Фирдавси Аъзам

Фирдавси Аъзам, шоири ҷавон ва тавоно 21-уми ноябри 1984 (30 обонмоҳи 1363 хуршедӣ) дар рустои Худгифи Сояи Кӯҳистони Масчоҳ чашм ба ҷаҳон гушуд. Падараш рӯзноманигор ва адиби шинохта Аъзами Хуҷаста аст.

Фориғуттаҳсили риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ва мутарҷими забони инглисист.

То кунун навиштаҳо ва чакомаҳояш дар нашрияхои Тоҷикистон ва торнамоҳои мухталифи порсии Эрон ва Афғонистон мунташир шудаанд.

“Абрҳои обӣ” нахустин дафтари шеъри Фирдавс аст, ки соли 2012  дар шаҳри Хуҷанд мунташир шуд. "Як бағал ғазал” дувумин маҷмӯъаи шеъри Фирдавси Аъзам аст, ки баҳори соли равон дар Эрон нашр шуд.

Маҳдии Баҳманӣ аз шоирони номовари Эрон ба "Як бағал ғазал" пешгуфтор навишта ва аз зуҳури ин гӯяндаи тозабаён изҳори хушию масаррат менамояд ва мегӯяд: "Ҳазрати эшон бо табъи шикананда ва зудранҷи шоиронаи худ аз сўзу гудози дарунӣ сухан ба миён оварда ва онҳоро ба забони шеър вогўя мекунад.

Чизе нагуфтаем ба ҷуз дардҳои хеш, 

Аммо алайҳи мо ҳама тарфанд мекунанд.

Латофат ва ҷаззобияти ашъори "Як бағал ғазал" дар каломи эшон ба гунае иншо шуда, ки бар хонандаи жарфандеш асар мекунад ва бар забонаш сорӣ ва ҷорӣ мегардад. Лаҳазоте низ доманаи фарёду  эътироз вусъати бештаре меёбад. Абёти "Як бағал ғазал" ҷаноби Фирдавси Аъзамро шоире шўридаҳол менамоёнад, ки ғами мардумони ҳамрўзгораш дағдағаи дақоиқи ўст”.

Баъди чанде дар моҳи апрели соли 2015 маҷмӯаи мазкур дар Лондон бо ҳуруфи порсӣ ва сириллик аз сӯи интишороти  H&S Media бо саъй ва эҳтимоми рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон Дориюши Раҷабиён дубора мунташир шуд.

Дориюши Раҷабиён дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки "Фирдавси Аъзам аз овоҳои тоза дар Тоҷикистон аст. Тоза, на танҳо ба маънои ҷавону наврасида балки бештар ба маънои чомасарое, ки сухане нав барои гуфтан дорад; дар сарое, ки гумон меравад ҳамаи гуфтаниҳоро дигар гуфтаанд ва навбат ба ногуфтаниҳо расидааст. Тоза сӣ гули дарахти умраш шукуфта ва “Як бағал ғазал”-и Фирдавс ҳам шомили сӣ дона ғазал аст. Ба қавли худи ӯ, “шояд ба ин баҳона, ки сисола мешавам...” Фирдавс тоза дар сароғози роҳ аст ва бегумон бо бағале пуртар ба шоҳроҳ ҳам хоҳад расид".

Аз соли 2012 узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон аст.  Пайроҳаи рӯзноманигории ӯ чунин аст:

2008- 2011, рӯзномаи "Машъал" хабарнигор;

2009-2011, рӯзномаи "Ҳамсояҳо", хабарнигор;

2009- 2015, "Вароруд" хабарнигор;

2014  – то инҷониб, "Суғдиён", хабарнигор; 

2011 – 2012, "Паёми куҳистон", хабарнигор;

2014 – 2015, “Нигоҳ”, корманди озод;

2010 – 2015, "Паёми суғд", хабарнигор;

 Аз 2015  то инҷониб котиби масъули нашрияи "Сухани халқ" мебошад.
Бо нашрияҳои “Миллат”, “Фараж”, “Озодагон” низ ҳамкорӣ мекунад.

Copyright © 2015 TojNews