Фахриддини Холбек

24-уми марти соли 1973 дар рустои Каҷровути ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) вилояти Суғд дида ба олам кушодааст. Дар мактаби миёнаи № 35-и зодгоҳаш таҳсисл кардааст.

Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатӣ-миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисоси журналист-тарҷумон хатм кардааст. 

Фаъолияти кориаш соли 1997, баъди хатми Донишгоҳ аз ҳафтаномаи “Истиқлол” шуруъ шудааст. Соли 1998 котиби масъули нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва солҳои 1999-2000 сардабири нашрияи “Саноати Тоҷикистон” буд.

Ҳудудан як сол сардабири нашрияи бачагонаи “Ахтаракон” будааст. Ва як муддати кутоҳи дигар ҳамоҳангсози  Jinnet (медиагуруҳи ҷопонӣ) ва солҳои аввали шуруъи амалиёти байналмилалии зидди Толибон дар Афғонистон бо Asahi TV ҳамкорӣ кардааст. 

Бо таъсиси ҳафтаномаи хусусии “Рӯзи нав” муовини сардабир шуд. Муассиси ин нашрияи хонданӣ Раҷаби Мирзо ёдҳои ногуфтае аз он рӯзгор дорад, ки бахше аз он ёдҳо ба Фахриддини Холбек рабт доранд. Аз ҷумла вай мегӯяд: “маҳз "Рӯзи нав" барои бозгашти ҳунари эҷодии Фахриддин сабаб гашт ва як журналисти ҳирфаиву таҳлилгари нозукбинро муаррифӣ намуд. Бо шавқу завқи беандоза ба кор оғоз намуду андармон шуд, ки ин неру бачаҳои аксаран ҷавони редаксияро таҳрик ва завқманд мекард. Матлабҳояш ончунон зиёду хонданӣ буданд, ки мебоист барои ҳар кадомаш имзои мустаор меёфтем. Фарҳоди Милод, Фаридуни Фарҳангӣ... Менавишт, таҳрир мекард, тарроҳӣ менамуд, "фалсофка"-ву газетфурӯшӣ ҳам кард. Хулоса, "Рузи нав"- ро самимона дӯст медошту кор мекард...”

 Фахриддин бо забони русӣ ҳам хубу ҷолиб менависад. Соли 2005 муддате дар ҳафтаномаи русии Душанбе “Азия-Плюс” кор кард. То замоне ҳамкорӣ дошт, ки ба радиои “Озодӣ” (Аврупои озод) ба даъват шуд. Вай хабарнигори ин радио дар Кобул таъин шуд. Дар кишвари ҳамзабон, вале муҳити ноошно ҳам тавонист манбаъҳои муътамади хабарӣ пайдо кунад. Чун кори журналистикаи ҳирфаӣ наметавонад бидуни манобеъи мустақиму муътамад роҳ уфтад. 

Дар ин радио то соли 2014 кор кард ва баъданд дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории TojNews кор кардааст.

Журналист Раҷаби Мирзо мегӯяд, Фахриддин бисёр корҳоеро сар мекунад, ки баъзеҳо ба идомаашон бо шубҳа менигаранд. Аммо ӯ қариб ҳамеша муваффақона кори оғозкардаашро ба самар мерасонад.

Ҳунари хуби сарояндагӣ ҳам дорад, оҳангҳои марғуб эҷод мекунад, ки бештари онҳоро Баҳром Ғафуриву Сарвиноз Юсуфӣ мехонанд.

Салиқаи хеле хуби дарки шеър дорад ва ин барояш имкон додааст, ки дар интихоби шеъри хуб ба оҳангҳои дилчаспаш матнҳои пурмаънову шуниданӣ интихоб кунад.  Бо тахаллуси Фарҳоди Мелод чанд тарона низ иҷро кардааст.

Бо забонҳои хориҷии русӣ ва инглисӣ ҳарф мезанад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?