Ҷумъабой Сангинов

Сангинов Ҷумъабой Раҳматович аз рӯи ихтисос табиб аст. Аммо ӯ аз ин пешаи пуршараф ба вазифаҳои хидматчии давлатӣ гузаштааст. Давоми солҳои фаъолият дар зинаҳои гуногуни мансаб ва корҳои сиёсӣ худро чун сиёсатмадори кордон, ходими давлатии воқеъӣ, чеҳраи мардумӣ ва болотар аз ин ҳама чун шахси давлатмеҳвар ҷилва кардааст. Нафарест, ки бар ҳар вазифае таъин ва ё интихоб шуд, аз ҷониби расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар истиқболи гарм ёфт.

Ӯ 22-юми феврали соли 1952 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ аст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. Муовини сардухтури беморхонаи мазкур буд.

Аз соли 1980 то соли 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хатм намуда, дар Беморхонаи шаҳрии клиникии №5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ кор кардааст. Баъдтар, ба ҳайси мудири шӯъбаи ҷарроҳии ҳамин беморхона то соли 1985 кор кардааст.

Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буд.

Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маҷлиси Олӣ - даъватҳои II, III, IV, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буд.

Дар ин замон ҳамеша бо ҷомеа ва расонаҳои кишвар иртибот дошт. Аз камтарин вакилони ҲХДТ буд, ки аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ намекард. Дар ҳар мавзӯе бештар талош мекард, ки на аз нигоҳи гурӯҳеву манфиатҳои ҳокимони вақт балкӣ бештар аз диди як давлатмард ва манфиатҳои миллӣ суҳбат мекард.

7-уми январи соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ҷумъабой Сангинов муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Чунин ба назар мерасид, ки фаъолияти минбаъдаи Ҷумъабой Сангинов дар музофот зери соя қарор мегирад. Аммо чунин нашуд. Баръакс нақши вазифаи муовини якуми раиси вилоят намоёнтар гардид.

Дар ин солҳо лаҳзаҳои ҳассоси баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт. Ҷумъабой Сангинов дар ин давра низ аз чеҳраҳои матраҳ буд. Назари сатҳие ба расонаҳо кофист, ки ба фаъолияти Сангинов баҳо дода шавад. Аз ба шумор мансабдорони ҳукумати феълии кишвар аст, ки аз рӯи навиштаҳои расонаҳо чеҳраи сиёсии ӯро мешавад, офарид.

28-уми апрели соли 2015 аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд ба нафақа рафт. Он замон дар як суҳбати кӯтоҳ бо TojNews ба мансабдорони ҷавон тавсия дод, ки дар ҷаҳони моддигароии имрӯза нигоҳи доштани нафс барои шахси мансабдор ниҳоят муҳим аст, то аз сӯистифода аз мансаб худдорӣ карда, барои пешбурди манфиатҳои миллию давлатӣ ҷаҳду талош кунад.

Ҳоло Ҷумъабой Сангинов машғули фаъолияти тиббӣ ва тадриси донишҷӯён мебошад.

Дорандаи унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 1994 гирифтааст.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Copyright © 2016 TojNews