Файзиниссо Воҳидова

Аз ҷумлаи маъруфтарин вакилони мудофеа на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақа аст. Дониши бойи ҳуқуқӣ, бохабарӣ аз мантиқ, донистани қонунҳои ҷорӣ ва ҷасорати фавқулодда ӯро дар ҷомеа бештар обруманд кардааст. Ҳамзамон бо ин фаъолтарин корбарони шабакаҳои иҷтимоист, дар бораи ҳар рӯйдод андешаи мустақили худро дорад.

Файзинисо Воҳидова 24-уми декабри соли 1963 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. 

Соли 1981 мактаби миёнаи рақами 34, ҷамоати Қистакузро хатм кард ва худи ҳамон сол барои идомаи таҳсил ба Душанбе омад ва ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки он замон номи Ленинро дошт, дохил гардид. 

Вақте аз ӯ дар бораи интихоби касб суол мекунанд, пеши назараш замони мактабхониаш меояд. Мегӯяд он замон се ва ҳатто баъзан то чор моҳ онҳоро иҷборӣ пахтачинӣ мебурданд. “Мо ҳамеша баъди дарс ва рӯзҳои истироҳат аз субҳ то шом миёни раддаҳои пахта дар саҳро будем. Бегоҳиҳо, вақте мошинҳои боркаш моро аз саҳро ба хона мебурданд, дар бисёр ҳолатҳо кормандни БДА мошинҳоро манъ ва муддати тӯлонӣ бо ронандагону корфармоёни онҳо баҳс мекарданд.

Мо гуруснаву ташна ин ҳамаро тамошо ва баҳсҳои дилбазану барои мо ноошноро таҳаммул мекардем. Ва боз андешаи он доштем, ки бояд шабона дарс хонему субҳ дар мактаб ба саволҳои устодон посух гӯем. Ин ҳама моро хеле асабонӣ мекард. Ҳамон замон ҳисс мекардам, ки нисбати мо пахтачинҳои наврасу хаста кормандони БДА беадолатӣ мекунанд. Ин ҳамаро медидам ва дар дил мегуфтам, ки ҳатман бояд ҳуқуқшинос шавам ва муқобили ин бенизомиҳо мубориза барам”,- мегӯяд ӯ. 

Фаъолияти кориаш аз мақомоти умури дохила шуруъ шудааст ва аз соли 1986 то соли 1995 дар муассисахои зертобеъи ВКД, аз ҷумла дар Раёсати корҳои ислоҳӣ кор кардааст.  

Аз соли 1995 вакили дифоъ аст. Соли 1990 дар шимоли кишвар аз аввалин касоне буд, ки иқдом ба ташкили Маркази ҳуқуқи инсон кард. 

Теъдоди нафарони зерҳимояи ӯ ба садҳо нафар мерасанд ва омори дақиқи онҳоро ёд надорад. Вале аз парвандаҳои пуровоза, ки бо талошҳои худи ӯ шахсони муттаҳам ба ин ё он ҷиноят сафед шудаву аз боздошт ва пайгирии қонун раҳо шудаанд, ёд дорад. Аз ҷумла дар бораи парвандаи собиқ вакили мардум дар Шӯрои Олӣ Абдурабӣ Тоҳиров нақл мекунад, ки беасос ба исёни Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам карда буданд. Баъди талошҳои зиёд билохира бегуноҳии ӯ исбот шуд ва раҳо гардид. Аммо 2-3 сол баъд ба қасди қасос ба хонааш як дона автомати Калашников партофтанд ва хостанд ба нигоҳдории силоҳ гунаҳгор кунад, вале боз ҳам ӯ бегуноҳии хешро тавонист исбот намояд.  

Ё худ аз парвандаи бародарон Ҳоҷибоевҳо ҳикоят мекунад, ки барои рӯёнидани 15 ҳазор доллар бардурӯғ ба нигоҳдории силоҳ айбдор мешуданд, бо талошҳои Файзиниссо Воҳидова бегуноҳ эълон шуданд.  

Файзиниссо Воҳидова ҳамчунин вакили мудофеаи журналисти ВВС Урунбой Усмонов буд, ки билохира додгоҳ бегуноҳ эълон кард. Ва чунин парвандаҳои пуровоза зиёданд, ки бо талошҳои ӯ анҷоми мусбат доштанд.  

Ифтихор ҳам мекунад, ки тавонист ба дарди даҳҳо нафар марҳам шавад, инсонҳоро аз туҳмату буҳтон ва беадолативу ҷабри инсонҳои дигар наҷот бахшад. Ин теъдоди ин гуна афрод даҳҳо нафаранд, ки аз зиндону боздоштгоҳҳо раҳо шудаанд.  

Вале ӯро чун ҳамеша тағйири ахлоқи ҷомеа дилгир мекунад. Мегӯяд мурофиаҳои судии солҳои пеш дигар буданд, судҳо то андозае адолат ва қонунро риоя мекарданд, ҳоло на чунин атс. 

“ Ин чанд соли ахир аст, ки адолати судӣ ва мустақилияти онҳо аз байн рафтааст, аммо қаблан ин тавр набуд. Судҳо каму беш дар фаъолияти худ озод буданду адолати судиро таъмин мекарданд. Худ қазоват кунед, ки чанд сол қабл зиёд буданд ҳолатҳое, ки агар гуноҳ исбот нашавад ва далелҳо барои иттиҳомот қонеъкунанда набошанд, муттаҳамин ба қатл, маводи мухаддир, силоҳ ва ғайраро сафед мекарданд. Ин ҳозир аст, ки барои як дашном одамро як сол роҳии зиндон мекунанд. Ё худ барои он ки як нафар шими кутоҳ пӯшидаст ё нодуруст намоз гузоштааст, салафӣ ҳукм мешавад ва экстремисту тундгаро эътироф шуда, тӯлонӣ ба зиндон андохта мешавад”.  

Файзиниссо Воҳидова оиладор ва соҳиби 4 писар мебошад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?