Хилватшо Хоҷаев

Хилватшо Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) пеш аз ҳама рӯзноманигори тавоно ва бар хилофи иддае аз қаламфарсоёни рангбамузд якрӯву покизатинат аст. Дар ин баробар, ба ватанпарасти ҳақиқӣ будани ӯ касе тардид надорад.

Чун барои ифтихори тоҷик мубориза мебараду муқаддасоти милливу давлатӣ барояш болотарин арзиш маҳсуб меёбад.

Дорои хислатҳое мебошад, ки таҷассумгари як тоҷики боғурур ва сарбаланд аст. Дар ҳама ҳол мекӯшад, ки хунсардона зоҳир шавад. 

Самимӣ будан, рӯшод ҳарф задан, сарсупурдагӣ ба пешаву кор дар ҳар маҳфилу коргоҳе, ки фаъолият кардааст, ӯро маҳбуб гардондааст.

Онҳое, ки бо ӯ зиёд кор кардаанд, як хислати Хилватшоро ба таъкид ёд мекунанд: вазифаи бар ӯхдааш гузоштаро бо чӣ арзише набошад, иҷро мекунад. Дӯстонаш ӯро инсони дақиқкор дарёфта, дар дӯстӣ ҷонфидо медонанд.

Он чизеро, ки дар бораи шахсият ва талошҳои Хилватшо гуфта мешавад, дар бораи касби ӯ чунин гуфтан осон нест.

Чун ба журналистикаи воқеъӣ ҳамчун шахси идорӣ ворид гардида, бештар дар сатҳи роҳбарии расонаҳо фаъолият кардааст.

Қобилияти фарқкунандаи тимбилдинг - командасозиро доро аст. Ҳамчунин истеъдоди нотакрори барқарор кардани иртиботро бо гуруҳҳои гуногуни одамон ба ӯ хос медонанд.

Гарчӣ кам менависад, аммо ҷасорат дорад ӯ. Ҳамин руҳияи боҷасоратии ӯст, ки дар ҳар расонае, ки муайянкунандаи сиёсати корӣ Хилватшо Хоҷаев аст, ҷасоратро дар фазои корӣ ба вуҷуд меорад.

Хилватшо Маҳмудович Хоҷаев, дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ 21 –уми январи соли 1972 таваллуд шудааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш ба итмом расондааст.

Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (собиқ УДТ) ба факултети филология дохил шуда, замони шаклгирии шахсият ва даврони муҳимм барои ташаккули зеҳнии ӯ, мисли дигар ҳамнаслонаш ба замони ҷанги шаҳрвандӣ рост омадааст.

Ҷанги шаҳрвандӣ боис гардидааст, ки соли 1992 мисли бисёри сокинони пойтахт тарки Душанбе намуда, ба зодгоҳаш баргардад.

Дар ин замон дар мактаби миёнаи №25 ба тадриси забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои порсӣ машғул будааст.

Аз соли 1997 дар Донишгоҳ ба идомаи таҳсил мепардозад.

Дар замони таҳсил, ҳамвора дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вазифаи масъули котибот фаъолият мекард.

Соли 1999 донишгоҳро хатм карда, аз соли 2001-ум то соли 2004 менеҷери ширкати «Ҷамаст» будааст.

Аз соли 2004 ба «Русское радио-Ориёно» ба кор меояд. Соли 2005 вазифаи сарвари хадамоти иттилоотии ин радиоро ба уҳда дошт. 

Аз ҳамин вақт дар фаъолияти Хилватшои Маҳмуд марҳилаи наве оғоз мешавад. Дар марҳилаи роҳандози аксари расонаҳои саҳм доштааст.

Моҳи майи соли 2007 бо ташкили радиои «Имрӯз» сармуҳаррири он мегардад. То моҳи сентябри ҳамон сол дар ин вазифа кор кардааст.

Баъдан, дар тирамоҳи соли 2007 бо ташкил гардидани телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон ба ин телевизиони мустақил ба кор даъват мешавад. Хилватшои Маҳмуд дар СМТ корро дар вазифаи сармуҳаррир шурӯъ карда, то соли 2011 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз моҳи майи ҳамон сол барои ишғоли вазифаи сармуҳаррир ба хабаргузории «Озодагон» ба кор даъват мешавад. Аз моҳи марти соли 2013 дар вазифаи Директори иҷроияи гуруҳи расонаҳои «Озодагон» кор карда, соли 2014 фаъолияташ дар ин расонаро қатъ кард.

Соли 2014 ба зиёрати Ҳаҷҷ мушарраф гардид.

Масъули бахши тоҷикии "Россия сегодня" буд. Ин расона иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро дарёфт карда натавонист. 

Ҳанӯз, дар замони донишҷӯияш узви Конфедератсияи Байналмилалии Журналистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1991 мебошад.

Аълочии матбуот дар соли 2008 ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 мебошад.

Соли 2010 Барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дониста шудааст.

Хилватшои Маҳмуд оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

Copyright © 2016 TojNews