Холназар Муҳаббатов

Холназар Муҳаббатов, доктори илми география, профессор  25-уми июни соли 1945 дар деҳаи Шули  ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт) дида ба олам кушодааст.

Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи табиатшиносии Институти педагогии шаҳри  Душанбе дохил шуда, онро соли 1965 хатм кардааст.

Фаъолияти кориаш аз  Шӯрои тадқи­қотии қувваҳои истеҳсолии Академияи илмҳои  Тоҷикистон оғоз шуда, зинаҳои хо­дими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шӯъбаро тай кардааст.

Холназар Муҳаббатов  аз ҷумла меҳанпарастонест, ки ҳамеша дар муҳимтарин масъалаҳо назари шахсии худро иброз медорад. Ҷомеаи кишвар ӯро чун шахси ҳақгӯ ва дорои ҷасорати илмӣ медонанд, ки воқеъиятро дар чаҳорчӯбаи илмӣ бидуни пардапӯшӣ иброз медорад.

Ӯ на танҳо як ҷуғрофишиноси маъруф ва иқтисоддони шинохта, балки як олими дорои ҷаҳонбинии фарох аст, ки ба ҷуз мавзуъҳои ихтисосии худ  дар мавзуъҳои дигар низ матолиби зиёд навиштаву интишор додааст. Аз ҷумла, дар навиштани очеркҳои портретӣ аз зумраи касони муваффақ миёни олимони кишвар маҳсуб мешавад.

Чунончӣ, дар бораи инсонҳои шарифу некном, аз қабили Ҳоҷӣ Юсуфи Ху­ҷандӣ, Акашариф Ҷӯраев, Кандил Ҷӯраев,  Ҳоҷимуҳамамад  Умаров ва дигарон очерку  мақолаҳои  илмию  оммавии хонданӣ иншо кардааст. 

Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон аст.

Муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмӣ, 8 монография мебошад ва чандин дастурамалҳои методиву китобҳои омӯзишӣ мебошад. 

Чанде аз асарҳое, ки Холназар Муҳаббатов таҳия кардааст: 

Боигариҳои зеризаминӣ  ва  инкишофи  минбаъдаи  саноати ма­да­ни кӯҳии Тоҷикистон, Душанбе, 1973.  

Афзоиши аҳолӣ ва захираҳои  зиндагӣ. Душанбе, Иф­рон, 1975.

География. Дастури таълимӣ.  Душанбе, Маориф, 1984.  

Инсон ва табиат . Душанбе, Ирфон, 1984.

Ганҷинаи табиати Тоҷикистон. Душанбе, Ифрон,1987.

Табиату сарвати кӯҳсор. Душанбе, Ифрон,1990.

Об-манбаи ҳаёт. Душанбе, Ифрон, 2003.

Инсон ва сарватҳои табиат.  Душанбе, Адиб,2012.

Таджикистан. Природа и природные ресурсы. Душан­бе, Дониш, 1982.

Эффективность  использования  минерально - сыревой базы промышленности строительных материалов. – Душанбе, Дониш,1984.

Заказники Таджикистана (бо ҳаммуаллифии Г.Сапожникова. Душанбе,Ирфон, 1989.  

Памир, ресурсный  потенциал и переспективы развития эконо­мики.(бо ҳаммуаллифии Хоналиев Н. Душанбе, Мастер,2005.      

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?