Вазорати мудофиа дар 20 рӯзи даъват ягон шикоят нагирифтааст

Дар давоми беш аз 20 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ беш аз 70%-и нақшаи даъват иҷро шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар даъвати наваскарон ҳамоно Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон  пешсаф буда, шаҳри Душанбе дар охир қарор доранд.

Ҳамин тавр то ҳол нақшаи даъватро ВМКБ зиёда аз 95%, Суғд 81%, Хатлон 72% ва ноҳияҳои тобеи марказ 60% иҷро кардаанд. Дар шаҳри Душанбе то санаи 21-уми октябр нақшаи тирамоҳии даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҳамагӣ 55% иҷро шудааст, ки нишондиҳандаи аз ҳама паст дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Вазорати мудофиа мегӯянд, то имрӯз 21 шаҳру ноҳия дар кишвар аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом мекунад.

Масъулини Вазорати мудофиа мегӯянд, аз рафти даъвати ҳарбӣ то имрӯз аз сокинон ягон шикоят дарёфт накардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?