ВИДЕО: Аз журналистони тоҷик дар нишасти САҲА танҳо Додоҷон Атовуллоев сухан кард
Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумат ва раҳбари Конгресси Неруҳои созандаи Тоҷикистон дар суханронияш дар Нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава аз маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар кишвар изҳори назар кард.
Атовуллоев, ягона журналисти тоҷик буд, ки дар нишаст суханронӣ кард.
Вай гуфт, агар 25 сол пеш дар кишварҳои пасошӯравӣ мегуфтанд, ки вақти демократия то ҳол нарасидааст, имрӯз баъди 25 сол мегӯянд, замони демократия гузашт.
Ӯ изҳор карда ки дар кишварҳои Осиёи марказӣ замони демократия гузаштааст. Дар ин кишварҳо агар имрӯз нашрия ё телевизионеро намебанданд, ба он хотир аст, ки дигар чизе барои бастан намондааст.
Додоҷон Атовуллоев ҳамчунин изҳор кардааст, ки Радиои "Озодӣ"-и ИМА дар Тоҷикистон кор мекунад, аз ҳисоби андозсупорандагони амрикоӣ фаъолият дорад, аммо ба минбари ташвиқу тарғиби раҳбари ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст.
НАВОРИ СУХАНРОНИИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ 23-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2016. ВАРШАВА, ЛАҲИСТОН.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?