Хуршед Мустафоев

Аз ҳунармандони ҷавон ва муваффақи театр ва синамои тоҷик аст. Кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар солҳои охир ӯ нақш офаридаасту аз ҷониби тамошобини тоҷик гарм истиқбол наёфта бошад. Ба ин ҳад расидааст, бештар дар нақшҳои марказӣ қарор гирифтааст...

Хуршед Мустафоев 3-юми сентябри соли 1978 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаро дар се мактаб, мактабҳои №1, №48 ва №49 хондааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1995 ба Шуъбаи актёрии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1999 онро хатм мекунад.

Баъд аз хатми донишгоҳи Хуршед Мустафоев дар театрии “Аҳорун” зери роҳбарии ҳунарманди шинохта Фаррухи Қосим фаъолияти эҷодиашро оғоз кардааст.

Тӯли 3 соли фаъолият дар театри “Аҳорун” Мустафоев дар чандин саҳнаҳои театрӣ нақш офардидааст.

Ба монанди Юсуф аз "Юсуфи гумгашта", Маҷнун-Ромео аз "Қиссаи ишқ", Эдмонд аз "Шоҳ Лир", Зардушт аз "Зардушт".

Соли 2002 ба театри давлатии драмавии руссии ба номи Владимир Маяковский шаҳри Душанбе ба кор мегузарад.

Дар саҳнаи театри драмавии руссии ба номи В.Маяковский ӯ нақшҳои зиёдеро иҷро кардааст.

Нақшҳои офаридаи ӯ дар саҳнаи театри ба номи В.Маяковский: 

Калигула аз "Калигула", Насриддин аз "Ишқи аввали Насриддин", Хозе аз "Кармен", Сӯҳроб аз "Рустам ва Сӯҳроб", Сатана (Шайтон) аз "Грех Каина" ва ғайра дар ёди тамошобини театр нақш бастаанд.

То ҳол дар театри мазкур фаъолият мекунад.

Доираи фаъолияти Хуршед Мустафоев канортар аз саҳнаи театр буда, дар синамои тоҷик низ яке аз ҳунармандони мувафақ будааст.

Коргардонҳо аксари вақт ба Хуршед Мустафоев нақшҳои марказиро бовар мекунанд.

Филмҳое, ки Хуршед Мустафоев дар онҳо нақшҳои марказиро иҷро кардааст:

Филми " Ширин", "Вақте болои шаҳр борон мерехт", " Зистан мехоҳам", "Афсонаи зиндагӣ", "Паймон", "Тафсия".

Ҳамкоронаш мегӯянд, Мустафоев барои офаридани ҳама гуна нақш доимо омода аст.

Таҳмина Раҷабова, яке аз нафароне, ки ҳамроҳи Хуршед дар филми “Паймон” нақш офаридааст мегӯяд, Мустафоев аз офаридани нақш монда намешавад.

-Танҳо як финҷон қаҳва ва як дона сигор кофист, ки Хуршед дубора худро барои нақши нав омода кунад. Дар филми “Паймон” нақши Хуршед хеле мураккаб буд. Ӯ дузд буду ба дасти милиса меафтод, ба марг ру ба рӯ мешуд ва боз дар охири филм одами хуб шуда, ба қаҳрамони асосӣ ёрӣ мерасонд. Дар нақши ӯ ҳамчунин ҳаҷв низ ҷой дошт. Хуршед Мустафоев ҳамаи ин ҳолатҳоро ба таври олӣ иҷро мекард. Дар вақти наворгирии филм барои офаридани нақш ягон маротиба баҳона пеш намеоард,- мегӯяд Таҳмина Раҷабова.

Соли 2002 барои нақшҳои Маҷнун-Ромео ва Калигула дар фестивали ҷумҳуриявии "Парасту" сазовори чоизаҳои "Нақши беҳтарини мардона" гардиааст.

Соли 2011 бо Грамотаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Copyright © 2014 TojNews