Фазлиддин Насриддинов

Фазлиддин Насриддинов нафаре, ки барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон натанҳо шинос, балки бо амалу рафтораш дар шаклгирии ин ҷомеаи маданӣ бевосита нақш дорад.

Аз нафаронест, ки нисбат ба рушди ҷомеа бетараф набуда, аз зумраи шахсиятҳоест, ки бо амалҳояшон нишон медиҳанд, ки дар назди ҷомеа масъулияте ҳис мекунанд. Ва ҳамеша бо диди фаротар аз маҳаллу дорои андешаи миллӣ будан аз дигарон тафовут доранд.

Фазлиддин Насриддинов 20-уми ноябри соли 1967 дар шаҳри Панҷакент тавлид шудааст. Таҳсилоти миёнаро соли 1984 дар мактаби таҳсилоти умумии ¹8-и шаҳри Душанбе гирифтааст.

Бо ихтисоси муҳандис факултаи Механизатсияи хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба итмом расондааст.
Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хизмат кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1990 ба ҳайси фотолаборанти Оҷонсии «ТоҷикТА» оғоз намудааст. Баъдан, як муддат Корхонаи «Восход»-и назди Вазорати саноати сабук фаъолияташро идома медиҳад.

Бештари фаъолияти кории Фазлиддин Насриддинов дар Хадамоти гумрук гузаштааст. Ӯ соли 1992 дар ин ниҳод фаъолияташро оғоз намуда, соли 2006 ба нафақа мебарояд. Ҳоло нафақагири гумрук мебошад.
Мисли ҳар як хизматчии давлатии фаъол ё корманди мақомоти қудратии соҳиб дар Тоҷикистон мактаби касбӣ ё такмили ихтисосро дар Русия гузаштааст.

Фазлиддин Насриддинов замони дар Хадамоти гумрук фаъолият намуданаш, дар Академияи гумруки Русия таҳсил менамояд.

Аз гумрук ба нафақа рафтан - маънои бознишаста гардидани ӯро надорад. Фаъолияти худро дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ идома медиҳад. Аз соли 2006 то соли 2009 ба ҳайси муовини директори ҶДММ «Р-Сервис» кор мекунад. Аз 2009 то 2013 директори ҶДММ «Сидома» мебошад.

Ҳамзамон, аз августи соли 2011 ТҶ "Ташаббуси волидони кӯдакони дорои "аутизм" - "Ирода"-ро раҳбарӣ мекунад. Дар ин самт фаъолияти назаррасе дорад, ки боис ба дастгирии кӯдакони гирифтори "аутизм" шудааст.

Фазлиддин Насриддинов аз дӯстдорони бозии шоҳмот низ мебошад.
Оиладор буда, дорои 3 фарзанд аст. Ду писари ӯ - Умар ва Эраҷ чемпионҳои чандкаратаи Тоҷикистон оид ба бозии шоҳмот мебошанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?