Худойбердӣ Холиқназаров

Худойбердӣ Холиқназаров, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент ва собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  65-сола шуд. Ӯ 14-уми июни соли 1951 дар Бадахшон таваллуд шудааст.

Соли 1975 Шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1974 ҳамчун тарҷумон дар Афғонистон шуруъ карда, солҳои 1976-78  мудири лабораторияи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1978 ба Эрон рафт ва то соли 1980 дар ин кишвар  ҳамчун тарҷумони забони форсӣ кор кардааст.

Холиқназаров баъди баргаштан аз Эрон як сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс гуфт. Соли 1981 барои кор ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳо гузашт ва то соли 1987 дар ин даргоҳ фаъолият намуд. Солҳои 1987 - 1988 - мушовир- тарҷумони КМ  созмони ҷавонони Иттиходи Шӯравӣ (ВЛКСМ) ва солҳои 1989-91  муаллими калони кафедраи фалсафа ва таърихи Институти забон ва адабиёти рус буд.

Соли 1991 Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард ва баробари он дар кишвар низоъҳои дохилӣ сар заданд. Дар ин сол Худойбердӣ Холиқназаров раиси ҷамъияти Носири Хисрав буд. Пас аз ин Холиқназаров аллакай ба сиёсати калон ворид шуд. Моҳи майи соли 1992 дар Ҳукумати муросои миллӣ вазири корҳои хориҷӣ ва робитаҳои иқтисодии берунии Тоҷикистон таин шуд. Моҳи июли ҳамон сол ин вазорат ба Вазорати корҳои хориҷӣ табдили ном кард ва Холиқназаров вазири он боқӣ монд. Дар ин вазифа то моҳи ноябри соли 1992, яъне то баргузории Иҷлосияи XVI-и Шӯрои олии Тоҷикистон ва ташкили ҳукумати нав бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон боқӣ монд. Дар ин иҷлосия ӯро аз вазифаи Вазири корҳои хориҷӣ барканор карданд.

Солҳои 1993-98 Холиқназаров муовини раиси Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон дар ИДМ буд. Узви ҳайати гуфтушунид миёни тоҷикон аз ҷониби ИНОТ буд ва дар ҳамаи даврҳои гуфтушунид дар он фаъолона ширкат кард. Баъди имзои Созишномаи сулҳ аз ҳисоби 30 фоиз саҳмияи мухолифон вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таин гардид ва дар ин вазифа то соли 2000 кор кард.

Солҳои 2000 - 2012  сардори Раёсати таҳияи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон буд.

Моҳи майи соли 2012  муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва январи соли 2014 директори ин муассиса таин шуд.  

Худойбердӣ Холиқназаров муаллифи зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ва  хориҷӣ буда, ду маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва ду монографияи илмӣ ба нашр расондааст.