Сулаймон Давлатзода: Дар 6 сол ягон масҷиди расмӣ баста нашудааст

Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, давоми 6 соли ахир дар кишвар фаъолияти яон масҷиди расмиро қатъ накардааст.
Инчунин дар оғози сол Прокуратураи генералииТоҷикистон эълон кард, ки минбаъд танҳо дар маҳаллаҳое ба бунёди масҷидҳои нав иҷозат хоҳанд дод, ки дар наздикии он масҷиди дигар мавҷуд набошад.
Дар 2 соли ахир 1032 масҷид дар минтақаҳои Тоҷикистон ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ ё ба истилоҳ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст.
Дар моҳи апрели соли гузашта масъулини мақомоти ҳокимияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз табдили 50 масҷид ба марказҳои фарҳангӣ хабар дод буданд. Дар вилояти Суғд низ 100 бинои қаблан ба ҳайси масҷид фаъолияткунанда ба чунин марказҳо табдил карда буданд. Дар ин вилоят ҳатто баъзе аз масҷидҳои таърихи зиёда аз 100 сола дошта низ баста шуда буданд, ки ба гуфтаи масъулин ба осорхона табдил ёфтанд.
Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазору 89 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?