон ӯ нашрияҳоро аз нигоҳи садоқат ба меъёрҳои ахлоқӣ ба гурӯҳҳои солим, носолим ва калаванда ҷудо кард. Ба 3 гурӯҳ ҷудо шудани нашрияҳоро на ҳама расонаҳо хуш пазируфта буданд.

Дар охири соли 2014 муҳлати раҳбариаш дар Шӯрои ВАО ба итмом расид.

Нуриддин Қаршибоев роҳбари НАНСМИТ дар бораи Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, мавсуф ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар журналистика шахсияти муваффақ аст. 

-Ба ҳар коре даст мезананд, кӯшиш мекунад онро сареҳан ба анҷом расонад. Ҳам олими хуб ва ҳам одами хуб аст. Дастоварҳои илмиаш барои пешрафти журналистика мусоидат мекунанд. Дар таҳқиқи нахустин нашрияи “Бухорои Шариф” зиёд заҳмат кашидааст. Дар чанд соли ахир дар таҳкими меъёрҳои ахлоқии журналистика корҳои зиёд анҷом додааст.

Қироншоҳ Шарифзода соҳиби 5 китоб, дастурҳои илмиву методӣ, бештар аз 500 очерк, мақола, гузориш, мусоҳибаҳои матбуотӣ мебошад.
Китобҳои ӯ: “Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ” (Душанбе: «Шарқи озод», 2001), “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” (Душанбе: «Ирфон», 2006), “Мушкилоти озодии сухан”  (Душанбе: «Деваштич», 2009), ”Экспертизаи лингвистӣ” (бо ҳаммуаллифии Бринев К, Душанбе: «Интишор», 2011) ва “Озодӣ ва масъулияти сухан” мебошанд. 

Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва олмонӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд аст.

Copyright © 2016 TojNews