Юсуф Раҳмон: Аксари тоҷиконе, ки дар Сурия меҷанганд салафиҳо мебошанд

Бештари онҳое, ки аз Тоҷикистон дар сафи ДИИШ меҷанганд, пайравони ҷараёни мамнуи Салафия мебошанд.

Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон 3-юми март дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парламент изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар сафи “Давлати исломӣ” 1 ҳазору 94 шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки бештари онҳо пайравони ҷараёни мамнуъи “Салафия” мебошанд.

Тибқи омори мақомоти низомии кишвар, аз ин ҳисоб аз вилояти Хатлон 400 нафар дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки ин дар миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳама нишондиҳандаи баланд аст. 272 нафар аз вилояти Суғд, 254 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 139 нафар аз Душанбе дар сафи “Давлати исломӣ” ҳастанд.

Аз миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳама кам сокинони ВМКБ (26 нафар ) дар сафҳои гурӯҳҳои терористӣ дар Сурияю Ироқ ҷанг мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон муваффақ шудаанд, ки 147 шаҳрвандони кишварро тариқи хоки Туркия аз ҷангҳои Сурия баргардонанд. Инчунин 31 нафар бошандагони ҷумҳурӣ, ки қасди пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ”-ро доштанд, боздошт гардиданд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?