Ёди 73 рӯзноманигори шаҳиди тоҷик гиромӣ бод! (Арҷгузории ном ба ном)

Хушвахтшо Муборакшоев, декабри 1992
Ҷамшед Давлатмамадов,25 декабри 1992
Филолишо Хилватшоев,декабри 1992
Мухтор Буғдизода, 25 декабри 1992
Таваккали Файзулло, 17 ноябри 1992
Тӯраҷони Қобил, июни 1992
Олими Заробек, 7 майи 1992
Ширинҷон Амирҷон,16 майи 1992
Муродуллоҳ Шерализода, 5 майи 1992
Аркадий Рудерман, 1 сентябри 1992
Табаралӣ Сайдуллоев, 21 октябри 1993
Олимҷон Ёрасенов, июн ё июли 1993
Пирумқул Сатторӣ, 28 майи 1993
Зуҳуриддин Суярӣ, 1 марти 1993
Саидмурод Ёров(Саидмуроди Ёриён), январи 1993
Шарифамоҳ Кишвардухт(Кишварова), 1 октябри 1993
Эмелия Подобед, сентябри 1993
Тоҳирҷон Азимов(Тоҳир Азим), июн ё июли 1993
Шариф Аҳроров, 1 июли 1993
Шарофиддин Қосимов, июн ё июли 1993
Зикруллоҳ Валиев, тобистони 1993
Саидҷалол Фахриддин, 1 июни 1993
Хушвақт Ҳайдаршо,18майи 1994
Ҳомидҷон Ҳакимов, 18ноябри 1994
Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи 1994
Олим Абдулов, 15 майи 1994
Муҳиддини Олимпур, 12 декабри 1995
Виктор Никулин, 28 марти 1996
Мирхаем Гавриелов, 8 июни 1998
Отахон Латифӣ, 22 сентябри 1998
Ҷумъахон Ҳотамӣ, 5 июли 1999
Абдуқаҳҳори Нозим, 7 октябри 1995
Абдуҳаким Шукурзода, 21 апрели 2000
Абдухолиқ Содиқов 1992,
Аҳрор Шариф, 7 октябри 1996
Амонбек Шоҳзода 18 августи 1993
Бурҳон Ғанӣ(Ғаниев), 13 декабри 1992
Махсум Олимӣ, 24 декабри 1992
Зайниддин Муҳиддинов, 14 марти 1995
Сайф Раҳимзоди Афардӣ(Раҳимов), 20 майи 2000
Шарифҷон Мансуров, 24 октябри 1992
Шакарбек Мирзошоев, 13 Январи 1993
Сергей Сидаковский, 5 сентябри 1999
Сайвалӣ Насибов, декабри 1992
Саидшоҳ Саидов,4 феврали 1996
Ҷобир Азизмуродов, 18 декабри 1993
Ҷунайдуллоҳи Халифа, марти 1993
Эътибор Элмуродова, 15 июли 1994
Ҳомид Маликов(Ҳомид Малик), 1997
Искандар Карим, 15 майи 1993
Аюбҷони Неъмат, 16 июни 1993
Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, 16 октябри 1993
Мақсудшоҳ Имматшоев, 3 октябри 1993
Муҳаммадмуслеҳи Наҷибуллоҳ, номаълум
Муҳаммадшариф Холов, 16 ноябри 1995
Мӯсо Мавлавиев, 16 октябри 1993
Мусофир Набиев,20 октябри 1995
Пошохон Сайфиддинов, 19 сентябри 1995
Рӯзибой Ҷумъаев, декабри 1992
Кулмуҳаммад Абдулҳусейнов, декабри 1992
Қурбон Тағоев, августи 1992
Ҷӯраҷон Қаландаров, феврали 1993
Тоҳири Малик, март ё апрели 1993
Сафар Шоев, 10сентябри 1993
Аҳмадҷон Самадов,1994
Гадобой Ӯзбеков( Сармад), 1993
Нафасбеки Раҳмон, 5 ё 7 май 1995
Одил Исломӣ, 1996
Алишер Нозимов, 13 августи 1996
Шамси Собир, 9 июли 1996
Умриқул Ҳақбердиев, 1999
Владимир Долгих, 1999
Искандари Хатлонӣ, 21 сентябри 2000
Худованд тактаки онҳоро раҳмат кунад!
Имрӯз метавонист иди онҳо бошад!
Аммо насибашон накард.
Ин рӯихати журналистон аст, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он кушта шудаанд.
Ин руйхати ҳаммиҳанони кушташудаи мост, ки макони дафни даҳҳо нафарашон ҳанӯз ҳам маълум нест.
Ин рӯихати нафароне аст, ки барои куштори аксарияташон Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванда боз накардааст.
Ин рӯихати қурбониёнест, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пайдо намудани қотилони онҳо ҳич иқдоми ҷиддӣ накардааст, балки талаби чандин созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башарро ҷиҳати пешниҳоди иттилоъ дар ин бора тули ду даҳсола нодида мегирад.
Ин руйхати онҳоест, ки ҳар сари ҷанд вақт куштори онҳо бо аҳдофи сиёсиву гуруҳӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷилд ҷилд китобҳо навишта шудаву, то ҳол навишта мешаванд. Бештар аз корнамоии размандагон тавсиф мекунанд. Ҳанӯз ҳам менависанд дар бораи Сангаку Ризвону Файзаливу Лангарӣ... На фақат таърихнигорон, шахсони алоҳида, балки журналистон ҳам менависанду баъзе тадқиқоти журналистӣ ҳам мебаранд.Дар бораи куштори инҳо на, тадқиқоти ҷиддие то ҳол набуда.
Оре, дар бораи ин ҷанг бояд навишт, то наслҳои оянда бохабар бошанду ин фоҷеа дигар такрор наёбад.
Бояд навишт то Субот пойдор монаду Ваҳдати миллӣ устувор гардад.
Бояд навишт, то ному корномаи ин шаҳидони қаламбадаст ҷовидонӣ бошад!
Ёдатон гиромӣ бод, ҳамқаламони шаҳиди мо!
Худованд шуморо раҳмат кунад!
Шояд шумо суол ё назаре доред?