Хайринисо Юсуфӣ

Аз сиёсатмадорони феълии Тоҷикистон аст, ки дорои якчанд ихтисос мебошад. Аз ҷумла барои гирифтани ихтисоси байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер макотиби олии гуногунро хатм кардааст.

Ӯ 30-юми марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.

Ибтидо бо ихтисоси байтор соли 1986 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ, ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм мекунад. Соли 1996 Донишгоҳи озоди Тоҷикистонро (ҳоло фаъолият намекунад) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Баъдан, дар соли 2003 дар замони муовини раиси вилояти Суғд буданаш бо ихтисоси филолог Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро тамом кардааст.

Соли 2005 вақте муовини нахуствазири кишвар буд, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссияро бо ихтисоси менеҷер дар соҳаи идоракунӣ хатм кардааст. Аз тарҷумаи ҳолаш чунин бардошт кардан мумкин аст, ки дербоз дар курсии донишҷӯӣ менишастааст.

Фаъолияти кориашро баъди гирифтани ихтисоси аввалаш дар соли 1986 дар вазифаи терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент оғоз мекунад. Фаъолияташ дар ин вазифа дер давом намекунад, баъдан ба корҳои ҳизбиву таблиғотӣ ҷалб мешавад.

Ҳамин тавр дар давоми солҳои 1987 то соли 1996 дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи комсомолӣ ва Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент кор кардааст.

Солҳои 1996-2004 муовини раиси шаҳри Панҷакент ва баъдан муовини раиси вилояти Суғд буд.

Бо фармони Президент дар соли 2004 муовини нахуствазири кишвар таъин мешавад, ки дар ин вазифаи ҳудуди 4 сол кор кард. Баъдан, 28-уми январи соли 2008 аз вазифаи муовинии сарвазир барканор ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шуд. Оғози соли 2010 аз ҲХДТ номзад ба мақоми вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон гардид, аз вазифаи раиси Кумита хайру хуш кард.

Ҳамон сол дар интихоботи парламентии моҳи феврал аз ҲХДТ вориди парламент шуд дар давоми солҳои 2010-2015 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ буд.

Дар интихоботи парламентии соли 2015 низ дигарбора аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ номзад пешниҳод шуд. Исмаш дар феҳрести ҳизбӣ дар мақоми 3-юм қарор дошт. 1-уми марти 2015 вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Ҳоло муовини раиси Маҷлиси намояндагон мебошад.

Дорандаи ордени “Шараф дараҷаи 1”, Аълочии маориф, Аълочии фарҳанг ва медали ҷашнии “20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.  Моҳи марти соли равон ордени “Содружество” (Иттиҳод)-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро гирифт.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд аст.

Copyright @2016 TojNews