Ҷурахон Маҷидзода

Генерал – майори милитсия, мушовири давлатии дараҷаи якум. 26-уми марти соли 1957 дар деҳаи Яхчашмаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ  тоҷик. Маълумоташ олӣ — ҳуқуқшинос. Соли 1983 факултаи ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ва соли 1993 Академияи ВКД — и Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Соли 1997 рисолаи номзадӣ ва соли 2004 рисолаи докториашро дифоъ намудааст.

Узви вобастаи (Академик) — и Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии Дастаҷаъмона мебошад. Забонҳои русӣ ва  англисиро медонад. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум солҳои 1995-2000 интихоб шудааст. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2012 бо Ордени «Шараф» дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Аз соли 1975 то соли 1977 хизмати ҳарбӣ намудааст.

Солҳои 1983 то 1988 ба ҳайси нозир, сарнозири кофтукови ҷиноии РКД — и вилояти  Қурғонтеппа иҷрои вазифа намудааст.

Соли 1988 сардори шуъбачаи 3 — юми шуъбаи  кофтукови ҷиноии РКД — и вилояти Қурғонтеппа ва солхои 1989 — 1991 муовини сардори ШКД — и ноҳияи Бохтар (Коммунистӣ) кор кардааст.

1991 — 02. 1993с.Шунавандаи Академияи ВКД — и ИҶШС.

1993 — 04. 1994с. Сардори шуъбаи сеюми РКҶ, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1994 — 08. 1994с. Муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1994 — 01. 1995с. Сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе.

1995 — 02. 1996с. Сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1996 — 07. 1996с. Сардори РКД-и вилояти Хатлон.

1996 — 07. 1997с. Муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1997 — 04. 1999с. Муовини Раиси Кумитаи Гумруки назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон.

1999 — 02. 2000с. Муовини Раиси КумитаиМаҷлиси Олӣ оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.

2000 — 06. 2001с. Муовини Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

2001-11. 2001с. Муовини сардори РКҶ ВКДҶумҳурии Тоҷикистон.

2001 — 01. 2007с. Сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт будаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2007 — 03. 2009с.Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

2009 — 06. 2011с.Намояндаи Ваколатдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди   ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ. (БКБОП).

06.2011-12. 2013с. Сардори Раёсати Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2013 — 01. 2015с. Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?