Зайд Саидов 26 не, 29 сол зиндонӣ ва моликияташ мусодира хоҳад шуд

11-уми август дар асоси парвандаи иқтисодии Зайд Саидов муҳлати ҳабси ӯро се сол тамдид карда, амволаш мусодира шуд.

Бино ба гуфтаи наздикони соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ, тибқи ҳукми нави Суди Олӣ бар иловаи 26 соли зиндон 3 соли дигар ба ҳукми пешина илова шуд. Инчунин, амволи соҳибкор мусодира ва 34 миллион сомонӣ ҷарима шудааст. 

9-уми июл прокурор аз Суд талаб карда буд, ки дар доираи парвандаи иқтисодӣ ба Зайд Саидов 25 соли зиндон ҳукм кунад. Инчунин, 34 миллион сомонӣ ҷарима ва кулли амволаш мусодира карда шавад.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов гуфта буд, ки прокурор бештар айбномае, ки аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод шудааст, хонд..

Аммо Зайд Саидов ҳамаи иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо дар суханрониаш дар мурофиа рад карда, парвандаҳои иқтисодиашро давоми мантиқии парвандаҳои пешини худ дониста аз суд дархост кардааст, то ӯро сафед кунанд.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов гуфт, ки ӯ дар рафти мурофиаи судӣ гуфтааст, ягон иттиҳоми алайҳаш эълоншударо қабул надорад. Зайд Саидов гуфтааст, ки шояд гуноҳаш дар он бошад, барои хидмат ба ин Ватан тамоми дороиҳояшро аз хориҷ оварда сармоягузорӣ кардааст. Бар зами ин, дӯстонамро низ барои сармоягузорӣ ҷалб кардам. Аммо аз он изҳори афсус кардааст, ки бо дасти хориҷиҳо, аз ҷумла нафари ветнамие талоши беобурӯ кардани ӯро доранд. Суол кардааст, ки магар тоҷик дар ватани худ бояд хору зор бошад? Ва ин мисраҳои Лоиқ Шералиро ба ёд овардааст, ки “тоҷик андан ватани хеш чаро муттаҳам аст, ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам”.

Дар сухани ниҳоияш дар мурофиа, 23-юми июл бори дигар иттиҳомоти мақомотро супоришӣ ва сиёсӣ номидааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳама иттиҳомоти алайҳи ӯ эълон шуда, супориши буда, маншаи сиёсӣ доранд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки тафтиши парвандаи иқтисодии Зайд Саидовро пеш мебурд, қаблан эълон карда буд, ки нисбат ба соҳибкори тоҷик бо моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои а,б (сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир карда шудааст), 314 қисми 2 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад), 245 қисми 4, банди б (бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ) , 262 қисми 3 банди б (ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва 292 қисми 2, банди б (ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ... парванда боз кардааст.

Мурофиаи судии Зайд Саидов дар доираи парвандаҳои иқтисодӣ 12-уми феврали соли равон дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе оғоз шуда буд.

Қазияҳо атрофи Зайд Саидов баъди 6-уми апрели сол 2013 шурӯъ шуд. Он вақт Зайд Саид бо гурӯҳи ҳамфикронаш аз ташаббуси таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” хабар дода буд.

Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуда буд. 25-уми декабри соли 2013 Суди Олии Тоҷикистон Зайд Саидовро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум карда буд. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мекарданд. Вакилони дифоъи Зайд Саидов он вақт гуфта буданд, ки тафтиши парванда аз аввал то анҷом якҷониба сурат гирифтааст.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Суд талаби прокурорро иҷро кардааст. Офарин, ба суди инсондӯсти мо! Офарин!
Войййй бар холи и судяву прокророни МО ин бечорара инкадар чап гирифтиян мембрен то ай Зайд тарсидана ай худо тарсен хукумати тарсон
барои ки шефи калон ҷарасшона мета
О прокурор 25 сол пурсида буду судя 29 сол дод. Ин чи хел суд буд? Шармандахо
Чандоне болои Зайди Саиди Точик фишор меоранду меоранд, хамон кадар Уро бузургтар нишон медиханд. Имруз Зайдро хурду калон хама мешиносад. Як овозаи хизби сабтнагаштааш хоби чандон мансабдорро паронд, ба пустинхои бугинашон кайк андохт. Пас Зайд бехуда назистааст, дар махбусияташ низ хикматест. Зихи фарзанди баномуси миллат. Худованд мушкилатро осон гардонад, омин.

Шояд шумо суол ё назаре доред?