Кароматулло Олимов

Кароматулло Олимов, аъзои вобастаи АИ ҶТ, доктори илми фалсафа, профессор.

Кароматулло Олимов 27-уми июли соли 1944 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан)-и вилояти Ленинобод дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи олимонест, ки ба корҳои сиёсӣ ҳам рағбат дорад ва дар ҷодаи сиёсат гомҳое гузоштааст.

Аммо то куҷо ин гомҳо комёбӣ доштанд, гуфтан ҳамоно бармаҳал аст. 

Ҳамчунин, аз ҷумлаи камтарин олимонест, ки ба Ҳизби коммунист содиқ монд ва зинаҳои гуногуни мансабҳои давлатиро ҳамчун коммунист тай кард. Ҳатто солҳои 1996-2001 котиби аввали Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Душанбе буд. Ҳамчуноне ҷонишини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков дар сӯҳбат бо Тоҷнюс гуфт, баъди эълони истиқлолияти давлатӣ бисёр касон аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф тарки Ҳизби коммунист карданд ва ё шомили ҲХДТ шуданд, вале Кароматулло Олимов Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон ва вазири фарҳанг ҳам ки буд, узвияти худро дар ҳизб тарк накард. 

Бо тавсияи роҳбарияти донишгоҳ ба аспирантура дохил шуд. Вале вазъи оилавӣ имкон надод, ки ба таҳсилаш идома диҳад ва соли 1965 ба зодгоҳаш баргашт ва ба кори муаллимӣ пардохт. Ду сол баъд дубора ба  донишгоҳ омад ва баъди хатми аспирантура ба сифати корманди хурди илмии АИ Тоҷикистон ба кор даромад.  

Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Дидгоҳҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии Саноӣ” дар соли 1971 ҳимоя намуд. Солҳои 1974-1977 сартарҷумони Корхонаи муштараки нуриҳои азотии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар шаҳри Мазори Шариф буд ва баъди бозгашт ба Ватан, ба корҳои пажӯҳишии худ идома дод. 

Моҳи марти соли 1980 тақдир ӯро ба шаҳри Кобул бурд. Ин бор ӯ котиби дувум - сартарҷумони Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойтахти Афғонистон таъин шуда буд  ва то соли 1984 дар ҳамин вазифа кор кард. 

Баъди бозгашт муддати ду сол корманди аршади Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон ва аз соли 1986 то 1991 мудири шӯъбаи таърих ва фалсафаи Институти номбурда буд.

Оғози фаъолиятҳои мушовириаш ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба оғози ноамниҳо дар кишвар рост омад. Вай соли 1991 мушовири идеологӣ таъин шуд, вале як сол баъд боз ба боргоҳи илм баргашт ва то соли 2000 мудири кафедраи фалсафаи АИ ҷумҳурӣ буд. Соли 1994 рисолаи доктории худро ҳимоя намуд ва унвони доктори илмҳои фалсафаро соҳиб шуд.

Кароматулло Олимов аз ҷониби ҳукумат узви Комиссиюни оштии миллӣ буд ва дар ин вазифа қатори дигарон солҳои 1997-2000 кор кард.  

Солҳои 1996-2001 котиби аввали Ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе буд. Аз аввали соли 2000 то 1 октябри соли 2001 узви палатаи поёнии парлумони кишвар, баъдан, муддати  ду солу се моҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Чуноне ишора рафт, дар ин вазифа тӯлонӣ кор накард ва баъди вазирӣ, Мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва иртибот бо ҷомеа таъин гардид. 

Моҳи июли соли 2007 директори Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин вазифа ҳудуди як сол кор кард. Баъдан, директори Институти  шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (2008-2010) буд.

Аз соли 2010 инҷониб иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АИ ҶТ- раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, узви Раёсати АИ ҶТ (2010) мебошад.

Инчунин, аз соли 2001 инҷониб раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аст.

Аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дорандаи ордени “Нишони шараф” (1982) барои кор дар Афғонистон, соҳиби унвони “Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1989) мебошад. Узви Конфедератсияи Иттиҳоди журналистон (аз соли 1991) ва узви Ҷамъияти фалсафӣ, ҳамчунин, аъзои Президиуми Ҷамъияти дониши Тоҷикистон (аз соли 1996) аст. 

Муаллифи 5 китоб ва беш аз 150 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.
Монографияи “Ҷаҳонбинии Саноӣ” (чопи соли 1973), “Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ” (чопи соли 1988), “Сӯфизми Хуросон” (чопи соли 1994), “Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ” (чопи соли 1995) аз ҷумлаи китобҳои олими пуркоранд, ки маъруфият пайдо кардаанд. 

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Алҳол узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст.

Copyright @2015 TojNews