Каромат Шарипов

1-уми апрели соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1984 мактаби олии ҳарбӣ- сиёсиро дар шаҳри Симферопол хатм кардааст. Баъдан ба мактаби олии ҳизбии назди КПСС дохил шуда, онро соли 1989 хатм мекунад.

Соли 2010 дар академияи Қафқози Шимолии хизмати давлатии шаҳри Ростови лаби Дон таҳсил карда ихтисоси Идораи давлативу мунисипалӣ-ро соҳиб шудааст. 

Солҳои 1984-1986 дар Қазоқистон хизмати аскарӣ кардааст ва то охири хизмат аллакай ҷонишини фармондеҳи маркази таълимӣ будааст. 

Аз моҳи июни соли 1986 то 1991 низ дар ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмон дар хизмати ҳарбӣ будааст.

Соли 1991 аз ҳайати неруҳои Шӯравӣ дар Олмон хориҷ ва ба ҳайати фармондеҳии округи ҳарбии Туркистон ба Тоҷикистон омад ва хизматашро дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Кофарниҳон идома дод.

 Аз соли 1993 то 1996 дар нерӯҳои Русия мустақар дар Тоҷикистон  хизмати ҳарбӣ кард ва дар ҳайати қувваҳои вокуниши сареъ маъмурияти сулҳофаринӣ дошт.

Аз соли 1996 то соли 2000 тибқи раҳнамуди Ситоди кулли Вазорати мудофеаи Федератсияи Русия ба ихтиёри фармондеҳии округи ҳарбии Маскав фиристода шуд ва се сол о анҷоми муҳлати хизмати ҳарбӣ кор кардааст.

Соли 2001 сар ба мушкили муҳоҷирин фуру бурд ва ташаббускори баргузории Конфронси ҳамватанон ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ дар қаламрави Федератсияи Русия шуд.

22-юм апрели соли 2001 бо қарори Конфронси якум Бунёди пуштибонии муҳоҷирони Тоҷикистонро  бо номи “Тоҷик-диаспора” ташкил кард ва аввалин президенти он шуд. 

12-уми майи соли 2003 дар шаҳри Маскав дуввумин Конфронси зодагони Тоҷикистон дар мавзуъи “Вазъи муҳиҷирини кории тоҷик дар қаламрави пасошӯравӣ” баргузор шуд, ки дар он Созмони Байналмилалии ҷамъиятии Лигаи халқии Тоҷикон ташкил гардид. Боз ҳам президенти он Каромат Шарипов интихоб шуд. Ва мегӯяд, ҳоло ин созмон 87 ҳазор аъзо дорад. 

10-уми ноябри соли 2007 вай ташаббускори даъвати аввалин Анҷумани халқҳои Тоҷикистон дар Русия бо ширкати намояндагони кишварҳои хориҷӣ буд. Маҳз дар ҳамин Анҷуман Ҷунбиши ҷамъиятии Муҳоҷирини кории тоҷик ташкил шуд ва Каромат Шарипов раиси он интихоб гардид. 

10-декабри соли 2008 Ҷунбиши ҷамъиятии Муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия расман сабти ном шуд.

26-уми сентябри соли 2010 дар шаҳри Қрими Украина Конфронси муассисони Ҷунбиши  ҷамъиятии Муҳоҷирини кории тоҷик-ро бо ширкати сарварони диаспораҳои тоҷик дар Русия, Украина, Белорус ва Қазоқистон баргузор кард.  Дар ин Конфронс мавзуъи Ваҳдати созмонҳои ҷамъиятии Русия ва кишварҳои ИДМ, ки ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар заминаи сарнавишти мардум баррасӣ шуд. 

Copyright @2016 TojNews